Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 июн 15:38АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иқтисод
“ПАНИРИ БАЛХ”
Ё чӣ тавр як зан бо истеҳсоли панири маҳаллӣ, ҷойгоҳи дигар панирҳои воридотиро танг кард?
Уғулой Абдуллоева соҳибкорзани муваффақест дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Ӯ ҳанӯз соли 2018 бо нияти ташкили корхонаи саноатӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба истеҳсоли панири маҳаллӣ шуруъ кардааст.
Бо гузашти ҳамагӣ 3 сол ҳамчун зани панирпаз ном бароварду маҳсулоти истеҳсолкардаи ӯ харидорони худро дар маҳали зист пайдо кард. Маҳсулоти истеҳсол намудаи Уғулой Абдуллоева таи як соли охир воридот ё худ харидори панирҳои дигарро дар бозорҳои ҷумҳурӣ нисбатан коҳиш дод.
Уғулой муддати як сол аст, ки соҳиби корхонаи саноатӣ гаштааст. Бо дастгирии шарикони рушд барои ривоҷи кори панирпазӣ бинои алоҳидае бунёд карда, фаъолияти худро фарохтар гардонид. Ҳоло ӯ 5 зани дигари хонашинро соҳиби ҷойи кори доимї гардонидааст.
– Шукр, ки маҳсулоти мо имрӯз дар бозор мавқеи худро пайдо кард,-мегӯяд Уғулой Абдуллоева. – Вориди рақобати бозоргонӣ шудан мушкил буд. Дар оғози кор маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи худро бо тамғаи “Панири Балх” ройгон ба аксар мағозаю супермаркетҳои калони ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳод мекардем. Бо ин васила эшон аз сифат ва тамъи панири корхонаи мо воқиф гаштанд ва муштариёни мо зиёд гардид. Зеро панири мо маззаи панирҳои ҳолландии аслиро дорад.

Имрўз “Панири Балх” дар бозору дуконҳои ҳудуди ноҳия ва атрофи он тибқи шартнома ва инчунин дар 30 мағозаи калони ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар коргоҳи ин соҳибкорзан дар як шабонарӯз наздик ба 700 литр шир коркард мегардад. Ҳаҷми умумии панири истеҳсолгашта дар як моҳ беш аз 1 тоннаро ташкил медиҳад.
– Дар як шабонарӯз то 40 килограмм панир истеҳсол мекунем,- мегўяд Уғулой Абдуллоева. – 1 панири мо 5 килограмм вазн дорад. Қабл аз ба фурӯш баровардан онро ду қисм карда, дар халтаҳои махсус ҷой додаю тамғаи корхонаро мегузорем. 1 килограмм панири истеҳсолшуда бо нархи яклухт 55 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ба ғайр аз панир гоҳо қаймоқ, творог, маска ва қурут низ истеҳсол мекунем. Бовар дорам, ки панири мо натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ дастрас ва арзонтарин панир ба ҳисоб меравад.

Уғулой Абдуллоева имрӯз аз фаъолияти назарраси коргоҳи худ изҳори хушнудӣ намуда мегўяд, ки барои ў ҳамчун як зани деҳотӣ ташкили коргоҳ ва машғул шудан ба тиҷорат корӣ осон набуд. Аммо ӯ бо омӯхтани бозор, тамошои пай дар пайи видеоҳои омӯзишии шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба рушди соҳибкорӣ тавонист таҷриба пайдо кунад.
– Омода кардани панир, кори душворе нест,- иброз медорад Уғулой. – Пеш аз кушода шудани коргоҳи мазкур ман дар шароити хона панир ва дигар маҳсулоти шириро омода мекардам. Аз сабаби набудани таҷҳизоти муосири панирпазӣ нахуст ширро дар дегҳои калон пухта, онро хобонида, баъдан аз зардоб ҷудо намудаю бо намакоб дар қуттиҳои алоҳида аз 20 то 60 рӯз нигоҳ медоштам. Ҳоло кор бо таҷҳизотҳои муосир хеле осон гаштааст.
Дар воқеъ ҳамагуна фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан таъсису ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар оғоз мушкилоти худро дорад. Аммо бо гузашти вақт ва аз бар намудани таҷриба, соҳибкор қадам ба қадам пеш рафта, ба ҳадафҳои пешбининамудаи худ ноил мегардад. Ҳамин аст, ки Уғулой назди худ мақсад гузоштааст, ки дар оянда бо васеъ намудани доираи фаъолият, теъдоди бонувони коргарро дар корхонаи мазкур афзун намуда, дар амалӣ гаштани ҳадафи чаҳорум, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат нақши боризе гузорад.
Ҳоло Уғулой Абдуллоева дар назди коргоҳи худ сехи қаннодӣ сохта истодааст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафари дигар ба ҷойи кор таъмин мешаванд.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



