Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАҲЛАВОНДУХТАРЕ АЗ ДИЁРИ БАҲОДУРОН
Ҳамроҳи набераам дар мусобиқаи гӯштингирӣ ҳузур доштем ва шоҳиди чолокиву тавонмандии Мадинаи номвар гардидем. Набераам аз Мадина дусол бузург буда, аз зарфиятҳои синну солӣ дида ғурураш болотар менамояд, барои мутақоид кардани ман, ки зӯру тавонмандаст, хоҳиши бо ин духтараки гўштингир қувва озмоидан шуд.
Ҳаминсон,баъди чанд дақиқаи ба майдон баромадани онҳо Мадина набераи худбовари маро бо тахтапушт нишонд. Ин қиссаро зимни суҳбат аз як сокини ноҳияи Восеъ шунида будам, ки аз омодагии ҷавондухтарони ин диёри баҳодурон боифтихору сарфарозӣ сухан мегуфт.
Соли 2022 дар маросими наврӯзии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини суннатӣ баргузор гардиду да рон Мадина 5 нафар писаронро мағлуб карда, соҳиби туҳфаҳо гардид. Дар идомаи ин мусобиқа рақиби шашуми Мадина ҳам ҷавонписари гўштингире ба майдон баромад ва бо аҳди ташаббускорони ин мусобиқа дар майдони гӯштингирӣ эълон намуданд, ки дар сурати ғолибият ба Мадина аспи бодпо инъом карда мешавад. Ҳамин тавр дар қисми дуюм ё сеюми Мадина ин ҳарифашро ҳам мағлуб кард.
Ғалабаҳои пай дар пай Мадинаро миёни мухлисони ин намуди варзиши миллӣ маҳбубу маъруф намуд. Аз ҷумла, бо иштироки Мадинаи номвар мусобиқаи гўштин дар маркази вилояти Хатлон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо кард, ки дар инҷо ҳам ӯ бо усулҳои зебо ҳарифонашро мағлуб намуд.
Мадина барои расидан ба ин зинаҳо мушкилоти зиёдеро паси сар намуда, баъди саъю талоши чандинсола миёни мухлисони ин навъи варзиш шинохта гардид. Бахусус, дар мусобиқаи вилоятӣ ба ифтихори Саидмуъмин Раҳимов ва Ҷоми Худоиназар Боқиев ғолибият ба даст оварда, номи худро дар сафи гӯштингирдухтарони номдори кишварамон сабт намуд.
Ин варзишгардухтар соли 2020 дар мусобиқаи гӯштингирӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон миёни писарон соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардида, дар соли гузашта дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини ҷудо ғолиби ҷойи аввал гардид.
Мадина аз овони хурдсолӣ ба гӯштин шавқу рағбат пайдо карда буд. Новобаста ба он, ки зодмандонаш намехостанд ӯ ба бародараш тақлид карда ба тамрингоҳ равад, аммо духтари якрав пойи пиёда аз паси бародари велосипедсавораш давон-давон ба толори варзиш меомаду мураббияҳо дигар илоҷе надоштанд, ба ҷуз ӯро ҳам дар қатори бачаҳо машқу тамрин диҳанд.
-Шавқу рағбати бепоёни Мадина ба ин навъи варзиш буд, ки баръакси интизориҳои мо писарамон дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои дувуму сеюм рогирифта, аммо Мадина ҳамеша ғолиби ҷойи аввал мегардид. Бародараш иқрор омад, ки Мадина ба шавқу ҳаваси бузург ва маҳорати ногуфтание дар ниҳон дорад, ки дар оянда метавонад гӯштинги римаъруфу машҳур гардад. Бинобар ин, бародараш Бозорбой ба кори тиҷорат гузашт то ҳамроҳи ман барои омодагии Мадина ба мусобиқаҳои калон ӯро аз лиҳози иқтисодӣ таъмин карда тавонем,- баёд меорад падари паҳлавон Рустам Қурбонов.
- Гарчанде ки дар солҳои аввал модарам намехост, ки ман саргарми машқу тамрини ин навъи варзиш гардам, аммо бо мурури вақт ва ғолибияту сарфарозиҳоям дар мусобиқаҳои варзишӣ акнун дуои некам додаву бароям дар инҷодамуваффақиятҳои бузургро таманно дорад,- табассумомез иброз медорад Мадина.
-Ба гӯштингирӣ шавқу рағбат доштанам аз шаҷараи аҷдодонам сарчашма мегирад, ки ҳам пушти падариву ҳам гузаштагони модарам гӯшингирони номдор буданд.
Новобаста аз он ки дар ин деҳаи аз лиҳози аҳолӣ ва ҷуғрофӣ бузургу сераҳолӣ як варзишгоҳ, ҳатто майдончаи варзишӣ нест, аммо наврасону ҷавонони мо ба намудҳои гуногуни варзиш шавқу рағбати бепоён доранд. Ин дар ҳолест, ки дар деҳа соҳибкорон ва ҳимматбаландон дорему варзишгаронамон ҳам дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ соҳиби кубоку ҷоизаҳои гуногун гардидаанд, – мегӯяд Рустам, падари Мадина.
Паҳлавондухтари ноҳияи Восеъ Мадинаи Рустам айни замон дар синфи 9-уми МТМУ №50 таҳсил дошта, дар баробари тамошои мусобиқаҳои гӯштини сатҳи ҷаҳонӣ тариқи оинаи нилгун баъзан бо бачаҳои деҳа ҳам футбол бозӣ мекунад.
Пайроҳаи интихобнамудаи ин паҳлавондухтар осону ҳамвор нест ва инро ӯ худ ҳам дониставу дар ин ҷода иродаи устувор дорад. Айни замон Мадинаро Зафар Қурбонов ба сарпарастӣ гирифта, барои иштирок дар мусобиқаҳои байналхалқӣ шароити хуб муҳайё намуд. Ҳамин тавр, Мадинаи Рустам ба хотири иштирок дар мусобиқаи байналмилалии гўштингирӣ дарТ аиланд муддати 20 рӯз дар минтақаи кӯҳии Элбруси Кавкази Федератсияи Россия тамрин кард, аммо бо сабаби мувофиқат накардани синну солаш ба ин мусобиқа роҳ наёфт. Баъдан, барои мусобиқаи байналмилалии гўштини дзюдо ба Туркия ҳам омодагии хуб дида буд, вале заминларзаи дар ин кишвар рух дода ин мусобиқаи ҷаҳони ро ба таваққуф гузошт.
Бо ин ҳама рӯйдоду воқеаҳо Мадинаи Рустам дар зиндагӣ хушбин ва бо завқу рағбати бепоён машқу тамрин карда истодааст. Ӯ гӯштини наврӯзии имсола бар ҳарифони худ ғолиб гашта, ду автомашинаи сабукравро соҳиб гардид.
Тавре зодмандонаш иброз доштанд, тӯли як моҳ мешавад, ки ӯ таҳти роҳбарии Рустам Боқиев бародари Расул Боқиев дар яке аз толорҳои варзишии пойтахти кишварамон ба мусобиқаҳо омодагӣ дида истодааст.
Билоли Шамс, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД