Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Инсони дарёдил
Талбак Худойқулов дар деҳаи Пехо 5 – 6 километр болотар аз шаҳри Норак дар оилаи деҳқони ғаллакор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падари зиндаёдаш Отахон Худойқулов, модари шодравонаш Моҳӣ Ҷӯрақулова инсонҳои одии заҳматкашу меҳмоннавоз буданд. Ӯ дар васфи падар, ки фарзандони солеҳро ба камол расониданд, аз забони шоир мегӯяд:
Дар даҳр меҳрубоне мисли падар надидам,
Ширинтар аз каломаш шаҳду шакар надидам.
Шамси саодатам буд, моҳи ҳидоятам буд,
Гарм аз ҷамоли покаш шамсу қамар надидам.
- Ҳар як инсон қарзи имонию виҷдонии худ ҳурмату эҳтироми волидонро бояд ба ҷой биорад, рўҳи поки онҳоро бо амали неку дуои хайр шод гардонад, то фардо фарзандон ба қадри бузургии дили падару модари худ бирасанд,- андеша меронад Талбак Худойқулов, ки ҳақ асту рост.
Роҳи тайкардаи ӯ ҳамвор набуд, ҳанўз дар овони наврасӣ зарбаи тақдирро чашидаааст. То синфи 5-ум дар МТМУ № 6–и ба номи Преживалский таҳсил дошт. Аммо дар соли 1968 бар асари фаромадани ярч ин дабистон ва қисман деҳаи Пехо, аз ҷумла, хонаи падарии Талбак низ пурра таги хок монда, имрўз ин макон ба чарогоҳ табдил ёфтааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ набуд, вале сахт дардноку аламовар буд. Имрўз дар деҳаи Пехо 400 – 500 оила зиндагӣ дошта, қисме аз онҳо ба ноҳияи Вахш кӯчиданд.
- Хотироти неку самимӣ аз устоди нахустинам Ҷумъаназар Ҳамроев бароям то ҷовидон фаромўшнопазир аст. Ин ҷавони донишманд хондану навиштанро ба мо ёд дод, меҳр ба Ватан–Модар, ба обу хоки Тоҷикистонро дар дили мо бедор кард. Баъди ду сол ӯ ба Самарқанд баргашт. Имрўз дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба сифати мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ин боргоҳи маърифат ифои вазифа дорад. Ман ўзбекзабон бошам ҳам, вале ифтихор дорам, ки устоди нахустини банда профессор Ҷумъаназар Ҳамроев имрўз тарғибгари забону адабиёти тоҷик мебошад. Хушбахтона, дер ҳам бошад, баъди 51 сол бо устоди худ дар шаҳри Норак вохўрдаму хотироти он солҳоро саҳфагардон намудем. Устод соли 2018 баъди шикасти яхи карахтӣ, хуб шудани муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ бо саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳи як гурўҳ дўстони ўзбекистонӣ ба шаҳри дўстӣ – Норак ташриф оварданд,- иброз медорад Талбак Худойқулов.
Талбак Худойқулов соли 1968 дар дабистони рақами 2–и маҳаллаи Лангари шаҳри Норак аз синфи 5 то 8 ба забони ўзбекӣ ва синфҳои 9 - 11 – ро ба забони тоҷикӣ дар мактаби шабонаи коргарҷавонон хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро баъди хатми гурӯҳи ронандагӣ аз соли 1973 ба ҳайси ронандаи мошинҳои боркаши НБО – и Норак оғоз намуда, аз соли 1979 ба сифати ронандаи хоҷагии нақлиёти ин неругоҳ фаъолият бинмудааст.
- Дар симои Талбак Худойқулов як инсони дарёдил, накукор, ободгар, марди худогоҳу ватандори асилро мебинам. Ў як ҷавонмарди дилогоҳу хайрхоҳи мардум аст. Маҳз ҳамин фазилатҳои инсониаш Талбак Худойқуловро дар байни мардум соҳибобрў ва соҳибэҳтиром гардонидааст,- мегӯяд сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Норак Саидалӣ Одилов.
Солҳои 1984 Талбак Худойқулов филиали техникуми энергетикии шаҳри Ленинградро, ки он солҳо дар шаҳри Норак фаъолият мекард, бо ихтисоси гидротехник хатм намуд. Баъди хатми техникуми мазкур фаъолияташро ба ҳайси муҳандис-устои шабакаҳои гармидиҳии Муассисаи давлатии «Обҳои нўшокӣ ва коррезӣ» - и шаҳри Норак идома медиҳад. Солҳои 1988 - 1993 ба сифати сардори қитъаи таъмири хонаҳо оид ба гармидиҳӣ кори худро идома бахшид.
Солҳои 1993 – 1997 дар вазифаҳои сардори хоҷагии НБО – и Норак кор карда, аз соли 1997 ба сифати муовини сардори хоҷагии шабакаҳои муҳандисии НБО – и Норак, баъдан, сармуҳандиси ҳамин корхона ва солҳои 2010 – 2014 сардори хоҷагии шабакаҳои муҳандиси НБО – и Норак ифои вазифа намудааст.
Соли 2014 Талбак Худойқулов сардори Муассисаи давлатии «Обҳои нушокӣ ва коррезӣ» - и шаҳри Норак таъин шуда, баъдан ба сифати муовини сардори ҳамин корхона фаъолият бинмудааст. Айни замон сардори шуъбаи кор бо муштариёни муассисаи мазкур мебошад.
Зиндагӣ ва кору фаъолияти Талбак Худойқулов ба ду корхонаи шуҳратёри шаҳри Норак НБО – и Норак ва Муассисаи давлатии «Обҳои нушокӣ ва коррезӣ» - и шаҳр алоқамандии зич дорад. Аз оби мусаффои дарёи Вахш барқи аз нигоҳи экологӣ тоза тавлид меёбаду аз баландии 830 метр аз обанбори НБО – и Норак ба обанбори Муассисаи давлатии «Обҳои нушокӣ ва корезӣ» - и шаҳр хати об пайваст буда, баъди бо хлор тоза кардану безараргардонӣ, ташхис дар таҳлилгоҳ аҳолии шаҳри Норак ва деҳоти он бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегардад. Дар ин обанбор ва таҳлилгоҳи он миллатҳои гуногун имрўз низ дўстона кору фаъолият доранд, ки Гулфина Чолбобоева ва шавҳараш Олим Чолбобоев аз дўстони қадршиноси Талбак Худойқулов ва кормандони ботаҷрибаи ин даргоҳ маҳсуб меёбанд.
- Барои мо мардуми Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозист, ки 4 ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи дунё, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории комил ёфт. Мо миллати хушбахтем, ки дар саргаҳи обҳои поку мусаффои Ватан зиндагӣ дошта, аз оби ҷонбахши чашмаҳои диёр нӯши ҷон мекунем, аммо имрӯз миллионҳо сокинони ҷаҳон аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд,- мегўяд собиқадори соҳа.
Талбак Худойқулов боварии сокинони шаҳри энергетикҳоро сазовор шуда, дар ду давра солҳои 2005 - 2010 ва 2010 – 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак интихоб гардидааст.
Талбак Худойқулов аз ҳаёти хушбахтона бо бонуи ҳалиму меҳрубон Аноргул Соҳибова соҳиби 7 фарзанд- Сафарҷон, Ҷўрақул, Оллоҳназар, Таманно, Рухшона, Меҳрона ва Насимҷон мебошанд, ки дар пайравӣ аз зодмандон хизмат ба халқу ватанро рисолати худ дар зиндагӣ мешуморанд.
- Мо фарзандон аз он шодем, ки падари арҷманду соҳибэҳтиром дорем. Ў моро хононд, ба воя расонд, соҳибкасб намуд, то ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоем. Падари мо гули сари сабади ҷомеа ва ифтихори мо фарзандон мебошад,- аз меҳр ба падар арзи матлаб намуд Таманно Исматова, духтаре, ки имрўз пайрави падар аст.
Талабак Худойқулов барои меҳнати самарабахш бо чандин диплому ифтихорномаҳои роҳбарияти шаҳри Норак, Неругоҳи барқи обии шаҳр ва нишони сарисинагии «Аълочии барқи тоҷик» қадр гардидааст.
Саидзода Шералӣ
шаҳри Норак
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ



