Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз ботулизм эҳтиёт шавед
Дар давраи тирамоҳу зимистон ҳодисаҳои ба заҳролудшавии одамон аз истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, маҳсулоти консервашуда ба мушоҳида мерасад. Ба ақидаи мутахассисон риоя накардани қоидаҳои тайёр кардани хӯришу консерваҳо манбаи асосии сар задани бемории ботулизм мегардад.
Ботулизм бемории сирояткунанда буда, ҳангоми заҳролудшавии инсон аз токсини микроорганизмҳо ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ хусусияти иллатнок кардани системаи асаби инсонро доро аст.
Клостридиум Ботулинум барангезандаи ин беморӣ буда, хеле сахт, устувору пуртоқат мебошад. Онро дар хок, оби кӯлу дарёҳо, ему хошок, меваҳо ва растаниҳо метавон пайдо кард. Вале худи барангезанда наметавонад сабабгори беморӣ бошад. Боиси беморӣ ва заҳролудшавии инсон танҳо заҳри он мебошад. Заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи хӯришҳои консервагии сабзавотии дар шароити хона тайёркардашуда, ҳасибҳои муҳлаташон гузашта, консерваҳои гӯшти ҳайвоноту моҳигӣ, торти вайроншуда сурат мегирад. Ҳангоми истеъмоли ин гуна хӯрокҳои заҳролудшуда инсон метавонад ба бемории ботулизм гирифтор шавад. Маҳсулоте, ки боиси заҳролудшавии организми инсон мешаванд, аксар вақт аз ҷиҳати бӯй, мазза ва намуд тағйир намеёбанд, баъзан дар ин гуна маҳсулот тамъи махсус ба мисли талхии равған мушоҳида мешавад.
Солҳои охир бонувон бештар дар шароити хона хӯришу консерваҳои сабзавотӣ тайёр мекунанд ва яке аз сабабҳои асосии риоя накардани қоидаҳои консервакунонӣ ин ба қадри кофӣ тамиз (стерилизатсия) накардан аст, ки дар натиҷа ба афзоиши микроб дар дохили зарфи беҳаво оварда мерасонад. Зарфи беҳаво ва даҳонаш маҳкам ҷойи мувофиқ барои афзоиши ин микроб мебошад. Вале донистан ҳатмист, ки микроб вақти то 5 соат ҷӯшонидан дар ҳарорати 105 0 С то 2 соат маҳфуз хоҳанд монд. Микроб танҳо дар ҳарорати 1200 С маҳв мешавад. Аз ин бармеояд, ки на ҳар нафар, ки дар шароити хона хӯриш омода мекунанд, шароити безараркунониро доранд. Беҳтараш хӯришҳо ва консерваҳоро, ки дар корхонаҳои махсус дар шароити автоклавӣ бо фишори баланд ва ҳарорати 1200 С безарар гардонида шудаанд, харидорӣ намуда истеъмол намоянд.
Баъди чанд вақт барангезанда худаш ҳаво (газ) ҳосил карда, даҳони зарф медамад. Махсусан ҳангоми тайёр намудани хӯриш дар шароити хона аз сабзавотҳои боимҷон, бодиринг, помидор, карам ва қаланфур эҳтиёткор бояд буд.
Шахсе, ки аз ғизо ва хӯришҳо заҳролуд мешавад, аз дарди сахти шикам, дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, хастагӣ, дарди сар, сарчархӣ, хира шудани пеши чашм шикоят мекунад. Даҳони бемор хушк гашта, овозаш мегирад, васеъшавии гавҳарак, фуромадани пилки болоӣ ва олусии чашм ба назар мерасад. Фурӯбарии бемор мушкил мегардад, зеро фалаҷи ҳалқ ва коми нарм ба вуҷуд меояд, набз шиддат меёбад, фишори хун яку якбора паст фуромада, нафастангӣ ба вуҷуд меояд. Қабзияти шикам дида мешавад, сустии мушакҳо ба назар мерасад, махсусан, мушакҳое, ки дар вақти нафасгирӣ кумак мекунанд ва аксар вақт ин мушакҳо фалаҷ мешаванд. Бемор одатан аз қатъи нафаскашӣ мефавтад. Дар бисёр ҳолатҳо ҳарорати бадани бемор муътадил мемонад. Ногуфта намонад, ки ин нишонаҳо ҳам дар калонсолон ва ҳам дар хурдсолон як хел аст.
Аз ҳамин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз истеъмоли маҳсулоти пастсифати дар шароити хона тайёркардашуда худдорӣ намуда, худ ва аҳли оилаашонро зери хатар нагузоранд. Инчунин, ҳангоми хариди консерваҳои сабзавотӣ, гӯшти ҳайвоноту моҳӣ, хӯришу торт ва ҳасибҳо ба муҳлати барориши он диққат диҳанд.
Эҳтиёт кунед! Агар дидед, ки қуттиҳои консерваю хӯришҳо дам кардаанд ё оби зарфшишаҳо тира шудааст, онро истифода набаред. Қоидаҳои санитарию гигиенӣ, вақти коркард, кашонидан, нигоҳ доштан ва омода намудани хӯроквориро риоя намоед.
Зеро чи гунае, ки табибон иттилоъ медиҳанд, дар ҳолати сари вақт муроҷиат накардан ба табибон, то 70 фоизи шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда, ба ҳалокат мерасанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


