Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲОСИЛИ ЗАВҚОВАР
Сабзавоткорӣ аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, таъмини доимии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ аз он вобастагии калон дорад. Бахусус парвариши помидору бодиринг дар шароити гармхонаҳо имконият медиҳад, ки кишоварзон бо истифода аз таҷрибаву усулҳои пешқадами соҳа ин намуди маҳсулотро истеҳсол намуда, талаботи сокинонро қонеъ созанд.
Сол то сол дар ин арса деҳқонони вилоят ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, таҷрибаи худро ба ҳамдигар меомӯзонанд. Ин мавсим ҷавони кордидию мутахассиси варзида аз Љамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён Сулаймон Шафоев дар гармхонаҳои замини наздиҳавлигии худ парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидорро ба роҳ монда, ба дастоварди хуби меҳнатӣ мушарраф гардидааст.
-Барои ҳосили дилхоҳ рӯёнидан аз ин ё он намуди зироат пеш аз ҳама сидқан бояд меҳнат кард, - мегӯяд Сулаймон Шафоев. - Аз усулҳои пешқадами соҳа кор гирифтан ҳам талаботи замон аст. Зеро илмро дар истеҳсолот татбиқ кардан ҳамеша самаровар хоҳад буд. Ман пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳо дар соҳаи худ ҳастам. Таҷрибаи натиҷабахши кишоварзони дохилию хориҷиро меомӯзам ва онро дар шароити маҳали зисти худ аз санҷиш гузаронида, бо ин васила роҳу равиши корамро такмил медиҳам. Ин аст, ки солҳои охир кӯшишҳои мо самаровар гардида, ҳосилконии зироатҳои киштнамудаамон бештар гардидааст, - илова намуд кишоварз.

Ниҳолони помидорҳое, ки имрӯз хеле пурборанд тухмии онҳоро Сулаймон ҳамроҳ бо аъзои оилаи худ нимаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта дар ќуттиҳои махсус кошта, то 20-уми январи соли равон парвариш намудаанд. Пас аз он парвардаҳои помидорро ба дохили гармхона гузаронида, се моҳ нигоҳубин карда, ба онҳо обу ғизо додаанд. Натиҷаи ин заҳмати шабонарӯзӣ аст, ки имрӯз ҳамаи ниҳолони помидор ғарқи ҳосил гаштаанд.
- Бо мақсади он ки маҳсулотро барвақттар омода намуда, ба бозор барорем, каме хароҷотҳои иловагӣ доштем. Ин харидории ҳаҷми зарурии ангишт, маводи ғизоии табиӣ ва нуриҳои минералӣ барои афзоиши навниҳолон ва дигар ашёи лозимаи корӣ буд. Дар натиҷа бо ҳосили дилхоҳ хароҷотро бароварда, подоши заҳматамонро гирифтем ва аз ин хеле хушҳолем, - иброз менамояд роҳбарии хоҷагии деҳқонӣ С. Шафоев.
Мавсуф зимни тавсифи тухмиҳои навъи “Замира”, “Вардамза” ва “Рунер”-и испанӣ, ки онҳоро истифода бурдааст, зикр дошт, ки ин намудҳои помидор пешпазак, серҳосил, сифатан аъло ва муҳлати нигоҳдориашон зиёд мебошад. Ба гуфтаи Сулаймон дар интихоби тухмиҳо набояд хато кард. Зеро яке аз омилҳои асосии фаровонҳосилӣ маҳз ба сифати тухмии зироат вобаста аст. Аз ин лиҳоз вай тавсия дод, ки деҳқонон бояд навъҳоеро кишт кунанд, ки ба обу хок ва иқлими минтақа мутобиқ ва аз ҷониби сабзавоткорон борҳо таҷрибашуда бошад.
- Ин навъҳо махсусан барои парвариш дар гармхонаҳо тавсия дода мешавад. Ҳар як ниҳоли онҳо то 13-14 хўша ҳосил мебандад. Барои он ки помидор ҳаҷман калон ва сифати он баланд шавад, мо дар ҳар ниҳол 6-7 хўшаи ҳосилро гузошта, боқимондаро меканем. Ин амал ҳамчунин боис мегардад, ки пояи ниҳолон устувор гардида, ҳосили онҳо зудтар пухта расад. Аз сабаби он, ки дар тобистон дар майдони кушод ҳам помидор мерӯяду нарх поин мефарояд, гармхонаҳоро барвақтар холї карда, барои кишти тирамоҳӣ омода шудан мувофиқи мақсад аст, - таъкид мекунад кишоварзи пухтакор Сулаймон Шафоев.
Маҳсули дасти ин зарбдори асил ва саҳмдорони хоҷагиаш асосан дар бозорҳои маркази вилоят ва шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешавад. Агар аз як ҷиҳат ӯ аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оварда, сатҳи зиндагиашро баланд бардорад, аз ҷониби дигар Сулаймон бо заҳмати худ дар фаровонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми муносиб мегузорад.
Дар ҳамаи гармхонаҳои номбурда системаи обёрии қатрагӣ насб карда шудааст, ки ба гуфтаи коршиносон он назар ба обёрии анъанавӣ бартарии зиёд дорад. Ин тарзи обёрӣ имконият медиҳад, ки об ва ғизо сарфа карда шуда, бар замми ин онҳо ба ҷойи даркорӣ, яъне зери ниҳолон рафта расад ва ба ин васила намии замин якхел нигоҳ нигоҳ дошта шавад.
Қаблан Сулаймон ва хонаводааш танҳо дар замини наздиҳавлигии худ якчанд гармхонаҳои хурд доштанд. Акнун соли дуюм аст, ки онҳо дар як гӯшаи хоҷагии деҳқонии оилавии худ ду адад гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҳаҷман калон бунёд намуда, ба сабзавоткорӣ машғул мебошанд.
Онҳо ҳамчунин дар майдони васеъ пахта, полезӣ, картошка, пиёз ва дар гармхонаи наздиҳавлигӣ лубиё, бодиринг, қаламфури ширин, кадуча, боимҷон ва дигар намуди зироатҳои кишоварзиро парвариш намуда, дар таъмини рӯзгор аз маҳсулоти ватанї истифода мебаранд.
М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид