Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дастоварди навбатии хонандагони Хатлон
Аз 18 – то 25-уми июни соли равон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир олимпиадаи байналмилалии “Тинигл” аз фанни забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, шарафи Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи байналмилалӣ Омина Худойқулова, хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ ва Абубакри Ҳофиз, хонандаи синфи 10-и литсеи №2-и шаҳри Кӯлоб баланд бардошта, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
Омина Худойқулова бо донишу маҳорати баландаш маротибаи дуюм аст, ки дар ин гуна олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунад ва ғолибият ба даст меорад. Соли гузашта ӯ сазовори медали тиллои ин олимпиадаи байналмилалӣ гардида буд.

Абубакри Ҳофиз бошад дар аввалин иштироки хеш аз худ маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гашт.
Хурсандибахш аст, ки сол то сол соҳаи маорифи мамлакат ба муваффақистҳои беназир ноил гардида, бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳаи афзалиятноки кишвар рушд карда истодааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



