Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САНОАТ РУШД МЕКУНАД
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2023 қайд кард, ки аксари нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи якум мусбат ҷамъбаст гардиданд. Дар нимаи якуми соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2022-юм 8,2% ё 1 миллиарду 137,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6%-ро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки нақшаи андозҳо, дар умум, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ 102,7% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 127,0 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, нақшаи андоз 102,7% таъмин гардида, ба буҷети вилоят 944,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 25,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3% таъмин шуда, ба буҷет 182,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 101% таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 365,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 306,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 1155,4 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,4%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 4 июли соли 2023 танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 7430 тоннаро ташкил медиҳад (1956,8 тонна пиёзи барвақтӣ, 718 тонна полезӣ, 1555 тонна ангур, 18 тонна лимӯ ва 3182,2 тонна дигар маҳсулот).

Ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар вилоят 23965 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1483,69 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 13,7% зиёд гардидааст.
Дар 6 моҳи соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ ба 226,4 миллион доллари ИМА расид.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо олимони соҳа ва андешидани тадбирҳои самарабахш ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 953 миллиону 703,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675 миллиону 159,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 44% ва дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 56% мебошад.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва гирифтани се–чор ҳосил, мувофиқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 18494 тонна сабзавот, аз ҷумла 853,1 тонна помидор, 371,7 тонна бодиринг, 621,5 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол ва дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуданд.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон ба маблағи 4 миллиарду 788 миллиону 772 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Нисбат ба соли гузашта ба қадри 473,9 миллион сомонӣ бештар маҳсулот тавлид шудааст. Аз ин 4,1 миллиард сомонӣ ё 87,3% дар корхонаҳои саноатӣ ва 610,3 миллион сомонӣ ё 12,7% (3,2% зиёд) ба сектори хусусӣ рост меояд.
Дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят саҳми саноат 55%, саҳми истеҳсол ва хизматрасонии барқ 44,5%-ро ташкил медиҳад. Дар ин нишондиҳанда саҳми саноат нисбати энергетика 10,5% зиёд мебошад.
Дар вилоят 209 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад ва дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти нави саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар нимсолаи якум 83 корхона ва як коргоҳ ба истифода дода шудааст, ки аллакай ба маблағи 31,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин таносуб дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар зиёд мебошад.
Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар вилоят ба 792 адад расид, ки нисбати соли гузашта 118 корхона зиёд мебошад.
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



