Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нӯшоба аз тамашк
Меваи тамашк (малина) хеле нозук аст, ҳангоми ба оби ҷӯшомада задан мумкин аст тит шавад. Бинобар ин кадбонуҳо онро бештар бо роҳи осону қуллай бе стерилизатсия маҳкам мекунанд. Банкаҳоро тоза шуста, дар буғ тамъиз мекунанд. Ба банкаҳо тамашки шуста, обаш полондаро меандозанд. Шакарро илова карда, оби ҷӯшомадаро мерезанд ва бо сарпӯшҳои оҳанин маҳкам мекунанд. Банкаҳоро сарозер гузошта, бо кӯрпа ё чизи дигар мепӯшонанд. Баъди хунук шудани банкаҳо метавонед банкаҳоро дар таҳхона ё ба ҷойи салқин гузоред.
Усули дигари омода намудани нӯшоба аз тамашк ин ду маротиба иваз кардани оби он аст. Тамашкро ба банкаҳои пешакӣ тамъизшуда андохта, ба он оби ҷӯшомадаро мерезем. Оби банкаҳоро муддати 10 дақиқа нигоҳ дошта, сипас ба зарфи дигар мерезем. Ба он шакар илова карда, болои оташ мегузорем. Баъди 3-5 дақиқа ҷӯшидан обро боз ба банкаҳо рехта, маҳкам мекунем.
Кадбонуҳои моҳир ба тамашк олу, лимӯ, себ, қулфинай, қот (смородина) ва дигар меваҳоро илова намуда, барои зимистон шарбат омода мекунанд, ки тамъи хубу накҳати гуворо дорад. Омода намудани шарбат аз меваҳои омехта каме вақти зиёдро мегирад. Барои он, ки сарпӯши банкаҳо дам карда, вайрон нашаванд, тамашк ва дигар меваҳоро ба банкаҳои тозаву тамъизкарда андохта, обашро 2-3 маротиба иваз кунед.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



