Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷудошавии оилаҳо афзоиш ёфтааст
Дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1891 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 381 ҳолат зиёд мебошад.
Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода зикр кард.
Ӯ афзуд, ки бештари ҷудошавии оилаҳо бо қарори суд, 1591 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Инчунин бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ доранд, 298 ва бо аризаи яке аз ҳамсарон 14 оила аз ҳам ҷудо шудаанд.
Дар натиҷаи ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 212 кӯдак зиндаятим шуда, аз ин шумора 2 ҳазору 150 нафар дар тарбияи модар ва 62 кўдаки дигар дар тарбияи падар мондаанд.
Бештари ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб – 157 ҳолат, Кӯшониён – 167, Ёвон – 142, Вахш – 129, Абдураҳмони Ҷомӣ – 124, Қубодиён – 115, Ҷалолиддини Балхӣ – 106 ва ноҳияи Панҷ – 100 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ин якдигарнофаҳмӣ, омода набудан ба зиндагии мустақилона, дахолат кардани шахсони ғайр ва телефонҳои мобилӣ гуфта мешавад.
Сулаймони ДАВЛАТ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



