Бойгонӣ

ЧЕҲРАИ ДУРАХШОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ “ХАТЛОН”

Бахшида ба 110 –солагии Рўзи матбуоти тоҷик
   Вақте мепурсанд, ки эҷодкори асилу қаламдори хушхат кист? Ҳамоне, ки кору кирдораш накуву ақлу идрокаш баланд? Ҳамовоз гӯянд: Шералӣ Саид! –журналисте, ки бо нигоҳи фароху кори пурэъҷоз 30 сол боз чеҳраи телевизиони “Хатлон” асту ӯро бо маҳсули эҷодаш мешиносанд ва ба касбияташ арҷ мегузоранд.  
   Рӯзи матбуоти тоҷик буд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар назди даҳҳо нафар журналистону дигар кормандони воситаҳои ахбори омма аз маҳорати суханварию нигорандагии Шералӣ Саид дар барномаи мустақими “Рӯ ба рӯ бо тамошобин”- и телевизиони “Хатлон” тавсиф карда, ба касбияти ӯ баҳои баланд дод. 
   Ин бори аввал набуд, имрӯз ва аз ин пеш ҳам дар доираҳои эҷодию фарҳангӣ ӯро ба ҳайси  рӯзноманигори пурмаҳсул ва намунаи ибрати журналистони ҷавон мешиносанду эътироф доранд. Шералӣ Саид тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ ҳама ҳастии худро ба касбу кор бахшидааст. 
   -Дар оилаи деҳқони ҳунарманд ба дунё омадаам, - мегӯяд Шералӣ Саид. – Падарам зироаткор ва табақтарошу сабадбоф буд. Аз миёни чор фарзанд ман  суханвар шудан мехостам. Бинобар ин, баъди хатми МТМУ № 25-и зодгоҳам- деҳаи Гулистони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсилоти олӣ гирифта, дар ин баробар дуюним сол дар мактаби эҷодии нашрияи вилоятии “Роҳи Ленинӣ” таҷрибаи касбӣ андухтам, – мегӯяд ӯ.
   Аввали солҳои ҳаштодум Шералӣ Саид бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори ҷавон ба водии Вахш фиристода мешавад ва фаъолияти меҳнатии худро аз МТМУ № 5-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи ҳозира Кӯшониён оғоз намуда, 12-13 сол ба толибилмон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Ӯ дар ин баробар бо рӯзномаву маҷаллаҳои даврии маҳаллию ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ намуда,  аз соли 1983 фаъолияти худро дар ВАО идома медиҳад.
   -Мақолаву очерк, лавҳаву дигар маводи публисистиам дар рӯзномаҳои “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, “Байрақи дӯстӣ” ва маҷаллаи “Мактаби советӣ” пайваста чоп мешуданд. Он замон нашрияҳои маҳаллӣ мақому манзалати воло доштанд. Мухбирони коргару деҳқон фаъол буданд. Хонандагон ҳар як шумораи рӯзномаҳои давриро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Мо – рӯзноманигорон бо завқ кор мекардем ва аз ҳаёти иҷтимоии мардум бештар менавиштем. - иброз медорад ӯ.
   Баъд аз кашмакашиҳои солҳои 90-ум мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, ки маркази даргириҳо буд, ба мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашта, зиндагии мардум душвор шуд. Бар замми ин ҳамоно маҳалгароиву якдигарситезӣ ба назар расида, зуд-зуд миёни сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар муноқишаву нофаҳмиҳо сар мезад. Дар он солҳо дастгоҳи бузурги идеологие  лозим буд, ки мардумро ба сулҳу ваҳдат даъват намуда, ҳамзистии осоиштаю созандагию ободониро тарғиб намояд. Ҳамин тавр, бо ибтикори рӯшанфикрони давр ва қарори дахлдори ҳукумати вақт дар маркази вилоят телевизиони “Хатлон” таъсис ёфт, ки пешоҳангони он  Боймурод Саидалиев, Сайдалӣ Бобохонов, Саид Барот, Амиршоҳи Хатлонӣ, Асалмоҳ Сафарова, Шералӣ Саид, Нуриддин Раҷабов, Бобоҷон Зиёев, Ҳамро Салимов  ва чанд нафари дигар буданд.  
   Шералӣ Саид бо ҳидояти дӯстону бародарон ва устодон бахусус, Гурез Қосимов ва Зубайдуллои Қодир соли 1993 тариқи озмун ба телевизиони “Хатлон” ба кор меояд ва аз нахустин рӯзҳои фаъолияти ин шабакаи телевизионӣ, ки баҳори соли 1994 ба фаъолият оғоз бахшида, то ба имрӯз ба ҳайси мухбир, муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири варзида, сармуҳаррир, ҷонишини сардори Идорои телевизион кор карда, ҳоло муҳаррири варзидаи телевизион мебошад. Дар ин миён як сол ӯ шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистонро  дар вилоят намояндагӣ мекард.  
  -Он солҳо, ки дар вилоят телевизион падидаи нав буд, мардум ба фаъолияти мо таваҷҷуҳи зиёд доштанду журналистонро ниҳоят эҳтиром мекарданд. Нахустин наттоқони телевизиони вилоят шодравон  Аловуддин Абдуллоев ва Зарина Маҳмадалиева буданд. Барномаҳои мо ҳамагӣ дар ҳаҷми 45 дақиқа ва баъдан, як соат тариқи ягона телевизиони умумиҷумҳуриявии онвақта пахш мешуд.  Гузориши нахустини ман оид ба таъсиси ин шабака, сохтмони бинои он ва кормандони эҷодию техникии телевизиони “Хатлон” буд, ки ҳоло ба он 28 сол пур шуд. Дар ин давра ҳамеша бо мардум будем ва сазовори эҳтироми онҳо гардидем, - иброз медорад Шералӣ Саид. 
   Ӯ, ки қаблан ба ҳайси баранда дар маҳфилҳои фарҳангӣ тӯйу хурсандиҳои мардум ҳамроҳи овозхонҳои шинохта баромад мекард, бо фазои эҷодию ҳунарӣ хуб ошно буд. Ва аз ин лиҳоз кор дар телевизион барояш мушкил наменамуд. Ҳарчанд он солҳо шароиту имконоти моддию техникӣ чандон хуб набуд. Шералӣ Саид аз оғози фаъолият то  имрӯз асосан барномаҳое таҳия менамояд, ки дар онҳо ғояҳои ҳамзистию якдилӣ,  созандагию бунёдкорӣ ва меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тараннум мегарданд. 
“Ваҳдат- бақои миллат”, “Файзи замин”, “Замон ва иқтисод”, “Забон- ҳастии миллат”, “Соҳибватан” ва суҳбату мусоҳибаҳои гуногун аз барномаҳои муаллифии Шералӣ Саид дар телевизион мебошанд, ки бинандагони сершумор доранд. 
   Журналисти собиқадор фаъолияти касбии худро дар мушкилтарин вазъи сиёсии кишвар, аз ҷумла, соли 1997 ҳангоми қасди табадулоти давлатӣ доштани бадхоҳон ҳам, бечунучаро иҷро намуда, ба халқу Ватан ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар содиқ монд. 
   - Ман ва Умар Камолро гурўҳе аз силоҳбадастон ба утоқи дохилии раиси вилояти вақт Давлаталӣ Шарифов бурданд ва аз мо хостанд, ки ҳамчун журналист ба манфиати онҳо тариқи телевизион баромад карда, гуфтаҳояшонро иҷро намоем. Аммо мо ба ин розӣ нашудем. Ҳамон замон нафаре бо ғазаб ба назди мо омада, якбора бо қундоқи тапонча ба чашми Умар Камол зад ва пас он, тапончаро бар ҷабини ман гузошт. Лаҳзае аз фарҷоми умр ва аз дасти қотилон ба ҳалокат расидан шакку шубҳае надоштем. Бо ҳукми тақдир он бадхоҳ борҳо моро дашном дода, бегоҳӣ раҳо намуд. Чунин ҳолатҳоро зиёд вохӯрдем, вале касбу корамонро, ки аз сидқ дӯст медоштем боз ҳам рисолати журналистиамонро иҷро мекардем, - нақл мекунад аз рӯзҳои вазнин Шералӣ Саид.  
   Ӯ дар ин маврид таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар арафаи ҷашни 100- солагии матбуоти тоҷик дар вохӯрӣ бо кормандони ВАО-и кишвар иброз доштанд, ба ёд оварда мегӯяд: “Президенти мамлакат хитоб ба журналистон намуда, гуфтанд, ки маро, ҳукуматро танқид кунеду ба давлату миллат хиёнат накунед!”. Ин таъкиди Сарвари муаззам ҳеҷ аз хотирам намеравад ва ҳамкасбон низ бояд онро фаромӯш накунанд.   
   Шералӣ Саид ҳамчун журналисти ҳирфаӣ беш аз 20 сол дар сафарҳои кории Роҳбари давлат ба вилояти Хатлон ҳамроҳ буда,  тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ гузоришҳои ҷолиберо пешкаши тамошобинон мекард. Ҳоло ҳам ӯ сафарҳои кории раиси вилоят, ҷаласаҳои васеи ҳукумат, чорабиниву тантанаҳои калони вилоятиву ҷумҳуриявиро мунъакис мекунад. Тавре, ки сармуҳаррири телевизиони “Хатлон” Оймоҳ Ҳасанова иброз медорад, онҳо имрӯз ҳам ба журналистоне чун Шералӣ Саид ниёз доранд. 
   -  Тӯли солҳои зиёди ҳамкорӣ бо устод дар симои ӯ эҷодкори бомасъулият, сермаҳсул ва боҷуръатро мебинам, ки ба пешаи интихобкардаи худ содиқ аст, - мегӯяд Оймоҳ Ҳасанова. - Устод Шералӣ Саид кори худро хуб медонад ва барномаву сюжаҳои ба зиммадоштаашро барзиёд таҳия мекунад. Бар замми ин ӯ ҳамчун собиқадори соҳа ба рӯзноманигорони ҷавон нозукиҳои касбро меомӯзонад.  Ҳар боре, ки дар мавриди масъулият, маҳсули эҷод ва ҷасорат бо журналистони ҷавон суҳбат мекунем, пайваста фаъолияти намунавии Шералӣ Саидро мисол оварда, ба онҳо мегӯем, ки аз таҷрибаи ин марди хирад сабақ гиранд, - таъкид мекунад О. Ҳасанова.
   Барномаи таҳлилию танқидии “Имдод”-ро низ Шералӣ Саид пеш мебарад. Сокинон бо арзу шикоят ва мушкилоти гуногун ба идораи телевизион муроҷиат мекунанд, ки пайгирии онҳоро ҳам дар аксар ҳолат ӯ боҷуръатона ба уҳда гирифта, ба дарди мардум малҳам мегардад. 
   Ба нақли Шералӣ Саид чанд сол пеш аз ноҳияи Ҷайҳун ба идораи телевизион муроҷиати шаҳрвандон оид ба баҳси замин ворид гардид, ки дар он роҳбарони ду хоҷагии деҳқонӣ миёни ҳам баҳсу нофаҳмиҳо доштанд. Барои ҳалли ин масъала ба мақомоти зиёди давлатӣ муроҷиат карда, аз ҷумла, баҳси онҳо дар ду зинаи Суди олии иқтисодӣ ба манфиати як ҷониб ҳал шуда буд. Вақте ки ин мавзўъро Шералӣ Саид пайгирӣ намуда, фитаи барномаи таҳиянамудаашонро бо далелҳои нав ба Суди олии иқтисодӣ мерасонанд, ин баҳс ранги дигар гирифта,   қазия ба манфиати ҷониби дигар ҳал шуд. - Аз ин рӯ, худ  қазоват кунед, ки то куҷо ВАО дар рушду пешрафти ҷомеа нақши муҳим мегузоранд, - таъкид мекунад рӯзноманигори варзида.  
   Устод Шералӣ Саид дар баробари чопи садҳо мақолаҳои таҳлилию гуногунмавзўъ дар матбуоти даврӣ соҳибкитоб буда, нахустин китоби худро бо номи “Савганди Президент- савганди ману ту” ҳанўз соли 2013 нашр кард. Китобҳои дуюму сеюми ин марди хирад бо номҳои “Марди худодод” ва “Садоқат ба Ватан” дар дасти чоп мебошанд.
   Шералӣ Саид тамоми барору комёбии худро ба оилаи солиму ҳамсари шодравонаш  Моҳира Саидова рабт медиҳад. Зеро, ба гуфтаи вай агар дар зиндагӣ зану шавҳар якдигарро дастгирӣ накунанд, ба мурод расидан ниҳоят мушкил аст. Ба нақли мавсуф ҳар гоҳе, ки Шералӣ Саид аз кор бармегашту ҳамсари меҳрубонаш варо бо чеҳраи кушодаву меҳрубонӣ истиқбол мегирифт, ӯ хастагиву нороҳатиҳои он рӯзи кориро фаромӯш мекард. Онҳо фарзандони худро соҳибкасбу ҳунарманд ба воя расониданд. Феълан, Шуҳрати Саид паҳлуи падар фаъолият дошта, Рухшонаи Шералӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар мебошад. Бо ҳама шебу фарози рӯзгор рӯзноманигори номвари Хатлон аз солҳои паси сар намудаи умри пурбаракати хеш қаноатманд аст. 
   Давоми фаъолияти эҷодӣ устод Шералӣ Саид бо чандин ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, раиси вилоят ва  аз шаҳру ноҳияҳо мушарраф гардидааст. Барои фаъолияти пурсамари эҷодиаш бо нишонҳои фахрии “Аълочии матбуот”, фарҳанг, телевизион ва радио сазовор дониста шудааст. Тавре худ иқрор меояд муҳимтар аз ҳама унвону ҷоизаҳо муҳаббату маҳбубияташ миёни мардум барояш неруи дигар мебахшад, то тан сиҳату умр боқӣ бошад, дар хизмати халқу Ватани азизи худ бошад.

Амонҷон Маҳкамов,
Аълочии матбуоти ҶТ 


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019