Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Зиёда аз 586 ҳазор нафар истифодабарандагони корт
Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳолати якуми июли соли 2022 теъдоди истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 586,8 ҳазор нафар расидааст, ки ин шумора дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 71,8 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтар Фирдавс Самадов иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки шумораи банкоматҳо ва постерминалҳо дар ин давра ба 730 адад расидааст, ки аз ин 235 адад банкомат ва 495 постерминал мебошад.
Бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақа дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 242 адад постерминалҳои пардохтӣ ва 1211 адад QR-рамзҳо насб карда шуда, тавассути онҳо зиёда аз 28,5 ҳазор пардохтҳо ба маблағи зиёда аз 9,3 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
Дар самти қарздиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра маблағи 878,3 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 87 миллион сомонӣ ё 11 фоиз зиёд мебошад.
-Тақсимоти соҳавии қарзҳои додашуда нишон дод, ки ҳиссаи асосии қарзҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ – 35,8 фоиз, саноат, сохтмон ва нақлиёт – 24, 2 фоиз, савдо ва тиҷорат – 15,9 дарсадро ташкил додааст. Инчунин барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4,7 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, - гуфт Фирдавс Самадов.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



