Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДОРУҲОИ МУҲЛАТАШОН ГУЗАШТА СӮЗОНИДА ШУДАНД
Аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 4 тонна маводҳои доруворӣ, молҳои тиббию ороишӣ ва гигиении муҳлаташон гузашта несту нобуд карда шуд.
Дар ин бора сухангӯӣ маркази матбуотии ниҳоди болозикр Сайраҳмон Назриев ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ иқдоми мазкур бо дархости худи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ роҳандозӣ гардида, дар ҳузури комиссияи босалоҳият дар маҷмӯъ 4 тоннаю 402 килограмм маводҳои доруворию молҳои тиббию ороишӣ ва гигиении муҳлаташон гузашта ба маблағи 185 ҳазору 371 сомонӣ тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.
Аксари ин маводҳое, ки несту нобуд гардидан, аз ҷониби худи муассисаҳои фармасевтӣ ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон супорида шудаанд ва қисмати дигар дар натиҷаи санҷишҳои ниҳоди болозикр аз муомилот гирифта шуда буданд.
Ба гуфтаи Сайраҳмон Назриев дар қиёс ба солҳои қаблӣ муассисаҳои фармасевтии ҳудуди вилоят сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар карда, маводҳои дорувории муҳлаташон гузаштаро сари вақт ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон месупоранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



