13 окт 09:19---

РОЗИ ФАЛАК

- 10-уми октябр -Рӯзи "Фалак" -



Ҳамасола 10-уми октябр дар саросари кишвар «Рӯзи Фалак» бо як шукўҳу шаҳомати хосае ҷашн гирифта мешавад. Ин жанри мусиқӣ дар тӯли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ аз замони бостон то кунун иҷро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки мафҳуми «фалак»  ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст. Аз ин лиҳоз имрӯз жанри мусиқии классикии «Фалак» ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ миёни мардум маҳбубияти беандозаро соҳиб аст. Оид ба таърих ва рушду ривоҷи минбаъдаи ин ҳунари миллӣ суҳбате доштем бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ, ки суруду таронаҳои гӯшнавози ӯро дар жанри фалак мухлисонаш бесаброна интизорӣ мекашанд.


- Устод, сараввал мехостем дар бораи таърихи фалак каме ба хонандагон маълумот медодед.

- Мусиқии фалак моли мардуми кўҳистони тоҷик буда, хеле қадимӣ мебошад. Чуноне ки медонем, мардум дар давраҳои қадим чӣ аз ҷиҳати ғизо ва бисёр чизҳои дигар танқисӣ доштанд. Ба назари банда шояд воқеаҳои бисёр нохушоянди зиндагӣ, вазъи иҷтимоии одамон як сабаби пайдоиши фалаксароӣ гардида бошад. Чунки сурудаҳои фалакӣ бештар дарду ғаму андуҳу ғарибию бекасиву рӯзгори талхи мардумро инъикос мекунад.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалакро «таҷассумгари рўҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик» номидаанд. Андешаи Шумо дар ин маврид?

- Бале, воқеан ҳам дуруст аст. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон жанри фалак мақоми давлатӣ гирифт ва ҳамасола 10-уми октябр Рўзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хотир хушбахтию хурсандию хушрӯзии мардуми мо, ки соҳибистиқлол шудааст ва давлати ягонаю воҳиди худро дорад, дар баробари сурудҳои пурғаму андуҳу мавзўъҳои ғарибию камбудиҳои рӯзгор имрӯз дар жанри фалак аллакай дубайтиҳову рубоиётҳои ватандорӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, меҳру муҳаббат ба озодию ободии ин кишвари азиз садо дода истодаанд:

Аз файзи айёми хеш шукрона кунед,

В-аз бахти тамоми хеш шукрона кунед.

Эй мардуми озода аз ин ваҳдату сулҳ,

Бо лаҳну каломи хеш шукрона кунед.

- Муҳаққиқ Фароғат Азизӣ «Фалак»-ро зуҳуроти олӣ, мусиқии суннатӣ ва эҷоди мардуми кўҳистон номида, мақому манзалати фалакро баробар ба аҳамияти «Шашмақом» мешуморад. Бигӯед, ки аслан шунавандагони «Фалак» киҳоянд?

- Агар гӯем, ки шунавандагони бештари жанри «Фалак» мардуми кўҳистони водии вилояти Хатлону водии Қаротегину Дарвозу Бадахшону Ҳисор мебошанд, хато намекунем. Вале ҳар як маҳали Тоҷикистон, чӣ Суғд аст, чӣ Ҳисор, чӣ минтақаҳои Рашту Бадахшону Хатлон бошад, ҳамаи онҳо Фалаки худро доранд. Ҳарчанд, ки дубайтиҳои зарафшонӣ маънову мусиқии фалаки хатлониро надорад, вале ҳамон дарду аламу сӯзу гудози фалакӣ дар лаҳни мусиқии зарафшонӣ ҳам садо медиҳад.

- Хуб мешуд каме оиди ба ин ҷода ворид шуданатон қисса мекардед.

- Меҳри санъат дар қалби ман ҳанӯз аз овони хурдӣ маъво гирифта буд. Падарам бо вуҷуди домулло буданаш бо тор суруд мехонданд. Модарам дар ҳама тую маъракаҳои мардум бо садои хушу гуворои худ гули сари сабади мардум буд. Дар хонадони мо ҳамеша суруду тарона танинандоз буд. Ҳамин тариқ, меҳру муҳаббати санъат аз овони хурдӣ дар шарёни ман ҷой гирифта буд.

- Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин жанри миллӣ имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Имрӯз гуфта наметавонем, ки Фалакро танҳо насли калонсол гӯш мекунад. Зеро имрӯз дар тамоми муассисаҳои фарҳангӣ шуъбаҳои фалак арзи ҳастӣ доранду аксарияти ҷавонон низ рӯ ба ин санъати воло оварда истодаанд. Аз ин лиҳоз, боварии комил дорам, ки оянда ин жанр бештар рушду ривоҷ ёфта, насли ҷавон низ ба он майлу рағбати зиёд пайдо хоҳанд кард.

- Шумо бештар кадом намуди фалакро месароед? Фалаки даштӣ, роғӣ, омехта ва ё фалаки сарбаста?

- Ман бештар фалакҳои ҳуҷрагиро меписандам, ба он хотир, ки дар он дарду ранҷу андуҳу муҳаббат нисбат ба модарон инъикос ёфтаанд. Аз эҷодиёти устод Усмон Билолӣ суруди фалакиеро бо номи «Модар-фалак аст» омода намудаам. Модар раҳоии дарду ғами худро аз Фалак талаб мекунанд. Байни модару Фалак баҳс ба миён меояд. Метавон гуфт, ки сарояндаи Фалак аз даргоҳи Худованд талаб мекунад, маро зиндагии хубу осуда бидеҳ.

- Фалаки ҳуҷрагӣ чӣ гуна аст?

- Фалаки ҳуҷрагӣ, яъне вақте сароянда дар як ҳолате қарор дорад, ки бояд аз фалакхонии ӯ ҳеҷ кас хабардор нашавад. Дарду ғаму андуҳи хешро дар танҳоӣ дар кунҷи хона замзама кунад. Фалаки ҳуҷрагӣ, яъне фалаки хонагӣ ё фалаки танҳоӣ. Фалак дар миёни замину осмон, самову самад, ямину ясор, дар байни инсоният ва умуман дарду доғу дур аз Ватан ва амсоли инҳо бисёр мавзуъҳоро фарогир мебошад. Фалак худ фарёд кардану сӯзу гудоз, рози дилу ифшо кардани нолаҳои дил аст.

- Таманиёти Шумо ба мардуми сарбаланду фарҳангдӯсту куҳанбунёди тоҷик.

- Мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо Рӯзи фалак табрик гуфта, ба тамоми аҳли фарҳангу ҳунар дар ҷодаи эҷоди асарҳои баландмазмуну ҷолиб дастовардҳои беназир орзу менамоям. Бигузор ворисони фалакро садои гӯёи фалак раҳнамоӣ намояд ва чароғи қалби ҳаводорону офарандагони ин санъати нафису тавоно доимо фурӯзон бошад.

- Ташаккури зиёд ба Шумо барои як суҳбати самимиву гуворо.

- Сипоси беҳад ба шумо аҳли эҷоди маҷаллаи «Сафо», ки бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои ҷолибу хонданӣ, ҳамзамон дар тарғиби фарҳангу ташаккули маънавиёти мардум саҳми ниҳоят муҳим гузошта истодаед.

                                          Суҳбаторо Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий