2021 - соли таърихӣ

   Инак, боз як соли таърихӣ, пур аз шебу фарози рӯзгор, як соли бурду бохт ва ҷаҳду талошҳо баҳри рушду пешрафти Ватани азиз бо дастоварду комёбиҳои меҳнативу эҷодӣ паси сар мешавад. Соли 2021 бо муҳимтарин санаҳои таърихӣ ва рӯйдоду воқеаҳои хотирмон дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ мешавад. Зеро, бо вуҷуди мушкилоту буҳронҳои ҷаҳонӣ, бемории ҳамагиру дигар хатарҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, мардуми заҳматқарини вилояти Хатлон бо раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардиданд. 
   Соли 2021 пур аз иқдомоти неку созанда, ташаббусҳои ватандӯстона,  корҳои хайру савоб, дастовард ва пайки хушу умедворкунанда буд. Давоми се соли охир Тоҷикистон ба як ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, ҳар дастуру иқдомоти Роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби мардуми шарифи кишварамон ҳамовозӣ пайдо мекард, ки дар натиҷа дар Тоҷикистони азизамон корҳои бузурги созандагӣ ба анҷом расид.
   Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуд, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сол ба ҳисоб рафта, дар авроқи рангини таърихи Истиқлоли давлатӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд. Зеро, дар таърихи давлату давлатдорӣ,  ба вижа, дар замони Истиқлоли давлатӣ, аз ҳама бештар маҳз дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо адад иншооти муҳими таълимиву тандурустӣ, хизматрасониҳои маданӣ-маишӣ ва биноҳои маъмурӣ, мавзеҳои фароғативу сайёҳӣ ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Давоми се соли омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ  дар қаламрави вилояти Хатлон бунёду азнавсозии зиёда аз 7667 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шуда, то анҷоми соли сипаригардида дар шаҳру навоҳии вилоят 8224 иншоот бунёду азнавсозӣ гардидаанд. Агар дар корҳои сохтмонии ин иншоотҳо ҳазорон нафар бо кору шуғлҳои музднок фаро гирифта шуда бошанд, бо ифтитоҳу мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани тарҳҳои мазкур даҳҳо баробар бештар сокинони вилоят соҳиби ҷойҳои нави корӣ шуданд. 
   Дар ин давра ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  759 адад муассисаҳои таълимӣ, 912 адад муассисаҳо дар соҳаи тандурустӣ, 230 адад иншооти фарҳангиву фароғатӣ,  507 иншоот дар самти рушди соҳаи варзиш ва 136 адад иншоотҳои дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ сохта ба истифода дода шудааст.
   Ташрифи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯйдодҳои хотиромони соли 2021 арзёбӣ мегардад, ки дар ин рӯзҳои хотирмон бо иштироки Сарвари давлат даҳҳо иншооти маъмуриву фарҳангӣ, манзилҳои бисёрошёнаи истиқомативу хизматрасониҳои гуногун, мавзеҳои  истироҳатӣ - фароғатӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва роҳу дигар инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинобар маълумотҳои оморӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёд ва сохтмони 564 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ гардида буд, ки то 1-уми декабри соли ҷорӣ 555 адад аз ин корхонаву коргоҳҳо таъсис дода шуд. Дар маҷмўъ соли ҷорӣ дар вилоят 56 ҳазору 624 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст. 
   Бешак, дар раванди омодагиҳо ба истиқболи шоиста аз Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  симои шаҳру навоҳии вилоят куллан дигаргун шуда, барои фаъолиятҳои гуногунҷабҳа ва истироҳату фароғати мардум имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.  Раванди бузурги ободгароӣ аз иқдомҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, ки ҳар дастур ва пешниҳодашон аз ҷониби  ҳазорон нафар  сокинони мамлакат ҳамовозӣ пайдо менамояд. 
   Дар вилоят дар ин давра чорабиниҳои зиёди оммавию маърифатӣ, фарҳангию варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлол,  баланд гардидани маънавиёти мардум, рўҳбаландии эшон нигаронида шуда буданд. Аз ҷумла, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи Озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» ба тасвиб расида буд.   Дар ин давра, аз ҷониби  соҳибкорон,  шахсони алоҳида  даҳҳо километр роҳҳо мумфарш, мактаб, синфҳонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, биноҳои баландошёна, меҳмонхона бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Озмуни вилоятии «Ободгари Ватан»  ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз мегардиданд. 
   Ҳамчунин дар соли 2021 дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳои мухталифи сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ, мева ва сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи меҳнаткашони вилоят муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, Форуми байналмилалии тиҷоратии Бохтар ФУД- 2021, ки дар доираи он ҳашт созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатии соҳавӣ, соҳибкорон ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони  маҳсулоти  озуқаворӣ баста шуд.
  Робитаҳои дўстӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон мустаҳкамтар гардида, дар соли сипаригардида чандин ҳамоиш ва дигар тадбирҳои иқтисодию фарҳангӣ роҳандозӣ гардиданд, ки соҳибкорон, меҳмонон аз ҷумҳурии дўсту бародар - Ўзбекистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. 
   Айни замон дар вилояти Хатлон чун дар дигар манотиқи кишвар корҳои азими созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бо шукргузорӣ аз фазои осоиштагӣ дар Ватани хеш дар корҳои бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, гулпӯшу сарсабз намудани диёр саҳм мегиранд. Раванди бунёдкориҳо дар кишвар, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон ҳар фарди ҷомеаро хушҳолу хушбин ва ба зиндагии шоиста роҳнамоӣ месозад.

Латофат Мирзосаидиён


Добавить комментарий