Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Чаро баъзе оилаҳо пош мехӯранд?
Оила ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи башарият буда, дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим дорад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 33-34) низ омадааст, ки оила дар паноҳи давлат аст.
Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои Ғарб оила маънии худро гум карда, он аз ҷумлаи муқаддасот маҳсуб намеёбад, ки насли ҷавон ба ҳифзу устувор нигоҳ доштани он аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Мутаассифона, боди ин падидаи номатлуб ба кишвари мо ҳам вазида, сол аз сол шумораи оилаҳои азҳампошхӯрда афзоиш ёфта истодааст. Танҳо дар соли 2021 наздики 15 ҳазор оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд, ки ин боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
Оид ба сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон сокинони вилояти Хатлон фикру андешаҳои гуногун доранд. Ба гуфтаи Наргис Раззоқова, корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод, ҳама хушбахтиҳои инсон аз оила сарчашма мегирад, вале ҳаёти оиладорӣ кори мураккаб мебошад. Барои тақвият ёфтани рукнҳои оиладорӣ бояд муносибати ҳамсарон дар асоси эҳтироми якдигар сурат гирад. Солҳои пеш ҷудошавии оилаҳо хеле кам буд, зеро вақте дар деҳот ягон оила вайрон мешуд, он ба тамоми бошандагони деҳа таъсири худро мерасонд. Дар он вақт пирони рӯзгордида бо насиҳату маслиҳатҳои ҳикматбор бисёр оилаҳои мавриди баҳсу муноқишаро ба муросо меоварданд. Зеро бузургсолон чунин мепиндоштанд, ки як ҳодисаи манфӣ таъсирашро ба аҳли оила ва ҷомеа хоҳад расонид.
Агар дар оила муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, вафодорӣ бошад, худи муҳаббати волидон, самимияти онҳо дар ҳаёт омили тарбияи хуби фарзандон мегардад. Муҳаббати падару модарон ва фарзандон оиларо боз ҳам пойдор мегардонад.
-Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ин омода набудани ҷавонон ба муносибатҳои оилавӣ мебошад, ки баъзан баҳсу муноқишаҳои одӣ ба эҳсоси нобовариву оқибат пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонад. Бинобар ин, беҳтарин роҳи пешгирӣ аз баҳсу муноқишаҳо ва зӯроварӣ дар оила ин канораҷӯӣ аз ҳолатҳои ногувор ва пеш гирифтани сабру таҳаммул дар мушкилоти зиндагӣ мебошад, - мегӯяд Фотима Раҷабзода, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳритус.
Бинобар маълумотҳои оморӣ давоми се моҳи аввали соли 2022 дар ноҳияи Шаҳритус 31 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, аз асари он 127 нафар кӯдакон аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд. Яке аз омилҳои дигаре, ки ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад, ин муҳоҷирони кории кишвари мо дар Федератсияи Россия мебошанд, ки бо мақсади гирифтани шаҳрвандии он давлат никоҳи худро бо ҳамсари асосиаш бекор мекунад.
Дар баробари ҷудошавии оилаҳо ҳамзамон, бесарпаноҳ мондани занону фарзандони падарятим аз мушкилоти умдаи ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Илова бар ин, ҳолатҳое низ мушоҳида мешавад, ки баъди пошхурии оила яке аз зодмандон аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд. Ин ва дигар проблемањо, хушунати хонаводагӣ боиси мушкилот дар ҳаёти модару кӯдакони бесарпаноҳ мегардад.
Шаҳрбонуи Сафарбек, омӯзгори Коллеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар, иброз медорад, ки устувории оила аз масъулиятшиносии зан шавҳар ва иродаи сабру таҳаммулпазирии онҳо дар пешорӯи мушкилоту муноқишаҳои дар оила пайдошуда вобастагӣ дорад. Тавре шоир фармудааст:
Бо Сикандар Хизр дар зулмот гуфт,
Марг мушкил зиндагӣ мушкилтар аст.
Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд, ки дар ҳолатҳои баҳсу муноқишаҳои ҷидии оилавӣ ва рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти иҷтимоӣ аз маслиҳату машварати солмандони рӯзгордида баҳравар бошанд, ки таҷрибаи бойи паси сар намудани шебу фарози зиндагиро доранд.
Вобаста ба омилҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он Бобоҷон Расулов, сокини ноҳияи Вахш изҳор медорад, ки дар ҳифзи оилаҳои ҷавон аз пошхӯрӣ падару модарон нақши муҳим дошта метавонанд. Зеро аксарияти наварӯсон аз оғози ҳаёти оилавӣ дар муҳити барояшон ношинос ва дар муносибат бо аҳли оилаи шавҳар ба дастгирии маънавӣ ва панду насиҳати хусуру хушдоманҳо сахт эҳтиёҷ доранд. Аз ҷониби дигар, сарварони хонаводаҳоро мебояд, ки дар ҳолати хатову иштибоҳи кӯчаке аз ҷониби навхонадорон ба ҷойи таънаву сарзашин, баръакс, ба ҷавонон маслиҳатҳои судманди худро дареғ надоранд,- иброз медорад Бобоҷон Расулов. – Яке аз сабабҳои дигари баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ва ҷудошавии ҳамсарони ҷавон ин бекорӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Аммо, итминон дорам, ки сабру таҳаммулпазирӣ, шукргузорӣ аз тани сиҳату тинҷиву осудагӣ инсонро аз ҳамагуна мушкилот наҷот бахшида, бо мурури вақт ӯро хушбахту саодатманд мегардонад.
Тавре, ки Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Гӯянд, санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Аъзам Бобоев
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД