Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 3100 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН ОШКОР ГАРДИД
Диловар Пирзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимни нишасти матбутӣ иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 3169 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони1297,7 гектар ошкор гардидааст.
Барои бартараф намудани ин камбудиҳо 3169 дастур ва 2334 адад протоколҳо тартиб дода шудааст, ки дар натиҷа қонуншиканҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 262 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Аз маблағи ҷаримаҳо зиёда аз як миллион сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудааст.
Гуфта шуд, ки мутобиқ ба талоботи моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ 275 мавод ба мақомоти Прокуратура фиристода шуд. Инчунин ҷиҳати маҷбуран ситонидани ҷаримаҳои басташуда ба Хадамоти иҷрои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят 205 маводи маъмурӣ ба маблағи 93 ҳазору 172 сомонӣ пешниҳод карда шуд.
Диловар Пирзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, майдони умумии 5749,98 гектар, аз ҷумла 5484,35 гектар замини корами обӣ, 7,50 гектар замини корами лалмӣ, 11,06 гектар замини чарогоҳ ва 245,07 гектар дигар заминҳо бартараф карда шуданд, ки 89 фоизи қонуншиканиҳои ошкоргардидаро дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



