Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НОБИҒАҲО ФАРОМУШ НАМЕШАВАНД
Кохи фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар ба номи ҳунарманди нотакрор шодравон Аловуддин Абдуллоев гузошта шуд. Ин иқдоми шоистаро вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум, ки рӯзи 30 июни соли равон баргузор гардид, тасдиқ намуданд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Сафо” иттилоъ доданд, ки номгузорӣ кардани Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллоев дар Иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум пешниҳод шуда буд ва дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум тасдиқи худро ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллоев соли 1965 дар шаҳри Бохтар ба дунё омада, 17-уми феврали соли 2022 дар синни 57 солагӣ бар асари бемории сактаи қалб аз олам гузашта буд. Ӯ дар вазифаҳои гуногун аз қабили роҳбари Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Инчунин ӯ муаллиф ва таҳиягари барномаҳои телевизионии “Шухиҳои Аловуддин” ва “Лазиз” буда, дар байни мардум бо нақшҳои мондагори офаридааш машҳур гардида буд. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзиаш ӯ унвони Ҳунарпешшаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гашта буд.
Ёду номи ин ҳунарманди нотакро гиромӣ бод!
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



