Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУШКИЛОТИ КАДРӢ БАРТАРАФ ШУДАИСТОДААСТ
Сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ба ҳолати якуми июли соли равон дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 4160 нафар табиб ва зиёда аз 21 ҳазор кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият карда истодаанд.
Гуфта шуд, ба муҳоҷират рафтани табибон дар сатҳи вилоят 50 фоиз коҳиш ёфта, айни замон дар ҳудуди вилоят беш аз 600 нафар корманди соҳаи тиб намерасад.
Дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон айни ҳол ду нафар доктори илмҳои тиб ва 27 нафар номзади илмҳои тиб кору фаъолият намуда истодаанд. Инчунин 10 рисолаи номзадӣ омода гардида, то охири соли ҷорӣ ҳимояи як қисмати онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ 179 нафар табибони дорои маълумоти олӣ ва 1060 нафар кормандони миёнаи тиб ба кор қабул карда шудаанд.
-Ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои олии тиббии кишвар бодастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олӣ марҳила ба марҳила мушкилоти кадрӣ ҳаллу фасл гардида истодааст, - гуфт Шайдулло Шарифзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


