Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 авг 15:36АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ
Бонуи занбӯрпарвар
Қаҳрамони матлаби мо зани занбӯриасалпарваре аз ноҳияи Дӯстӣ аст. Ӯ таҷрибаи ҳафтсолаи занбӯрпарварӣ дорад. Кори асосии ӯ омӯзгорӣ ва шуғли дӯстдоштааш занбӯрпарварист.
– Аслан дар деҳот вазифаи асосии арӯси хонадон пухтупаз, шустушӯйи либосу рӯбучини хона, тарбияи фарзандон асту анҷом додани кори рӯзгордорӣ, аммо Дилором, келини мо ба ҳама кор расидагӣ намуда, боз занбӯрпарварӣ ҳам мекунад,-мегӯяд Фотима Сатторова, хушдомани ў.
Дилором соли 2016 ба хонадони онҳо келин шуда омад. Чун оилаи эшон дар баробари деҳқонӣ занбӯриасалпарварӣ ҳам мекунанд, диққати арӯси хонадонро ин шуғл ба худ ҷалб намуд.
Дар оғоз Дилором танҳо талош мекард, ба шавҳари худ кумак расонад. Гоҳҳо бари ӯ рост шуда, бо завқ барои аз худ кардани нозукиҳои занбӯрпарварӣ талош менамуд. Ҳамсараш саъю талоши Дилоромро дида, ба омӯзонидани ў пардохт. Ҳамин тариқ онҳо вақтҳои холигӣ канори ҳам, ба нигоҳубини занбӯрҳо машғул мегаштанд.
– Шунида будам, ки нигоҳубини занбӯри асал ба кас руҳу илҳоми тоза ва оромиш мебахшад,- мегӯяд Дилором. – Ман, ки ба хонадони занбӯриасалпарварон келин шуда омадам, мехостам ин ҳама шунидаро дар амал санҷам. Бо мурури вақт эҳсос кардам, ки ҳама шунидаҳоям воқеият дорад. Зеро занбӯрпарварӣ кори осон ва шавқовар аст. Онҳое, ки ба ин кор машғуланд зиқ намешаванд, асабҳояшон ҳамеша ором аст. Аз ин рӯ, пас аз анҷоми кори хона ба шавҳару хусурам дар нигоҳубини занбӯрҳо кумак мерасонам.
Ҳарчанд Дилором замони ба занбӯрпарварӣ шуғл варзидан донишҷӯ буду пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ва ба воя расидани фарзандон медонист мисли шавҳар ӯ низ ба омӯзгорӣ машғул гашта, насли наврасро тарбия мекунад, аммо омӯзишӣ кори занбӯрпарвариро ҳам тарк накард. Назди худ мақсад гузошт, то занбӯри асалпарварӣ ҳамеша барояш шуғли дӯстдошта боқӣ монад.
– Ба келин шуданам ба ин хонадон ҳафт сол сипарӣ шуд. Ҳоло дар самти занбӯрпарварӣ таҷрибаи кофӣ гирифтаам. Аз 180 оилаи занбӯри асал соле 2-3 маротиба асал гирифта, ҳам коми худ ширин мекунем ва ҳам ба фурӯш мегузорем. Кори мактаб, даву тоз дар хона ҳам садди роҳи занбӯрпарварии ман намегардад. Талош мекунам, ба ҳамааш фурсат ёбам,- зикр дошт ў.
Ба андешаи Дилором парвариши занбӯр на танҳо фоидабахшу сердаромад аст, балки хастагии касро рафъ сохта, руҳу илҳом ва неруи тоза мебахшад.
Дилороми пуркор ва серталош тамоми нозукиҳои занбӯрпарвариро аз худ кардааст. Ҳарчанд ӯ мутахассиси соҳа нест, аммо қариб, ки ҳама чизро дар бораи занбӯри асал медонад. Вақте аз кору заҳмати занбӯрҳояш нақл менамояд, кас гумон мекунад, ки ў мутахассиси ин соња аст.
–Ба занбӯриасалпарварӣ машғул шудан метавонад даромади иловагӣ биёрад,- мегӯяд Абдуҷаббор Алланов, хусури Дилором. – Боду ҳаво ва гулу гиёҳи кишвари зебоманзарамон -Тоҷикистон барои парвариши занбӯр бисёр мусоид асту шароити созгорро барои рушди ин соҳа низ муҳайё аст. Аз ин рӯ, оилаи мо ҳама дар занбӯриасалпарварӣ таҷриба андӯхтаанд.
Абдуҷаббор ба тамоми аъзои оила нигоҳубини занбӯрро омӯзонидааст. Аммо аз рўзе ки келини хона- Дилором ба занбӯрпарварӣ шуғл варзид, кори ӯ осон гаштааст. Ҳоло бештари вақт маҳз Дилором ба кори занбӯрдорӣ машғул мегардаду падарарусаш вақти гирифтани асал ба ӯ кумак мерасонад.
Чуноне, ки аҳли хонадон мегӯянд, Дилором панҷ панҷааш ҳунар аст. Занбӯрҳояшро нигоҳубин мекунаду боз ҳам сари вақт барои аъзои оила фурсат пайдо карда, хон меорояду дигар корҳои рӯзгорро ба анҷом мерасонад. Аҳли хонавода бо меҳнати ҳалол хушу хурсандона зиндагӣ мекунад.
Дар ин дунё инсонҳое ҳаст, ки дар зиндагии онҳо калимаи “намешавад” вуҷуд надорад. Бо ишқ ба коре шуғл варзида, муваффақ мешаванд. Гуё онҳо калиди тамоми дарҳои хушбахтию муваффақтиятро бо худ доранд. Аммо калиди муваффақияти эшон, ин бо муҳаббати том ва ишқ ба коре машғул гаштан аст. Дилором аз зумраи онҳост.
Низоми ИСО, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД 16:53
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН



