“Баъди ту чу шамъ дили ман месӯзад”

   Бори вопасин ӯро дар ошёнаи дувуми Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар вохӯрда будам, ки бо вуҷуди серкориву тараддуд  ба чорабинии фарҳангие ду гурӯҳ -меҳмонону иштирокчиёни кадом маросим ва намояндагони ВАО-ро, ки барои иштирок дар нишасти матбуотӣ  ба ошёнаи севум мебаромаданд, яко як ҳолпурсӣ намуда, барои як пиёла чой ба ҳуҷраи кории худ даъват мекард. Дар тангнои анбуҳи меҳмонони назди дари қабулгоҳаш истода, сӯи ҳамдигар даст дароз кардем ва ӯ бо як самимият ҳамаро биёед, биёед гуфта, ба қабулгоҳаш даъват мекард, гӯиё даруни ҳуҷраи кории Аловуддин аз берун дида васеъ бошад. Воқеан, ӯ дар ҳама ҳолат мардумро бо дили кушоду чеҳраи болида истиқбол мегирифт. 
  Ҳамин сон, як шахсияти серташвишу пурмасъулият, ҳунарманди асилу дӯстдоштанӣ ва азизу маҳбуби    ҳамагон доштем,  ки аз сокинони одӣ то олимону зиёиён, ҳунармандону адибону сиёсатмадорон ва тоҷикони бурунмарзии ақсои олам мухлиси саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ буданд, ба гоҳи вохӯриҳои сарироҳӣ вақт меёфт аз ҳолу аҳволи мухлисонаш пурсон шуда, ҳатман бо танзи намакине хотири  ҳамсуҳбати худро болида мегардонд. 
   Ҳарчанд овони ҷавониву таҳсилоти олии ӯ ба солу замонҳои ҳокимияти Шӯравӣ рост меояд, аммо зуҳури ҳунару истеъдоди беназираш ба ҳайси санъаткори хушсалиқа ва шахсияти мардумписанд ба даврони Истиқлол рост меояд. Тавре дар маросими ҷанозаи ӯ ҳампешагону дӯстони овони бачагиаш қиссаҳо мегуфтанд, Аловуддин бо истеъдоди фавқулодааш ҳанӯз аз овони наврасӣ қалбҳоро тасхир намуда, бовариву эътимоди мардумро бобати зуҳури як ситораи тобноке аз остони як бузургмарди ин шаҳри бостонӣ дарак дода буд. Аммо дар ин маврид поинтар қисса хоҳем кард. 
   Ёд дорам, дар солу замоне, ки намоишу чорабиниҳои идона ба ин ҳад шакл нагирифта буду нахустин чорабиниҳои фарҳангии таҳти унвони “Корвони китоб”, “Мавсими театрӣ” акнун ба ҳукми анъана медаромаданд, аммо ҳунармандони асили имрӯза Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои теъдоди камшумори  тамошобин ҳам асарҳои ҷолиби саҳнавӣ таҳия менамуданд, ки дар миёни ҳунарпешаҳои собиқадор нақшҳои офаридаи  Аловуддини ҷавон аз зуҳури ситораи тозаҷило дар саҳнаи ҳунар дарак медод.
   Ёд надорам кадом сол буд, аммо дар як шаби соли навӣ милодӣ Аловуддин бо нафаре аз ҳампешагони ҳунармандаш дар нақши Бобои Барфӣ ва барфак, баъди чорабинии солинавӣ табрикоти мардумро хона ба хона идома дода, аз ҷумла, нимашабон дар хонаи раиси вилоятро ҳам куфта буданд. Пас он, саргузаштҳои оншабаи онҳо вирди забони сокиноне гашта буд, ки аз пазироии Бобои барфӣ ва шодиву хушҳолии кӯдаконашон ҳароратангез қиссаҳо мегуфтанд. Дар солҳои баъдин ҳам шодравон Аловуддин Абдуллоев бо танзҳои намакину нақшҳои офаридааш дар зеҳну замири мухлисони театрӣ маъво мегирифт.
   То ҷилои хуршедвори ситораи бахт, яъне аз ҷониби мардум ҳамчун ҳунарманди дӯстдоштанӣ  пазируфта шуданаш, садди роҳ мушкилу монеаҳои зиёдро убур намудаву санҷишҳои сангини зиндагиро паси сар гузоштааст. Чун дар солҳои оғози фаъолиятҳои насли даврони гузариш масири рушду такмили касбият на барои ҳамаи ҷавонон бозу ҳамвор буд. Ба вижа, дар мисоли Аловуддин Абдуллоев барин ҳунармандони ҷавон аҳён аҳён дар синамову саҳнаҳои калони театрӣ нақше мерасид. Аммо ҳунарманди дар оянда муваффақу машҳур, ки ҳанӯз аз синни мактабхонӣ бо идеяву истеъдоди нотакрораш атрофиёнро тасхир карда буд,  бо садоқату самимияти беандоза дар саҳнаи театр  заҳмат кашида, пайт мепоид, то ҷавҳари ҳунару истеъдоди солиён дар худ сайқал додаашро манзури тамошобин гардонад.
Тавре, ки пайвандону дӯстони даврони ҷавониаш қисса мекунанд, Аловуддин аз синни наврасӣ ба ҳунари нақшофарӣ дилбастагии беҳад дошта, фориғ аз дарсу ниҳонӣ аз дигарон бо овозҳои мухталиф нақшҳои қаҳрамонҳои касбу кори гуногунро такрор менамуд. Бо ҳазлу шӯхиҳои дилангезаш суҳбату маҳфилҳои ҳамсояву ҳамдарсонро гарм мекард.
   Фаъолияти ҳунарии худро ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардони Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии  ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз бахшида, аз соли 2004 директори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таъйин гашт. Тӯли фаъолияти ҳунарӣ илова бар таҳияи барномаи ҳаҷвии “Шӯхиҳои Аловуддин” бо иҷрои нақшҳои мондагор дар намоишномаҳои театрии «Моҷарои имтиҳон», «Антигона»,  «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мололон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» ҳамчун ҳунарманди моҳир номвар шудааст. Ӯ ҳамчунин бо иҷрои нақшҳои хотирмонаш дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон» ва силсилафилми «Хуррамдиёр» исми худро дар таърихи синамо бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ намуд.
   Авҷу шони шуҳрату маҳбубияти ҳунарманди номбардори миллат ба 15 соли охири ҳаёту фаъолияти эҷодиаш рост меояд, ки бо барномаи мазҳакавии “Шӯхиҳои Аловуддин” дар саросари мамлакат ва миёни тоҷикони бурунмарзӣ ҳаводорони бешумор пайдо кард. Зеро, дар баробари баҳраварии тамошобинон аз танзҳои пурмаъниву тақлидҳои моҳирона ва ҳаҷву зарофатгӯиҳои мазҳакаомез саҳнаҳои бо маҳорати воло офаридаи муаллиф хусусияти тарбиявӣ дошта, тамошобинро ба чораандешӣ водор месохт. 
   Давоми солҳои таҳияву пешкаши тамошобинон гардонидани силсилабарномаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” ҳамакнун, мухлисонаш  рӯйдодҳои гуногуни ҳаёти воқеии худро ба ӯ қисса  намуда, баъди чанде саҳнаҳои мазҳакавии онро аз телевизион тамошо карда ҳаловат мебурданд. Бо мурури солҳо саҳнаҳои мазҳакавии ин ҳунарманди нотакрор натанҳо мояи тарбияву пешгирӣ аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб гардида, балки ҳазлу зарофатгӯиҳои дилнишинаш ҳамеша вирди забони мардум қарор дорад.
Новобста ба фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи эҷодӣ боз ҳам вақт меёфт кори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро пеш  бурда, инчунин, саҳначаҳои ҷолибу намакинро пешниҳоди мухлисонаш гардонад. Илова бар ин давоми чандсоли охир яке аз шоу барномаҳои сертамошобини " Лазиз"-и Муассисаи давлатии Телевизиони " Сафина" - ро низ пеш мебурд.
   Ӯ аз соли 2019 –ум вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро бар уҳда дошта, давоми ин муддат ҷиҳати рушди бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг нақши муассир гузоштааст. Барои хизматҳои шоёнаш дар ҷодаи ҳунар ва нақши  муҳимаш дар тарбияи маънавии ҷомеа Аловуддин Абдуллоев бо Ифтихорномаи ҶТ, нишону унвонҳои 20- солагии Истиқлолият, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар қадрдонӣ гардидааст.
   Дасти сарнавишт ҳунарманди беназири миллат, шахсияти инсондӯсту ватанпарвар, нафари дорои ҳувияти баланди миллӣ ва дар умум як бузургмарди асилро аз мо рабурд, ки реҳлаташро зиёиёну нухбагони миллат фоҷиаи бузурги фарҳангӣ  унвон намуданд. Аз ин ҳунарманди  ҷонфидои халқ номи неку корномаи шоёни таҳсин ва нақшҳои беназиру саҳнаҳои мондагори тарбиявӣ мерос мондааст, ки хазинаи тиллоии миллатро  ғанӣ хоҳад гардонд. Ва мо, мухлисону ҳамзамононаш, дар паҳлуи  ҳамсару фарзандони солеҳу бародару пайвандонаш номи неки ӯро то абад фаромӯш нахоҳем кард. Чуноне дар сӯгвории ин ҳунарманди асил, ки дар раванди муҳими худшиносиву миллатсозии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо нақшу саҳнаҳои ҳадафмандонааш андешаҳоро таконд, дилҳоро шавқу бедорӣ бахшид, шоири миллат Озар  бо ҳасрат гуфт:
Рафтӣ, ҳама обу гили ман месӯзад,
Гар оҳ кашам, манзили ман месӯзад.
Шояд ба сари гӯри туаш бигзоранд,
Баъди ту чу шамъ дили ман месӯзад.

Ю. Ҷамол


Похожие новости:
Добавить комментарий