Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ёдгори бегазанд
Ба озмуни “Паёми Меҳани ман”
Ёдгори бегазанд
Беҳтарин рӯзи сайиди зиндагӣ,
Баҳри мо ин ёдгори бегазанд.
Рӯзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ бувад,
Миллати моро басо бошад писанд.
Бар забонам чун талаффуз мекунам,
Сулҳу Ваҳдатро басо ширин бувад.
Шаҳд резад аз забонам ҳар замон,
Он баҳои миллати дерин бувад.
Ваҳ чи хуш ояд забонам бар сухан,
Аз садои вожаи Сулҳи Ватан.
Ҳикматаш донистанӣ хоҳи агар,
Дилрабову форам ин зебосухан.
Аз самими қалб мегӯям сано,
То вуҷуди ман бувад дар анҷуман.
Солҳо чун бигзаран пеши назар,
Умри худро бишмарам бори дигар.
Лафзи ширинам ҳамин як ҳарф боз,
Ҳарфи Сулҳу Ваҳдати сар то ба сар.
****** ****** *****
Сулҳу Ваҳдат ҳадяи Парвардигор,
Ҷони ширин ҳадяро ту пос дор!
Ин сухан аз сидқи дил мегӯямат,
То наафтӣ дар шикасти рӯзгор.
****** ****** *****
Дарахти Сулҳу Ваҳдат шаҳдбор аст,
Яқин ки ҳадяи Парвардигор аст.
Касе қадраш бидонад хуш ба ҳолаш,
Надонад бадгусилу шармсор аст.
***** ****** ******
Ҳадяи Парвардигор
Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Доруи Ваҳдат ёфта ин дарди бедармони мо,
Зеро табибаш гаштааст Эмомалӣ Раҳмони мо.
Баъди ҳазору чанд сол аз насли он Олитабор,
Сарвар ба миллат омада чун тӯҳфаи Яздони мо.
Миллат ба ваҳдат омада, кишвар шукуфон гаштааст,
Ӯ ҳадяи Парвардигор бар халқи олишони мо.
Олам агар бишнохта гар миллати тоҷикро,
Аз хизмати беминнати ин Сарвари пурдони мо,
Фахрест манро номи ӯ, ибрат маро пайкори ӯ,
Хоҳам мададгораш шавӣ, эй халқи ҳикматдони мо.
Ӯ Пешвои миллату ӯ раҳкушои миллат аст,
Бар сӯи некӣ мебарад моро ба мисли роҳнамо.
Давлат бигуфто ин сухан дар васфи зеби анҷуман,
Он ки ба олам кардааст машҳур шаъну шони мо.
Ваҳдати миллӣ
Ваҳдати миллӣ муборак бошадат,
Эй азизи миллати олинажод.
Хизмате, ки баҳри миллат кардаӣ,
Сабт дар таърихи миллат умрбод.
Давлати Султон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



