Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САГҲО СОҲИБИ ШИНОСНОМА ШУДАНД
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон аз ҷониби мутахассисони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ба 1118 саг шиносномаи фардии ҳайвонот омода карда шудааст. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 355 адад зиёд мебошад.
Ин маълумотро сардори ниҳоди болозикр Эраҷ Рауфзода зимни нишасти хабарӣ иброз кард.
Ба таъкиди ӯ дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 763 саг бо шиноснома таъмин шуда буд.
Зикр шуд, ки вақте саг бо шиноснома таъмин мегардад, мунтазам зери назорати табибони байторӣ қарор мегирад. Ин имкон медиҳад, ки сагҳо аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла ҳорӣ эмин бошанд.
Аршиши як шиноснома барои як саг 6 сомониву 60 дирам муқаррар карда шудааст.
Эраҷ Рауфзода ҳамчунин иброз дошт, ки давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли 2023, дар маҷмуъ 6117 саг бар зидди бемории ҳорӣ эмгузаронӣ карда шуда, 1187 сагҳои дайдуву бесоҳиб безарар гардонида шуданд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



