Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тараннуми сулҳ дар Паём
Ҳамовозӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 21 декабри 2021 ироа гардид, дурнамои рушди кишвари моро барои марҳалаи минбаъда муайян намуд. Дар Паёми навбатӣ эълон гардидани Солҳои рушди саноат, баланд гардидани маошу нафақа, истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯҳияи некбиниву бунёдкорӣ мебахшад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро таҳлил намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ояндаи кишвар дастурҳои муфид доданд. Дар ҳамаи Паёмҳои Президенти кишвар як масъалаи муҳим – хотираи таърихӣ, қадри сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешавад.
Дар воқеъ, мардуми Тоҷикистон сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамонро бо дастовардҳои хуб ҷашн гирифтанд. Рӯҳияи идона ҳоло ҳам идома дорад. Пешвои миллат бо ифтихору қаноатмандӣ иброз дошт, ки “ даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ хотирнишон кард, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд ва ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.
Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд, -таъкид шуд дар Паём.
Мусаллам аст, ки пешравии ҳар як ҷомеа ва давлат ба осоиштагӣ, вазъияти созгори рушд иртибот дорад.Танҳо ваҳдату якдилии мардум метавонад ба амалӣ шудани ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат кунад. Барои ин донистани таърихи миллати худ, сабақҳои он зарур аст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунад, ки Истиқлолияти мо роҳи ҳамвору осон надошт. Дар Паёми имсола ҳам ин факти таърихӣ таҳлил шуда, таваҷҷуҳи мардум ба ин масъала ҷалб гардид :
Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.
Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.
Пешвои миллат қайд намуд, ки дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.
Дар Паём ба як нуктаи муҳим - сохти ояндаи давлатдории тоҷикон, ки аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, диққат дода шуд. Пешвои миллат иброз дошт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали иҷлосия ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Президенти кишвар расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷикро дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҳисобида, маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон медонад.
Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад,- таъкид гардид дар Паём.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии худ дар ҳамаи соҳаҳо тасмим гирифтааст. Барои ободии Ватан, дар сатҳи байналмилалӣ доштани мавқеи бештар қадамҳои устувор мегузорад. Барои ин сулҳи поянда ва имконияти ҳамзистии осоишта бо кишварҳои дигар лозим аст. Бо назардошти ин Пешвои миллат ин масъаларо мубрам дониста, дар Паём мавриди таҳлил қарор дод, то ки арҷ гузоштан ба меҳнату сарсупурдагии дигарон барои ин рӯзҳои осудаю ором дар ҳофизаи ҳар як тоҷикистонӣ фарз бошад.
Д. Маҳкамова
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36ХӮРИШ АЗ АНҶИР 11:33
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.


