Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҚАРИБ 35% ИҶРО ШУД
То 6 апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 34,6 фоиз таъмин шудааст.
Ин нуқтаро раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳангоми ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ дар қисми ҳарбии 07/017- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардааст.
Раиси вилоят ҳамчунин аз вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла минтақа торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ суҳбат намудуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии ҳарбиро мебояд дар самти ҳимояи истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва дар ҳолати омода бошанд.
Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд.
Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул муваззаф шуданд, ки ба маъракаи сафарбарсозии ҷавонон диққати зарурӣ равона намуда, ба хизмати Ватан ҷавонони руҳану ҷисман солимро сафарбар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷараён дошта, аз вилояти Хатлон дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ ноҳияҳои Вахш ва Данғара нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!




