Бойгонӣ

“Ҳамеша бо ҷомеа мемонам”

   Саидқул Шомалангзода  15- уми июни соли 1948 дар деҳаи Қули Суфиёни ноҳияи Данғара дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш Шомаланг Гадоев омӯзгор,  модараш Ҳокима Сӯфиева колхозчӣ шуда кор мекарданд.Соли 1952 аҳли оилаи онҳо ба водии Вахш кӯч мебанданд ва дар хоҷагии имрӯзаи ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муқимӣ мегарданд.
   Саидқул Шомалангзода соли 1965 мактаби миёнаи умумии №35-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро хатм кард, ба факултаи филология (забон ва адабиёти тоҷик)-и Донишгоҳи омӯзгории ба номи  Садриддин Айнӣ дохил мешавад. Соли 1969 баъди хатми донишгоҳ то декабри соли 1970 дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина хизмати ҳарбиро адо намуд.
   Баъди адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаҳои гуногуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз ҷумла, омӯзгори МТМУ №36, ҷонишини директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №19 ва солҳои 1984-1986 мудири шуъбаи умумии ҳукумати ноҳияи мазкур,  сарвари МТМУ №35, раиси Иттифоқи касабаи комбинати орди ноҳия идома додааст. Баъдан, аз соли 2000 то 2006-ум сармутахассис-муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, соли 2009 мухбири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва аз  он ба баъд  ду соли дигар мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, солҳои 2011-2014 ба ҳайси  саромӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав кору фаъолият дошт. Сониян, соли 2016-2021 ӯ раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва аз моҳи январи соли 2022 инҷониб сармуҳарририи рӯзномаи навтаъсиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ”Меҳтарони Хатлон”-ро бар дӯш дорад.

    - Устод, хуб мешуд нахуст аз муҳити хонаводаи падарӣ қисса мекардед, ки зодмандон дар тарбияву ташаккули зеҳнии шумо чӣ нақше доштанд?
   -Мо, ки дар оилаи омӯзгор ба воя расидем, шояд аз сахтгирии падар бошад ё муҳити оилаи зиёӣ буданамон, ки имрӯз ҳафт нафар фарзандони падар соҳиби маълумоти олӣ, аз ҷумла, чаҳор нафари мо омӯзгор шудем. Падарам Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи чандин ордену медалҳо ва собиқадори меҳнат буданд. Омӯзгорӣ касбест, ки бениҳоят мушкилоти зиёд дорад ва агар омӯзгор касбашро аз сидқи дил дўст надорад, фоидаи вай ба ҷамъият кам мерасад.
  -Аз овони донишҷӯӣ ва нахустин даврони эҷодиётатон дар донишогоҳ кадом лаҳзаҳо дар хотири шумо мондааст?
   - Овони донишҷӯӣ аз тамоми  гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷавонон аз Самарқанду Сариосиё, Бойсун ва дигар шаҳру вилоятҳои ҳамсоякишварҳо ҳамроҳи мо таҳсил доштанд. Ҳаёти донишҷӯӣ даврони тиллоии умр аст, дар он баҳори умр инсон дониш меҷӯяд. Ёдам ҳаст, барои гирифтани ҷой дар ягона китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ то соати 12-и шаб мунтазир мешудем, зеро он замон дар китобхона ҷойи нишаст кам буд. Хушбахтона, дар давраи донишҷӯӣ бо шахсони маъруфи имрӯза, ба монанди Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Сулаймон Анварӣ ва дигар олимону адибон ҳамсабақ будем. Дар донишгоҳ рӯзномаи  “Анвори дониш”фаъолият мекард, ки ҳамон солҳо дар он мақолаҳои кўчаки мо низ чоп мешуд. Аз ҳамон лаҳзаҳо меҳру муҳаббатам ба рӯзнома зиёд шуда, ба навиштани мақолаю лавҳаю очерк шурўъ кардам ва то ба имрӯз китобҳои зеринро пешкаши хонандагон намудаам: ”Номбардорони Қули Сӯфиён” ва “Номбардорони падар” (2000),“Рози дил”(2009), ”Некӣ бимонад ҷовидон” (2011),”Меҳрнома” (2016),”Марди хирад” (2018) ва охирин китобе, ки соли 2019 рӯи чоп баромад ин “Аҷдоднома” мебошад.
   - Аз овони хурдсолӣ ва орзуҳои кӯдакиатон қисса мекардед?
   - Овони наврасӣ хато накунам синфи 5- 6 мехондам, ки дар деҳа духтурон пайдо шуданд, ки бо либосҳои сафед  хона ба хона мегаштанд. Кӯдакон аз тарси нагузаронидани сӯзандору мегурехтанд, аммо ман бошам бо ҳамроҳии табибон хона ба хона мегаштам. Аз ҳамон лаҳзаҳо дар дилам орзуи духтур шудан пайдо шуд. Соли 1965 мактаби миёнаро хатм кардам, аввал ҳуҷҷатҳоямро ба  донишгоҳи тиббӣ супоридам. Аз сабабе, ки дар мактаби миёна муаллими забони русӣ ва англисӣ надоштем, ки (он давраҳо таҳсил дар донишгоҳ бештар бо забони русӣ буд) аз райъам баргашта, ҳуҷҷатҳоямро гирифта, назди амакам Мирзоев Наим омадам, ки дар пойтахт мезист. Ӯ иштирокчии ҷанг буд ва бо машварату роҳнамоии амакам ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ супоридам. Ҳамин сон донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёт хатм намуда, ҳампешаи устоди мактабиам Ахмедов Турақул шуда, то  имрӯз аз рӯи ҳамин касб, ҳамин қалам кору фаъолият намуда истодаам.
   -Андешаи шумо дар бораи нақши матбуоти даврӣ дар тарбияи маънавию худогоҳии ҷомеа. Лутфан мегуфтед, ки фарқи рӯзномаҳои собиқ шӯравӣ аз рӯзномаҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар чӣ аст? 
  -Матбуотро чашму гӯши халқ мегӯянд, чаро? Чунки журналист чизи дида ва шунидаашро ба тариқи газета ё дигар расонаҳо ба омма пешниҳод мекунад. Бисёре аз бузургони илму адаби тоҷик, аз зумраи устодон Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва Мирсаид Миршакар рӯзноманигор буданд. Дар давраи шӯравӣ рӯзномаҳо бо теъдоди хеле кам чоп мешуданд. Дар даврони истиқлолият ҳам баъзе рӯзномаҳое ҳастанд, ки теъдоди чопаш хеле кам аст ва инро раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҳам дар чандин нишастҳои матбуотиаш қайд намуда буданд, ки теъдоди обунаи рӯзномаву маҷаллаҳо хеле кам аст.
   Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ зиёд гардида истодааст ва доираи васеъро дар бар мегирад ва мутахассисони арзанда, собиқадорони соҳаи матбуот ва ҷавонон кору ҳамкорӣ мекунанд. Боварии комил дорам, ки имрӯз аз рӯзномаҳое мисли “Хатлон”, маҷаллаи ”Сафо” ва дигар нашрияҳо  хабару мақолаҳои ҷолибро метавон дарёфт.
   -Барои худсозии инсон, бахусус, тарбияву обутоб ёфтани ҷавонон дар вазифаҳои ҷамъиятӣ чӣ чиз аз ҳама муҳим аст?
  -Муҳимтарин чизе, ки моро ба пеш мебарад ва бо он худро обутоб медиҳем ин аввалиндараҷа дониши хуб доштан аст. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:
  Дониш андар дил чароғи равшон аст,
  В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
    Дар замоне, ки мо таҳсил мекардем шароити иҷтимоӣ хеле вазнин буд ва бо ҳамаи ин нигоҳ накарда бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, соҳиби мансабу касбу кори гуногун шудем. Ба роҳ мондани озмунҳои “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”,”Тоҷикистон ватани азизи ман” ва ”Илм –фурӯғи маърифат” ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар чунин озмунҳо иштирок намуда, донишу малакаи худро бисанҷанд  ва дар ҷомеа обрўву мавқеи худро пайдо намоянд. Зеро ояндаи миллату давлати мо дар дасти ҷавонон аст.
  -Бисёриҳо давраи ба синни нафақа расиданро, ба  қавле ҷамъбасти фаъолиятҳои меҳнатӣ ва даврони бознишастагӣ мешуморанд. Шумо дар ин хусус чӣ андеша доред?    
  -Шахсе, ки дар ҷодаи кору пайкораш ҳавас надошта бошад, дар синни нафақа не, балки пеш аз нафақа ҳам ба имконияту зарфиятҳои худ нуқта гузошта аст. Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ягона шӯроест, ки бо имзои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон қонун қабул шудааст, ки ҳар шахс новобаста ба синни нафақа расиданаш, агар қуввату тавони корӣ дошта бошад, метавонад фаъолият бинмояд. Дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо пирони рӯзгордида ва собиқадорони меҳнат, ки ҳамаи пастиву баландиҳои рӯзгорро дидаанд, кору фаъолият доранд. Имрӯз дар 25 шаҳру ноҳияҳо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат фаъолият доранд, ки дар онҳо шахсони ба синни нафақа расида кор мекунанд. Шукрона, ки имрӯз мо низ дар қатори дигар собиқадорони меҳнат  дар ҷомеа фаъолият намуда, мекӯшем то ҳадди имкон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошем.
    -Айни замон ба чӣ корҳо машғул ҳастед?   
   -Алҳол вазифаи хеле масъулиятнокро бар зимма дорам. Бо дастгирии бевоситаи раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва тавсияи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Раҳматулло Сафарзода вазифаи муҳарририи рӯзномаи навтаъсиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ”Меҳтарони Хатлон”-ро ба зимма дорам. Вожаи “меҳтар” дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, шеърҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва асарҳои безаволи Носири Хусрав ва ғайра ба маънои шахси калонсол, бузургсолу донишманд омадааст. Биноан, зимни номгузории нашрия калимаи “меҳтар”-ро интихоб  намудем ва ҳамин тавр, аз моҳи январи соли 2022  панҷ шумораи ин рӯзнома бо теъдоди 4100 нусха рӯи чоп баромада, дастраси мардум гардид. Дар ҳар шумораи ин нашрия барои хонандагони хеш оид ба ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат матлабҳои ибратомӯз таҳия ва пешниҳод месозем. 
- Устод, ташаккур барои суҳбат!
     - Ба шумо низ ташаккур!  

Мусоҳиб Хайрулло Саъдуллоев, коромӯзи “Сафо”


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019