16 окт 07:56АСОСӢ / Ахбор / Иҷтимоъ

Паёми шодбошии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кормандон соҳаи кишоварзӣ

Ҳамдиёрони арҷманд!
Фарорасии Иди Меҳргонро, ки рамзи фаровонҳосилӣ, заҳмати пурбори марди деҳқон, хуррамии ҷаҳон аст, ба шумо самимона шодбош гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда, дар хонадонатон файзу баракат ва барои мамлакатамон шукуфоиву пешрафтро орзумандам. Меҳргон, ки яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод аст, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иди миллии  кишварамон шинохта шуд. Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.Аз таърих медонем, ки гузаштагонамон Меҳргонро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.Меҳргонро ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад. Ин гувоҳи он аст, ки ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил меҳнати марди деҳқон бо фаро расидани  иди Меҳргон  басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромад. Дар ин рӯзи файзбор натиҷаҳои беҳтарини фаъолияти кормандони соҳаи комплекси агросаноатӣ, олимон ва деҳқонони  вилоятро бо рақаму далелҳо қайд кардан амри муддаост.Кишоварзони вилоят баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро имсол ба 17,8 миллиард сомонӣ расониданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 896936 тонна ғалладона, 202077 тонна картошка, 1363728 тонна сабзавот, 200157 тонна мевагиҳо, 101823 тонна ангур ва 603265 тонна полезиҳо истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47810,6 тонна ғалладона, 63598,1 тонна сабзавот, 31181,2 тонна полезиҳо, 18817,7 тонна мевагиҳо ва 11171,1 тонна ангур зиёд мебошад.  Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидааст, “Мо бояд  ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани  кишварамон  чораҷуӣ карда бо  ин мақсад барномаҳои дахлдорро татбиқ намоем”. Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда, дар бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои мушаххасро амалӣ менамоянд. Мутмаинам, ки дар натиҷаи ин ҳамкории пурсамар дар ояндаи наздик ба татбиқи ин ормони миллӣ мушарраф хоҳем шуд.Бо ҳамин нияти нек ва бо таманнои комгории ҳар як тоҷикистонӣ, бахсусус кишоварзони Хатлонзамин, бори дигар ҷашни зебои Меҳргонро табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сарфарозу хонаобод ва дилшоду соҳиби дастурхони пурнозу неъмати меҳргонӣ дошта бошед.

Саодатманду сарбаланд бошед.
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий