Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нуру сафои ваҳдат
Бо расидани мавсими гармо гармии дигари рӯҳнавоз, гармии расидан ба санаи неку тақдирсоз - Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн ба хонадони мо нишоти навбатӣ ва ба мардуми тоҷик умед ба ояндасозиву бақои миллиро ворид месозад.
Маҳз расидан ба ин рӯзи пурсаодат талошҳои ҷиддӣ ва пайдапайро аз Сарвари дурандешу оқил ва фарзонафарзанди модари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо карда буд, ки азхудгузаштанҳо, бахшишҳо ва ҷоннисориҳову ҷасорати беамсолро дар пай дошт.
Аз ин хотир, манзалат ва ҷойгоҳи ин санаи муҳим - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи сартосариро метавон дар радифи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ гузошт ва саҳми Пешвои муаззами миллатро дар расидан ба ин рӯз бемисл шуморид.
Зеро маҳз аз ҳамин сана сар карда мардуми бар асари ҷанги таҳмилӣ парокандаву овора ба осоиштагиву суботи минбаъда, ба иродаву неруи миллӣ ва ояндасозии давлату ҳукумат бовар карданд. Ба ҷойҳои зисти пештара баргаштанду ба сохтмони зиндагии нав шуруъ намуданд.
Аҳамият ва манзалати ин ҷашн аз он гиромиву бузург аст, ки маҳз ин сана натиҷаи ҷоннисориҳо, талошу ҷасоратҳои пайваста, сафарҳои зиёд ба кишварҳои гуногун, шаҳру минтақаҳои ноамн, баҳсҳои тӯлонӣ, имзои санади оташбасу сулҳ буда, дар ниҳоят бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ҷамъбаст гардида, ба оғӯшкушоиву бахшишҳои ҷонибҳо оварда расонид. Ин санад ба оламиён бори дигар миллати тарбиятдида, тифоқ ва ҷасуру ғаюр бадуни мо-тоҷиконро исбот намуд.
Бояд иқрор кунем, ки ба мо – тоҷикон рӯҳи ниёгони бузургамон ва таҷрибаи сулҳофариву аз душман дӯстсозиамон, ки тӯли таърих борҳо истифодааш кардаем, кумак намуд. Бузургони мо дар осори илмиву фалсафӣ ва таълимиву адабиашон мудом аз сулҳу оромиш, суботу рафоқат сухан гуфтаанд. Танҳо ҳамин як насиҳати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ барои барҳам задани нақшаву ниятҳои тахрибкоронаи ҷанг ва онро ба сулҳу муҳаббат табдил кардан барои мо –тоҷикони фарҳангсоз кофӣ гардид, ки аз сангарҳо бароем ва ба рӯи ҳамдигар оғӯши меҳру вафо бикушоем:
Як ҳарфи ошиқона бигӯям, кифоят аст,
Эй ҷони ман, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!
Ҳарчанд таърих халқу ватани азизи моро борҳо аз имтиҳони сангини набарду таҳоҷуми аҷнабиён, кашмакашиҳои дохилӣ, парокандагии марзу бум ва аз даст додани доманаҳои фарохи ҳудудӣ гузаронида бошад ҳам, аммо баъди чанд муддате зарраҳои ҷонбахши созандагӣ дар шарёни мо ба ҷунбиш даромада, хуни моро бедор сохта, руҳи аҷдодони шаҳрофару ободкорамон мадад намуда, мо аз нав сар боло намудаем ва бо ғурур ба сӯи орзуҳои худ гом задаем.
Миллати қавииродаи мо дар интиҳои асри ХХ бори дигар ба чунин санҷиши тақдир рӯ ба рӯ шуд. Дар замоне, ки мардум ҳанӯз ба пуррагӣ нишоти соҳибистиқлолиро лаззат накарда буданд, душманону бадхоҳон аз хориҷ ҷанги дохилиеро ба сари мо таҳмил карданд, ки ҳазорон нафар кушта, ятим, бесарпаноҳ, садҳо ҳазор гурезаву овора шуданд. Иншооти давлативу ҷамъиятӣ, манзилҳои мардум сухта нобуд карда шуда, иқтисодиёти мамлакат қариб ба пуррагӣ ба нестӣ рафт.
Хушбахтона, ақли солим боло гирифт ва мо тавонистем бо сарварии Пешвои донишманду тавоно боз сарҷамъии миллатро таъмин намуда, барои сохтмони ҳаёти наву осоишта камари ҳиммат бубандем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин воқеаи таърихӣ ҷойгоҳу манзалати хосро қоил буда, аз ҷумла дар яке аз баромадҳояшон таъкид доштаанд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”.
Ҷои зикр аст, ки саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳи сартосарӣ ва таъмини ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар бузург буда, маҳз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тавонист, ки баҳри пойдории давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам кишвари моро дар низоми давлатдории байналмилалии муосир ҳамчун як давлати рӯ ба инкишоф ва соҳибмақом муаррифӣ намояд.
Ҷаҳони имрӯза, ки гирифтори гирдобҳои вазнини сиёсиву геосиёсӣ гаштааст, сиёсатмадорону ҷомеашиносон аз мактаби сулҳофарии Президенти маҳбуби кишвар ва таҷрибаи сулҳсозиву ваҳдати миллии мо- тоҷикон фаровон истифода намуда истодаанд, ки боиси ифтихори бузургу сарбаландист.
Мо бояд таъкиду ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро, ки пайваста шукронаи давлати соҳибистиқлол ва суботу ваҳдати комил карданро аз ҳар як фарди худогоҳу соҳибватан тақозо мекунанд, сармашқи кори худ карда, иқдомҳои ободкоронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат шуруъ намуда, барои пурқувват намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими нуфузу манзалати Тоҷикистони азиз дар миёни соири давлатҳои дунё талош намоем.
Ваҳдат хонадони пурзиё, хандаи пурсафои кӯдакон, дасти дуои модарон, ғурури ҳайкалсони бузурги падарон, муҳаббати ширини хоҳарон ва эҳтироми фарзандон аст. Ба қадри он бояд расид!
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ