Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Бохтар 161 нафар шахсони масъул ҷарима шуданд
Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ 161 нафар шахсони масъулро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, онҳоро ба маблағи 45 ҳазору 52 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Тавре директори маркази болозикр Азизулло Маҳмадуллозода ба “Сафо” иттилоъ дод, мутахассисони марказ дар 101 иншооти шаҳр санҷиши санитарию эпидемиологӣ гузаронида, аз ин шумора 16 иншоот ба хотири риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ муваққатан то ислоҳи камбудиҳо фаъолияташон манъ карда шуд.
Номбурда гуфт, ки давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон аз дукону мағозаҳои ҳудуди шаҳр ба миқдори 2796 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ва шубҳанок аз муомилот гирифта шуд, ки маблағи онҳо 24 ҳазору 708 сомонӣ мебошад.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 3051 нафар кормандони касбу кори гуногуни муассисаҳои тиббию профилактикии шаҳр ба маблағи 83 ҳазору 532 сомонӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра ба 402 иншоот хулосаи санитарию пидемиологӣ дода шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



