Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Рӯзи шашмақом таҷлил карда шуд
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷиҳати ҷашн гирифтани Рӯзи шашмақом, ки ҳамасола 12 май таҷлил карда мешавад, чорабинии хотирмоне баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ ва дигар алоқамандони ин ҳунари асил иштирок намуданд.

Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва дигар алоқамандони ин жанри мусиқии суннатиро аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода табрик ва таҳният гуфт.
Ӯ қайд кард, ки маҳз ҳамин бузургии санъати миллии шашмақом аст, ки дар радифи дигар арзишҳои муқаддасу миллии тоҷикон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор ёфт ва ҷиҳати рушду камоли ин санъати миллӣ ва бузургдошти шашмақом ба ҳайси як рукни абадзиндаи миллат ҳамчун достони муҳташами савту калом соли 2000-ум мақоми давлатиро касб карда, то ба имрӯз ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.
Зикр карда шуд, ки тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат шашмақом на танҳо мавриди пажуҳиш, омӯзиш қарор гирифта, ба як мактаби бузурги камолот табдил ёфтааст, балки бо саъю талоши Роҳбари давлат шоҳкории мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар соли 2003 пешниҳод гардида буд. Баъди омӯзиш ва тадқиқотҳои олимон соли 2008-ум шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуд, ки бори дигар шуҳрати санъати миллии тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули ин жанри миллӣ мароқи хоса зоҳир намуда, бобати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, ҳунармандон дастгирӣ меёбанд.
Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли “Шашмақом” фаъолият дорад, ки ҳунармандони он ба ҳама тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд ва нақши онҳо баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, тарбияи насли наврас дар ҷодаи мақомхонӣ рушди ёдгории бегазанди санъати мусиқии «Шашмақом» беназир аст.
“Итминони комил аст, ки шашмақом чун рукни таърихи миллат аз насл ба насл гузашта, фасеҳтару қавитар мегардад ва чун арзиши миллӣ умри ҷовидона хоҳад ёфт. Бигузор доимо дар фазои сулҳу суботи меҳан ёдгории бегазанди санъати мусиқии миллат - шашмақом танинандоз бошад”,- гуфт Фирӯза Шарифӣ.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунарпешаҳои ансамбли “Шашмақом”, ки дар рушди ин ҳунари асили суннатӣ саҳми бориз гузоштаанд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сипоснома тақдим карда шуд.
Дар фарҷом баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини аҳли ҳунар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Сулаймони Давлат
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



