Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР КӮШОНИЁН
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, роҳҳои маҳаллии ҳудуди ноҳия таъмири ҷорӣ шуда истодаанд.
Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети ноҳия 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷовид Ҳакимзода, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён иттилоъ дод, ки дар тавозуни муассиса 178,4 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуд буда, марҳила ба марҳила ҳамаи онҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.

Айни замон таъмири роҳҳо дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо маром идома дошта, беш аз панҷ километр роҳҳои ҳудуди ин ҷамоат аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Гуфта шуд, ки барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоми маводи лозимии роҳсозию техникаҳои махсус мавҷуд буда, марҳила ба марҳила роҳҳои маҳалли ҷамоатҳои деҳоти Заргар, Бустонқалъа, Меҳнатобод, Навбаҳор, Ориён, Сарвати Истиқлол ва Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомониии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.
Дар таъмири роҳҳо соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳми хешро гузошта истодаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии ноҳияи Кӯшониён)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ



