Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ёдаш ба хайр, бекина буд!
Гулчини зебову дилрабои манзараҳои бардоштааш аз маҳорати баланду масъулияти касбӣ дар иҷрои супоришҳои бар зиммадоштаи наворбардори хушсалиқа дарак медод, ки бештари сабтҳои аз минтақаҳо овардааш ба танзими компутерӣ зарурат надошт. Давоми ин ҳама солҳо журналистикаи Хатлон ба мисоли равоншод Зубайдуллои Қодир наворбардори дигарро дар ёд надорад, ки аз ҳолатҳои ногувору лаҳзаҳои оҷилӣ бидуни сепояи наворбардорӣ ба ин ҳад сабтҳои тозаву касбӣ бардошта бошад.
Ӯ аз ҷодаи ровигии базму тарабҳои мардумӣ бо кулбори омӯзандаи ҳунару маҳорати барандагии чорабиниҳои оммавию ҷашнҳои мардумӣ ба соҳаи телевизион ба кор омада буд. Ба ривояти дӯстони овони ҷавонии равоншод Зубайдуллои Қодир дар солҳои табаддулоти иҷтимоиву сиёсӣ, ки баъди азҳампошии собиқ Иттиҳоди шуравӣ мардум ба ду сангари муқобил ҷудо шуда буданд, базму ҷашнвораҳои оммавиро ончунон моҳирона мегузоронд, ки ягон тан аз иштирокчиён нисбаташ норозигӣ надоштанд.
Баъдан дар солҳои нооромиҳо бо маҳорати волои суханварӣ дар тӯю маъракаҳои мардумӣ дар доираҳои сарварону ҷонибдорони ҳокимияти қонунӣ соҳибэҳтиром буда, бо қироати ғазалу абёти гуногунмазмуни тарбиявӣ таваҷҷуҳи мардумро ба тинҷиву осудагӣ, меҳри Ватану ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷалб месохт. Тавре Сафаралӣ Эргашев, директори Телевизиони Кӯлоб изҳор медорад, Зубайдуллои Қодир аз декабри соли 1992 баъди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мухбири минтақавии Телевизиони Кӯлоб дар водии Вахш ба кор қабул шудааст. Ӯ нахуст ба симати ровии барномаҳои телевизионии “Ёдбуд”, ки аз шаҳру ноҳияҳои имрӯза минтақаи Бохтар наворбардорӣ мешуд, фаъолият дошта, баъдан бо гузоришҳои гуногунмазмун дар ташаккули барномаҳои ТВ Кӯлоб саҳми арзанда гузоштааст.
-Ёд дорам дар арафаи интихоботи президентии соли 1994 ману Зубайдуллои Қодир аз вилояти Суғд барномаҳо омода намуда, тариқи телевизион пешкаши тамошобинон менамудем. Маҳз дар ҳамон шабу рӯз дар симои ин ҷавонмарди солеҳ инсони ватандӯстро пайдо кардам, ки ба хотири пешкаши мардум намудани ҳодисаву рӯйдодҳои воқеӣ ҳама ҳастии худро бахшида буд, - иброз медорад Сафаралӣ Эргашев. – Ӯ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, шавқу рағбати беандоза ба пешаи рӯзноманигорӣ ва ҷаҳду талошҳои далеронааш зимни наворбардориҳо ба мо ҳампешагонаш неруи тозаву илҳоми эҷодӣ мебахшид.
Дарвоқеъ, дар он шабу рӯз, ки аҳли эҷодии ТВ Кӯлоб бо як асбоби наворбардорӣ корҳои бузургро анҷом медод, Зубайдулои Қодир бо суҳбатҳои андешасозу зарофатгӯиҳои дилнишинаш журналистони телевизиони Кӯлобро ба ҷидду ҷаҳд ва эҷоди барномаҳои гуногуни мардумӣ таҳрик мебахшид. Ин буд, ки роҳбарият корманди содиқу масъулиятшинос ва ин наворбардори ҳирфаиро “Боли эътимоди мо” меномид.
Соли 1994 Зубайдуллои Қодир ба ҳайси корманди минтақавии Телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба фаъолият пардохта, дар таҳия ва омода намудани хабару гузоришҳо ва нахустин барномаҳои телевизионии шабакаи сартосарии кишвар саҳм мегузошт. Тавре ҳамкоронаш қисса мекунанд, наворҳои бардоштаи Зубайдулло дар радифи барномаҳои касбии танзимшуда тозаву ҷолиб ва ончунон диққатҷалбкунанда буд, ки бинанда гумон мекард, ки он ҳама манзараҳои зебову диданӣ бо пешрафтатарин таҷҳизот наворбардорӣ гардидааст. Аммо паси он наворҳои мондагор асбоби одие буду дасти муъҷизаофари як раҳнаварди ин ҷода...
Зубайдуллои Қодир гарчанде ба ҳайси наворбардор фаъолият дошт, аммо бо фарҳанги волои муошират, маҳорати ҷалби ҷомеа ба мавзӯъҳои рӯзмарра дар таъмини шабакаи сартосарии кишвар бо хабару гузоришҳои фаврӣ нақши меҳварӣ мебозид,- ба ёд меорад собиқадори соҳаи телевизион устод Хуҷаназари Аминиён. - Садоқат ба касбу меҳру муҳаббати самимиаш ба мардум ӯро дар ҳама шаҳру навоҳии минтақи Бохтар ва ҳам миёни ҳамкоронаш соҳиби иззату эҳтиром гардонида буд. Маҳз бо шарофати ӯ гурӯҳи эҷодии моро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинохтаанд ва бетардид Зубайдуллои Қодир дар марҳилаи эҳё ва рушди фаъолияти мухбирони минтақавии соҳаи телевизиони кишвар нақши ниҳоят муҳим дорад.
Дар баробари робитаи хубу ҳурмату эътибораш миёни роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа, ҳамзамон сокинони деҳу рустоҳои дурдасти вилоят ӯро мешинохтанду эҳтиромаш доштанд, ки ин зарфияташ ба мо имкон медод, то дар дилхоҳ вақту шароит аз шаҳру навоҳии минтақа мавзӯъҳои ҷолибро пайдо карда, хабару гузоришҳои ҷолибро пекаши тамошобинон гардонем,- иброз медорад Хуҷаназари Аминиён. – Тӯли солҳои 1996-1999 ману Зубайдуллои Қодир ба ҳайси намояндагони Телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият доштем. Ёдаш ба хайр инсони хушгуфтору зарофатгӯе буд, ки бо шарофати заковату сухандонии вай аз инсонҳои касбу кори гуногун маълумоти лозим ва андешаҳои барои тақвият бахшидани хабару гузоришҳои телевизиониро гирифта метавонистем. Барои хизматҳои шоёнаш ба унвони Аълочии телевизион ва радио сарфароз гардида буд. Пайроҳаи тайнамудаи ӯ дар ин ҷода намунаи ибратомӯз барои ҷавонон шуда метавонад, ки бо меҳру муҳаббати бузург ба касбу маҳорати наворбардорӣ мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кардаву миёни мардум маҳбубияти беандоза дорад.
Дар симои як тан аз наворбардорони шоиставу собиқадори сарсупурдаи соҳаи телевизион, пеш аз ҳама, чеҳраи меҳрофарини акои Зубайдуллои Қодир таҷассум мегардад, ки аз оғози даврони Истиқлоли кишвар дар таъмини он вақт ягона шабакаи сартосарии телевизионӣ бо хабару рӯйдодҳои муҳими вилоят нақши ниҳоят созгор гузоштааст,- мегӯяд Азиззода Абдурозиқ, хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. – Зубайдуллои Қодирро ҳанӯз аз овони ба ҳайси корманди љавони шуъбаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон будаанам мешиносам. Он солҳо аз чорабиниву рӯйдодҳо ва фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи минтақаи Бохтар вилояти Хатлон навор гирифта, барои танзиму таҳияи хабару гузоришҳо ба Идораи телевизиони Тоҷикистон меомад. Дар он давра Асадулло Раҳмон, сармуҳаррири Телевизиони Тоҷикистон, саъю талоши маро дида, пешниҳод карданд, ки ҳамроҳи Зубайдуллоҳи Қодир аз наворҳои аз минтақа овардаи ӯ гузоришҳо омода намоем, Ҳамин сон, мо ҳамкор шуда, гузоришҳоро аз вилоят ҳамроҳ танзим мекардем.
Борҳо ба Зубайдуллои Қодир иқрор омада будам, ки дар шебу фарози касбӣ касе ба мисли ӯ ҷасорату иродаи паси сар намудани он ҳама мушкилоти даврони нооромиҳоро надошт. Рӯзгори ин гуна одамони наҷиб мояи ибратомӯз барои мо ва кадрҳои ҷавони телевизион мебошад. Бовар кунед, тӯли солҳои фаъолияти касбӣ ҳамон асбоби вазнини наворбардориаш ончунон дар сари китфони вай унс гирифта буд, ки дар сабтҳои зебову ҷолибаш ларзиши навор ё дигар камбудиҳо умуман мушоҳида намешуд.
Ӯ бо сабру таҳаммулгароӣ, имтиҳони зиндагӣ донистани мушкилоти рӯзгор ва дигар хислатҳои писандидааш идеали мо ҳампешагонаш ба ҳисоб мерафт. Бо қалби поку бекина ва садоқату меҳрубонии самимонааш ба мардум дар қалби мо ҳамкорону дӯстон ва хешовандону онҳое ӯро мешинохтанд, маъво гирифтааст. Зубайдулло бо истеъдоди фавқулодааш маҳфилҳои моро шӯру илҳоми тоза мебахшиду аз лутфу зарофатҳои дилнишинаш баҳра мебурдем. Дар ҳолатҳои мушкилу нофаҳмиҳо дар кору зиндагӣ бо ҳазлу шӯхиҳои ширинаш моро аз вазъиятҳои ногувор мебаровард. Ёд дорам, боре тариқи смс-паёмак ба роҳбари эҷодиамон, ки мо ӯро “шеф” ном мегирифтем, саросема навишта будам; “Дуруд ҳеф”. Лаҳзае ҳайрону шигифтангез ба фикр уфтода будам, ки чӣ гуна иштибоҳи имлоиро ба роҳбарамон фаҳмонам. Дар ҳамон лаҳза ҳам шодравон Зубайдуллои Қодир бо ҳазлу шӯхӣ “ривоят” пеш овард, ки мо сармуҳаррири телевизионро “шеф” ва раиси Кумитаро “ҳеф” мегӯем. Ҳамин тавр, хандаҳои марғуладор аз ду сӯи телефон танинандоз шуду ман нафаси озод кашидам,- бо дидаҳои ашкбор қисса дошт Азиззода Абдурозиқ.
- Марги нобаҳангоми Зубайдуллои Қодир талафоти бузургест, ки аз асари он ҳоло ҳам ба худ наомадаем. Мутаассифона, дасти аҷал ҳам гулчин мекунад, ки беҳтаринҳоро аз байни мо рабурда истодааст ва Зубайдуллои Қодир ҳам шабаҳи нури маҳфилорое омаду бо шавқу шури зиндагидӯстиву меҳру муҳаббати бузург ба зиндагӣ озодманишиву ранги дигар бахшиду рафт...
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД