Бойгонӣ

Посдори фарҳанги миллат

             
              Шоиро, аз сўхтан дорӣ хабар,
              Пас макун аз оташи сўзон ҳазар.
              То насўзӣ, сохтан мушкил бувад,
              Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад.
              Шеър ҳам бояд занад фавворае,
              Аз танўри дил чун оташпорае.
  Ин панди шоири миллат устод Мирзо Турсунзода журналисти варзида, сокини деҳаи Фидокори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, шоири номвар Усмон Билолиро роҳнамои зиндагист. Бо сўхту сохтанҳо шоиру журналисти асил шуда, миёни мардум соҳибобрў гардид. Аммо барои мақом ёфтану сарбаландона дар ҳаёт гом ниҳодан, роҳи душвору сангин, вале пуршарафро пушти сар намуд.
  Гузаштагон, падару бобоёни устод Усмон Билолӣ аз ноҳияи Тоҷикобод солҳои сиюми асри ХХ ба водии Вахш омада, дар деҳаи  Фидокори Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод маскан гирифтанд. Дар ободонӣ ва азхудкунии замини ин мавзеъ фидокорона заҳмат кашида, заминҳои ноободу туқайзорро ба водии ободон, гулу гулзор ва макони меваҳои шаҳдбор табдил доданд.
  - Ифтихор мекунам, ки гузаштагони мо аз ноҳияи кўҳистони водии Рашт ба водии Вахш омада, дашту тўқайзоронро ба гулистон табдил доданд. Падару модари зиндаёдам Билол ва Оиша ҳаёти худро бе шеър тасаввур намекарданд. Модарам духтари зиёӣ буду падарам аграном. Онҳо шеър иншо мекарданду шеър мехонданд,- ёдовар мешавад Усмон Билолӣ.
   Шоир Усмон Билолӣ соли 1957 дар чунин оилаи бофарҳангу бомаърифат чашм ба олами ҳастӣ кушод. Муҳити оилаи шоирпарвару шеърдўст ба зиндагии минбаъдаи шоир бетаъсир намонд. Дар дабистонҳои №16 ва №11– и ноҳияи Вахш таҳсил карда, соли 1974 мактаби миёнаро бомуваффақият хатм намуд.
- Аз устоди нахустинам, шодравон Ҳамдуллоҳ Исмоилзода, ки ҳамсабақи Мирзо Турсунзода буд, сипосгузорам, ки хондану навиштанро аз ў омўхтему баъди таҳсил донишҷӯи факултаи забону адабиёти тоҷик (риштаи рўзноманигорӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, аз устодони варзида сабақ гирифтем.
   Маҳз дар овони донишҷӯӣ бо доираҳои адабии шаҳри Душанбе ва баъди хатми донишгоҳ дар маҳфили «Гулбарг» таҳти сарпарастии устоди зиндаёд Пиримқул Сатторӣ ва шоири тавонои миллат- Алимуҳаммад Муродӣ, маҳфили «Рангинхаёл» - и рўзномаи ноҳиявии «Вахш» наздик шуда, донишу ҳунари худро дар ҷодаи шеъру шоирӣ сайқал додем. -мегӯяд Усмон Билолӣ.
   Соли 1981 баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолияти худро аз рўзномаи он солҳо шуҳратёри «Вахш» - и ноҳияи Вахш оғоз бахшида, ҳамчунин, солҳои гуногун дар Раёсати фарҳанги вилоят, МТМУ №16 – и ноҳияи Вахш, радиои вилоят, рўзномаи ноҳиявии «Байрақи дўстӣ» ба сифати сармуҳаррири рўзнома (ҳоло «Бохтар» - и ноҳияи Кўшониён), ба сифати муҳаррири телевизиони Хатлон, хабарнигори рўзномаи вилоятии «Хатлон», котиби матбуотии раиси шаҳри Бохтар, сармуҳаррири рўзномаи шаҳрии «Набзи Бохтар», ходими маҷаллаи «Сафо» ва Муассисаи давлатии Раёсати «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон ифои вазифа намуд. Айни замон дар ансамбли вилоятии фолклории этнографии «Хутал» кор карда истодааст. Аз маҳсули эҷодиаш бармеояд, ки барои ӯ мавзўъҳои ватандорӣ, ваҳдат, истиқлолият, парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ азизу муқаддасанд:
         Ватан замини армони миллат аст,
         Кафили умри ҷовидони миллат аст.
   -Устод дар ҷодаи ҳунару  фарҳанг роҳнамо ва ҳидоятгари ҳамаи мо аҳли эҷоди ансамбли вилоятии фолклорӣ – этнографии «Хутал» мебошад. Ў дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро дорост. Зиндагинома ва кору фаъолияти ў намуна ва сабақи ибратомўзест барои ҷавонон,- бо як ҷаҳон эҳтирому самимият арзи матлаб намуд Раҷабзода Мавлуда роҳбари ансамбли вилоятии фолклорӣ  – этнографии «Хутал».
  Усмон Билолӣ аз таъриху фарҳанги миллат огоҳии комил дорад. Дар эҷоди филмҳои таърихӣ миёни дигар киношиносон мақоми арзандаро дорост. Аз ҷумла, аввалин филми ҳуҷҷатӣ - таърихии «Вахши зарнисор» - ро бо ҳамқаламии банда рўи навор оварда будем, ки ба истиқболи 70 – солагии азхудкунӣ ва обёрии водии Вахш аз тариқи шабакаҳои якуми телевизиони Тоҷикистон ва телевизиони Хатлон манзури бинанда гардида буд.
   Баъдтар бо саҳми ӯ пайиҳам солҳои охир филмҳои «Бохтари қадим», «Сулолаи Кўшониён», «Аҷинатеппа», «Ҳулбук», «Ҳалевард» манзури дўстдорони кинои тоҷик гадонида шуданд. 
Шеъри Билолӣ аз чашмаҳои мусаффои кўҳистони тоҷик об мехўрад, зеро шоир худро фарзанди кўҳҳои баланди тоҷик медонад. Мардум ва аҳли ҳунару фарҳанг аз шеърҳои шоир бо завқ мутолиа намуда, ҳофизон ба шеърҳои ў оҳанг бастаанд, чунки шеъри Билолӣ равону оммафаҳму таъсирбахш аст. Маҳз шеъри «Кўҳистонӣ», ки ба қалами устод тааллуқ дорад, аз мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг будани миллати тоҷик дарак медиҳад,- бо эҳтиром ба шеъри шоир иброз медорад Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир.
   Усмон Билолӣ узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, аз сиёсати ваҳдатофар, сиёсати худшиносии миллӣ, сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдории комил  ёфтани ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ў дар самти ҳалли мушкилоти об дар сайёра пайваста ҳарфи дил мегўяд. Мардумро ба иттиҳоду якдилӣ атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад:
              Тапад набзи ту бо оҳанги миллат,
              Саропои вуҷудат нанги миллат.
              Нигаҳдорандаи расми ниёгон,
              Нигаҳдорандаи фарҳанги миллат.
  -Зиёда аз 40 сол боз бо устод Усмон Билолӣ ҳамкории эљодӣ дорам ва чандин шеърҳои ўро ба оҳанг даровардаам.  Вақте шеъри   «Дар оинаи вақт» - ро ба оҳанг дароварда, аз тариқи интернет дар дунё паҳн намудем, аз Австралия як ҳамзабони форс ба муаллифи шеър ва банда арзи сипоси бепоён дошт. Ин маънии онро дорад, ки шеъри устод Усмон Билолӣ марзҳоро убур кардааст,- бо ифтихор таъкид дошт Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ.
          Гуфт Одам ба Ҳаво лафзи дарӣ,
           Ҳадя аз аҳли биҳишт аст,
           Номаи қисмати халқони ҷаҳонро, шояд,
           Ҳақ ба ин лафз навиштаст
                   Ин забон
           Хати пайванди башар аз азал аст,
           Аз азал чашмаи шеъру ғазал аст,
           Ин каломи малакутӣ,
           Лаҳни комилшавии инсон аст,
           Маҳзари покию имон,
           Ҷовидон дар варақи Нуъмон аст.
           Ҷомаи фохирае бар тани мост,
           Теғи душманфикану ҷавшани мост.
   Ба қавли ӯ забон занҷирест, ки имрўзи моро ба ҳазорсолаҳо мепайвандад. Ҳатто  истилогарон ба назди забони мо сари таъзим фуруд оварданд. Шоир дар баробари истеъдоди худовандӣ бояд пайваста дар омўзиш бошад, осори бебаҳои адибони классик ва замони муосирро аз худ кунад. «Аз гаҳвора то гўр дониш биҷўй»,- ин ҳикматро сармашқи зиндагии худ қарор диҳед.
  - Бо устод Усмон Билолҳ ҳам дар рўзномаи «Набзи Бохтар», ҳам дар идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон якҷоя кор кардаам, ки бароям аз мактаби ў сабақ гирифтан мояи сарфарозист. Инсони ботамкин, худшинос, дилогоҳ, шоири муваффақ, марди дарёдилу масъулиятшнос, хоксору фурутан ва далеру муборизро барои худ кашф намудам. Шеъру сурудҳои ў дар дили мардум маъво гирифта. Бахусус, суруди «Чилдухтарон» дар иҷрои ҳофизи шодравон Бозорбой Одинаев ҳамаро мот намуд,- андеша меронад Оймоҳ Ҳасанова сармуҳаррири телевизиони Хатлон.
   Усмон Билолӣ аз рӯзноманигорони пурмаҳсулест, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар чандин  рўзномаю маҷаллањо фаъолият кардааст. Аз солҳои аввали таъсисёбии рӯзномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” бо ҳамроҳи рӯзноманигорони собиқадори вилоят Амиршоҳи Хатлонӣ ва Ҳамро Салимзода дар рушду муаррифии ин нашрия саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамзамон, чанде дар маҷаллаи «Сафо» кор карда, айни замон дар маҷаллаи вилоятии «Меҳровар» фаъолият дорад. Ў касби журналистиро бошараф дониста рисолати раҳнаварди ин ҷодаро дар ватандорӣ, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ростгўӣ, ҳақиқатҷўӣ арзёбӣ медорад. Тавре дар шеъри «Журналист» ёдовар шудааст:
          Хомаам чун теғи Синои бузург эҳёгар аст,
          Дар вуҷуди ҳар сухан ҷон медарорад журналист.
          Нокасе бар миллату меҳан хиёнат мекунад,
          Дуди дил аз синаи худ мебарорад журналист.
          Доди мардумро ситонад, то ки аз номардумон,
          Пеш – пеши ҳақталошон по фишонад журналист.
  - Бо Усмон Билолӣ аз солҳои 80 – уми асри гузашта дўсту бародар ва ҳамқаламем. Шоири навҷўй, эҷодкори асил сабку услуби худро дорост. Шеъри устод ваҳдат аст, ишқ аст, истиқлолу ватандорист. Ў таронасаро, ваҳдатсарои ин Ватан мебошад,- мегӯяд шоири ширинбаён Чўпон Бадали Ванҷӣ.
Дар баробари фаъолиятҳои эҷодӣ Усмон Билолӣ солиёни зиёд ба ҳайси ровии мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни тамошобинони барномаҳои варзишии телевизионӣ ва мухлисони варзиш маҳбубият дошт. 
Дорандаи нишонҳои ифтихории Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ, соли  2009 барои китоби «Сад шукри Рўдакӣ» (дар назм) ба гирифтани Ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон ва 5 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид.
   Ў соҳиби 10 китоби очеркҳо, аз ҷумла, «Фотеҳони Вахши зарнисор», «Офтоби паси абр», «Қирони Саъд дар осмони Бохтар» ва муаллифу муҳаррири китоби «Набзи баҳори сухан» мебошад.
  Ҳамчунин барои кўдакон китобҳои «Дар паҳлуи бобоям», «Чистонҳо» ва маҷмўаҳои шеърҳояшро бо номҳои «Бистари хоб», «Ширинтарин таронаи оғоз», «Сад шукри Рўдакӣ», «Замини сабзи ҳавасҳо», «Сукути сабзи нахл», «Баёзи меҳр», «Дар обшори нур» ва «Охирин ҷоизаи тақдир» дастраси дўстдорони каломи бадеъ ва кўдакон намудааст.
  Усмон Билолӣ ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолу Ватани биҳиштӣ эътимоду боварии комил дорад. -Таҳти сиёсати хирадмандона, дар ҳамбастагию ҳамдилӣ, зери Парчами нангу номуси ватандорӣ мо ба қуллаи мақсуд – зиндагии шоиста хоҳем расид,- бо боварӣ изҳор медорад ӯ.
  Усмон Билолӣ аз зиндагии 40 – сола бо ҳамсари меҳрубонаш Нафиса соҳиби 4 фарзандони наку гардидааст. Дар баробари фаъолияти эҷодӣ ба кишту кори замини наздињавлигӣ ва хоҷагии деҳқониашон завқу рағбат дошта, аз заҳмати деҳқонӣ ҳам баракат ёфтааст.

              Саидзода Шералӣ
     узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019