Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЭЪЛОН:
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилоят аз 26 феврали соли 2021, №47 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.
- 5 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ
- 11 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ
- 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ
Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят аз 10 май то 10 июн соли 2022 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроғаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила пешниҳод намоянд.
Тартиби баррасии дархост:
Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).
Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шурўъ мегардад.
Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.
Дархостҳо тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.
Танҳо 21 (бисту як) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми Грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда муайян карда мешавад.
Байни раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 10 май то 10 июни соли 2022-ро дар бар мегирад.
Замима
ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025
Дархост ва номгӯи
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмуни грантҳо
1. Мактуби раисони шаҳру ноҳияҳо барои пешниҳоду дастгирии соҳибкорзанон
2. Ариза ба унвонии раиси комиссияи грантӣ
3. Маълумот дар бораи соҳибкор
- шарҳи ҳоли соҳибкор;
- нусхаи шиноснома;
- ду дона акси 3 х 4;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва уҳдадориҳо;
- маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ).
4. Маълумот дар бораи лоиҳа
- номи лоиҳа;
- тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;
- мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);
- вазифаҳои лоиҳа;
- муҳлати амалигардонии лоиҳа;
- маблағҳои дархостшаванда;
- макони амалигардонии лоиҳа;
- саҳми соҳибкор;
- таъсиси чанд ҷойҳои кории нав
- буҷети лоиҳа;
- натиҷаҳои пешбинишавандаи амалигардонии лоиҳа.
Добавить комментарий
Ахбор
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд 11:45ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:255 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ 12:51Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:46Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 12:41Умеди аввалу охир 12:38ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



