Азиз, фотеҳи қалбҳо

Ӯ инсони бениҳоят ҳалиму меҳрубон, хоксору самимӣ  ва парҳезгору қаноатпеша аст, ки бо хислатҳои ҳамидааш барои пайвандону дӯстону ҳампешагон монои исми муборакаш азизу гиромӣ аст. Тӯли умри пурбаракати хеш бо садоқату вафодорӣ, дасти поку ҷидду ҷаҳд  барои сарбаландона иҷро намудани масъулияти бар зима доштааш ба қуллаи орзуву ҳадафҳои худ расидааст. Ба қавли дӯстон Азизи Фаттоҳ фотеҳи мақсаду маромҳои наҷибест, ки накукорӣ ба мардум, тарбияву таълими насли оянда, саҳмгузорӣ дар рушду ободии диёр ва дар беҳбудии ҳаёти ҳамдиёронашро рисолати ҳаётии  худ мешуморад.
Бо устод Азизи Фаттоҳ бештар дар олами маҷозї суҳбат кардаву аз ҳамдигар ҳолпурсӣ менамоем, зеро ба ҳайси  сармуҳаррири ҳафтаномаи  “Субҳи Шаҳритус” , ки субҳи содиқ ба идораи нашрия рафта, шомгоҳон ба хона бармегардад, ҳатто дар кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия ўро аҳён-аҳён метавон вохӯрд. Бори охир ҳам на дар ноҳияи Шаҳритус, балки  дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар вохӯрда будем. Устод дар баробари дигар сардабирони нашрияҳои вилоят дастовардҳои як соли фаъолияти рӯзномаи “Субҳи Шаритус”-ро барои намоишгоҳи идона бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик омода мекард. Он рӯз Азизи Фаттоҳ дар баробари намунаи шумораҳои солонаи ҳафтаномаи “Субҳи Шаҳритус” ҳамчунин, китоби худ “Фатҳи қулла”-ро ҳам барои меҳмонону ҳампешагон армуғон оварда, онро ҳамчун рамзи эҳтирому муҳаббат ба дӯстон инъом мекард.

Дар ноҳияи Шаҳритус дар хонадони омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми МТМУ №10-и зодгоҳаш ба факултаи филологияи  тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории имрӯза ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, аз соли 1981 фаъолияти хешро ба ҳайси омӯзгори мактаби зодгоҳаш оғоз бинмудааст. Завқу рағбати эҷодӣ, азми расидагӣ ба масоили иҷтимоии мардум ва ҷозибаи хомаи рӯзноманигорӣ аз соли 1986 вайро ба нашрияи “Субҳи Шаҳритус” овард. Ба симати мудири шуъбаи кишоварзии нашрияи мазкур фаъолият бинмуда, бо гузоришҳои ҷолибу матлабҳои андешасози худ ба зудӣ миёни хонандагони нашрия бахусус, коргарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ маҳбубият пайдо кард.
 
Баъди ҳаводиси шаҳрвандӣ фаъолияти омӯзгориро идома бахшида ҳамзамон, нозири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус буд. Пас он, то соли 2011 дар гимназияи хусусии “Хоҷа Машҳад”-и ноҳия аз фанни алифбои ниёгон дарс гуфт ва маҳз дар ҳамин давра пешниҳоди ҳамкорӣ бо маҷаллаи минтақавии “Нигоҳи бонувон” (Айёл нигоҳӣ) сабаб гардид, ки Азизи Фатоҳ дубора ба майдони матбуот баргашт. Солҳои 2011-2013 ҳамчун рӯзноманигори мустақил фаъолият бинмуда, бо инъикоси мавзӯъҳои мубрами минтақа дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон ва ҳамкориҳои ҷомеа бо мақомоти маҳаллӣ саҳми худро мегузошт. Ҳамин сон, аз соли 2014 дубора фаъолияти худро дар нашрияи “Субҳи Шаҳритус” идома дода, нахуст мудири шуъба ва баъдан ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи мазкур таъйин шуда, то имрӯз ин масъулиятро бар зимма дорад.
 
Азизи Фаттоҳ дар ҷодаи рӯзноманигорӣ аз қаламкашони муваффақу дорои касбияти баланд, эҷодкори пурмасъул, донандаи хуби фарҳанги забони тоҷикӣ ва мафтуни пешаи худу як шахсияти масъулиятшинос эътироф гардидааст. Бо ин ҳама маҳорату хислатҳои ҳамида ва дастоварду зарфиятҳои эҷодӣ дар ҳаёти оилавӣ ҳамсари меҳрубону падари пандомӯз раҳнамои солеҳи фарзандону наберагонаш буда, насли наврасро ба илму ҳунарандӯзӣ ва дӯстдории меҳану ташаббусҳои ободгароӣ талқин мекунад.

Лаҳзае шиносоӣ аз рӯзу рӯзгорони паси сар намудааш дар симои нуронии ӯ марди собиру таҳаммулпазир ва шукргузор аз шебу фарози ҳаёт таҷассум мегардад. Иродаи матин ва тавони бардошти санҷишҳои сангини зиндагӣ буд, ки дар лобалои мусибатҳои оилавӣ сабр пеша карда,  ранҷу кулфати ба сараш омадаро мардонавор таҳаммул мекард. Бо амри тақдир модари бузургвораш солҳои ҳиҷрат дар ғурбат аз олам чашм пӯшид. Дар он шабу рӯз Азизи Фаттоњ худ медонисту Худо, ки дурӣ аз дидори модар ва хабари шаҳодати ӯ дар кишвари Афғонистонро бо чӣ дарду азоби рӯҳӣ паси сар намудааст.

Тавре, ки баъдан он рӯзҳои сангини зиндагиро дар ёддоштҳои худ овардааст: “ Модар, қабл аз вафот бо ду дидаи меҳрборат чашмони худро ба роҳ духта будӣ. Шояд он лаҳза мехостӣ фарзандонат болои сарат бошанду сухани охиринатро барояшон бигӯӣ, аммо афсӯс модарҷон бо чашми интизор дар роҳи фарзандону пайвандон ва бо  ормону розҳои нуҳуфта дар дил тарки олам намудӣ...”.
Реҳлати модар ва дар сарзамини Афғонистон дафн шудани азизтарин шахс андуҳу мусибати бузургеро дар пай дошт, ки ҷигарбандонашро дилхуну умре дар ҳасрати рӯи модар гузошт. Баъди ғамҳои бисёрсолаи аз рӯи модар бенасиб мондан, билохира зиёрати оромгоҳи модари дар ҳасрати Ватан адо шудааш ба ӯ муяссар гардид. Аз он ба баъд, дурӣ аз хонаи охирати модарро ҳам як имтиҳони зиндагӣ дониста, ба хотири хушнудии арвоҳи зодмандонаш зиндагиро бо андешаи худсозиву ободониву осудагии Меҳан идома мебахшад. Мутаассифона, ин ғами охираш набуда, ки дар баҳори соли 2019 духти нозанинашро аз даст медиҳад.  

Марги духтари нозбӯи рӯзноманигор, ки бағоят дӯсташ медошт, дудмони падариро табдил ба мотамкада ва қалбҳои меҳрубони аҳли оиларо ончунон дилреш намуда буд, ки дигар  шодӣ аз дидаву ханда аз лабҳо гум шуда буд. Андар гирдоби андуҳи бузурги ҷигарбанди хеш баъди се соли дигар ҳамсари азизу ҳамсафари зиндагии рӯзноманигор ҳам онҳоро тарк гуфт.  Бо ин ҳама рӯзгори пурфоҷиа ӯ ба гоҳе назди касе гилагузориву бечоранолӣ накард, балки ҳадиси шукргузорӣ бар лаб саргарми касбу кори доимӣ буд.

Азизи Фаттоҳ давоми фаъолияти эҷодӣ китобҳои “Гулбоғи муаттар”, “Орзуи умри Ҳофизвор”, “Фатњи ќулла”-ро ба табъ ва пешкаши хонандагон гардонидааст. Барои фаолияти пурсамараш дар ҷодаи рӯзноманигорӣ бо медали “100-солагии матбуоти тоҷик” ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Инчунин, соли 2006 барои ғолибият дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” сазовори ҷоизаи “Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ” шуд.

Ин марди фидоии касби хеш бо  инъикос ва баррасии мавзӯъҳои гуногун миёнии сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳибэҳтиром аст ва мардуми заҳматкаш нисбаташ маҳбубияти зиёд доранд. Бешак, садҳо мақолаву очеркҳои дар мавзӯъҳои гуногун навиштаи устод Азизи Фаттоҳ дар тарбияи ватандӯстиву баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси худшиносии ҷомеа  нақши муассир мегузорад. Ҳаёти фаъолияти рӯзноманигори садоқатпеша, ки барои наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хазинаи муҳими маънавиро ғанӣ мегардонад, ҳамзамон, исми шарифи ӯро дар ёду хотираҳои мардум ва авроқи таърихи даврони соҳибистиқлолии  водии файзбори Шаҳритус ҷовидонӣ сабт хоҳад кард.
 
Юсуфи Собир
Албина Мирзоқулова, ноҳияи Шаҳритус


Добавить комментарий