Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАТБИҚИ 43 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ
Дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо 838,3 миллион доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқуллода ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Дар ин бора Исфандиёр Усмонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Қайд шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 41,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Ба вилоят аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардидааст, ки бештари онҳо ба давлатҳои Россия – 40,6 фоиз, Хитой – 35,6 дарсад ва Эрон 18,5 фоиз рост меояд.
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар панҷ форуму намоишҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳо ширкат варзида барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 41 шартномаю ёддоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расонидаанд.
-Дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони иннфиродии Раёсати андози вилояти Хатлон то 1 июни соли равон шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорӣ ба зиёда аз 110 ҳазор адад расидааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2136 адад ё ин, ки 0,3 фоиз зиёд гардидааст, - гуфт Исфандиёр Усмонзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби сармояи дохилӣ, яъне соҳибкорон ва сокинон бо тариқи ҳашар дар ҳудуди вилоят 367 биною иншоот, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 122,1 миллион сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки аз ин ҳисоб 281 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



