Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин, васеъ намудани майдони кишти зироатҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом доданд. Аснои ин сафар раиси вилоят аз заминҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти парвариш намудаи деҳқонону хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти Қумсангир ва Панҷи ноҳияи Ҷайҳун дидан намуда, бо фаъолияти хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, хоҷагидорону кишоварзони ин ноҳия ба кишту парвариши Картошка, Пиёз, гандум ва дигар намуди ғаладониҳо бештар машғул буда, дар таъмини бозорҳои кишвар ва берун аз он саҳми калон доранд. Тибқи иттилои масъулин мувофиқи дурнамо имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 3 ҳазору 800 гектар замин кишти пиёз гузаронида, то ба имрӯз 107 ҳазор тонна пиёз ҷамъовари гардида, зиёда аз 16 ҳазор тоннаи он ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот гардидааст.

Раиси вилоят дар ҷамоати деҳоти Қумсангир аз хоҷагиҳои деҳқонии “Мустафо 2015”, “Худойдод 2013”, “ХДФ Баҳодур Толибов” ва дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия бошад аз хоҷагии деҳқонии “Ҳасан” дидан карда, ба кори кишоварзону деҳқонони хоҷагиҳои мазкур баҳои баланд дод. Зимни боздид маълум гардид, ки қисмате аз хоҷагидорон ҳосили пиёзро ҷамъовари карда, алакай дар қитъаҳои аз зироат холишуда маккаи дон, лубиёгиҳо кишт намуданд. Ба иттилои масъулин имсол заҳмати хоҷагидорон дар самти парвариши пиёз самараи хуб нишон дода, онҳо аз як гектар замин то 60 тонна пиёз ба даст овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Нашъунамои картошка ва ғаладонагиҳо дар хоҷагиҳои ҳудуди деҳоти зикршуда хуб мебошад, ки аз меҳнати аҳлонаи кишоварзон дарак медиҳад.

Раиси вилоят зимни сафари корӣ аз пирони рузгордида, кишоварзону хоҷагидорон даъват ба амал оварданд, ки дар рушду пешрафти соҳаи кишоварзи саҳмгузор бошанд. Ҳар ваҷаб замини корами обиро, ки дар ихтиёр доранд оқилонаю самаранок истифода карда дар кишт ва парвариши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ ҳисагузори намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, фаровонии бозорҳо мусоидат намоянд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



