Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Маблағҳои мақсаднок 100 фоиз ҷудо гардиданд
Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилояти Хатлон иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 101 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103 дарсад таъмин гардидааст.
Тавре зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода иттилоъ дод, ба буҷет ба ҷойи 791,1 миллион сомонии маблағи пешбинишуда, 812,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 21,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоят 1107,0 миллион равона карда шудааст, ки 98 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар маҷмўъ 959,2 миллион сомонӣ ё ин, ки 87 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст.
Ҳабибулло Иззатуллозода зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 301,5 миллион сомонӣ (100 фоиз) ва аз буҷети вилоятӣ 85,7 миллион сомонӣ (100 фоиз) маблағҳои мақсаднок ба шаҳру ноҳияҳои дахлдори вилоят ҷудо гардидааст.
Сипас рӯзноманигорон перомуни пардохти маблағи рухсатпулии омӯзгорон, қарзи барқи ташкилоту идораҳои буҷетӣ, зиёдшавии музди меҳнат, ҷудошавии маблағ барои иншоотҳои сохташавандаи вилоят, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба давраи тирамоҳу зимистон суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



