Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг
20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносиро ба истифода доданд.
Иншооти нав дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати муваффақи фарҳандӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Осорхона шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи асарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Президенти мо”, бозёфтҳои ҷамъовардаи кормандони осорхона ва гурӯҳи кории бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, осори таърихию фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи тамоми ҳудуди ноҳияи Ховалинг дар қабати дуюми иншоот ба намоиш гузошта шудааст. Ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошад, ки ҳар бинандаро бо гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик ошно месозанд.

Дар Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзғордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.
Ёдгориҳои осорхона марбут ба асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, давраи пеш ва баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Ховалинг дар самти тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқамон мусоидат мекунад.

Зеро дар гӯшаҳои осорхона ёдгориву бозёфтҳо аз давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла Ҳахоманишиниён, Селевкиҳо, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён мавҷуд аст.
Тавре зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо беш аз 10 нафар унвонҷӯи дохилию хориҷӣ дар ин осорхона ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошад.
Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд. Иншоот дар масоҳати 144 метри мураббаъ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 7 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
www.president.tj
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ



