Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дилам аз фараҳ лабрез мегардад
Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид, - мегӯяд иштирокчии ин Иҷлосияи таърихӣ, сокини шаҳри Левакант Файзулло Саидов.Ин воқеаи сарнавиштсоз бо бартараф кардани муаммоҳои марбут ба рукнҳои давлатдорӣ, барқарор кардани сохтори конститутсионӣ, ҳокимияти иҷроия ва судӣ, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пароканда шудани миллати куҳанбунёди тоҷик ва халқи Тоҷикистони азизро пешгирӣ кард.
Дар ин иҷлосия санадҳои ҳуқуқии зиёде қабул шуданд, ки минбаъд барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши калидӣ бозиданд.
Дар он лаҳзаҳои мудҳиш, ки ҳар рӯз садҳо нафар ҷони хешро аз даст медоданду ҳукумати вақт қудрату имкони пеши роҳи он ҳама хунрезиро гирифтан надошт, ана дар ҳамон шабу рӯзҳо Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олӣ барпо гардид ва дар баробари ҳаллу фасли даҳҳо масъалаи муҳим шахсияти бузурги таърихӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Ман шоҳид будам, ки кам касон дар он айём ҷуръат пайдо мекарданд,ки бори сахту сангини масъулиятро ба зимма гиранд.
Дар ёд дорам, ки Пешвои муаззами миллат дар аввалин баромадашон чунин қайд карда буданд. «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ҳамин тавр, хишти аввали давлатдории навини кишвари маҳбубамон гузошта шуд. Аз ин хотир, Иҷлосияро таърихию тақдирсоз ном мебаранд, ки бешак чунин аст. Зеро маҳз ҳамин воқеа имкон дод, ки Тоҷикистон як кишвари орому осоишта ва рӯ ба инкишоф шавад.
Аз қуллаи роҳи тайгардидаи 30-солаи Иҷлосияи таърихӣ ба он рӯзҳои душвор менигараму аз чашмонам ашк ҷорӣ мешавад. Чунки он замон яроқ дар дасти ашхоси бераҳму беандеша буду ҳар коре мехостанд, анҷом медоданд. Садҳо нафар ҷавонони бегуноҳ дар он солҳо кушта шуданду модарони зиёде аз фироқи фарзандони хеш то охирин нафас бо чашми гирён дунёро падруд гуфтанд.
Имрӯз ба чеҳраи шоду лабҳои пуртабассуми мардум нигариста дилам аз фараҳ лабрез мегардад. Барои насли ҷавон, бахусус, онҳое, ки баъди ба Истиқлоли давлатӣ ноил шудан, чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд, он мушкилоту душво фаҳмонем, то онҳо дар зиндагӣ бо роҳи хато на раванд. Воқеан ҳам аз рӯзҳои аввали фаъолияташон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гирди хеш ҷонибдорони ҳар чӣ тезтар ба кишвар овардани сулҳро ҷамъ оварда, тамоми неруҳои дигари онвақта дар кишвар фаъолбударо барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст овардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ рию ғаму андуҳи гарон, ки насли калонсоли кишвар дидаем, шояд афсона менамояд.
Ба ёд овардани он рӯзҳо бисёр вазнину гарон бошад ҳам, вале ба он хотир мехоҳам андешаҳои худро иброз намоям, ки насли ҷавон ба роҳи хато нараванд. Бояд дониста бошанд, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ асру замон ҷангу хунрезӣ боиси хушнудию сарафрозӣ гашта наметавонад.Мо, пирони шоҳиди талхию шириниҳои зиндагӣ вазифадорем, ки аҳамияти дастовардҳои таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба насли имрӯза ва ояндагон ва ташкил намудани Ҳукумати конститутсионӣ даъват намуданд.
Бо кору пойкору сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Тоҷикистони биҳиштосои мо дар як муддати кутоҳ гулгулшукуфон гаштаву Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Аз ин рӯ, мо низ вазифадорем, ки дар атрофи Пешвои муаззами хеш муттаҳид гашта, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азиз ҳиссагузор бошем.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД 11:11ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД 14:42ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД 15:32ҶАЙҲУН. ЧАРОҒАКҲОИ РАҚАМИИ МУОСИР НАСБ КАРДА ШУД 15:21НАРӮЗ – РАМЗИ ҲАЁТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 15:25ВАХШ. СОХТМОНИ МАКТАБ ВА СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД 15:17КАНГУРТ – НАМУНАИ СОЗАНДАГИҲО 15:11АЗ ДЕҲАҲОИ КӮҲИСТОН, ТО РОҲҲОИ ДУШАНБЕ 15:05
Серхонандаҳо
ВАХШ. СОХТМОНИ МАКТАБ ВА СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
АЗ ДЕҲАҲОИ КӮҲИСТОН, ТО РОҲҲОИ ДУШАНБЕ
ҶАЙҲУН. ЧАРОҒАКҲОИ РАҚАМИИ МУОСИР НАСБ КАРДА ШУД
"АРВОҲ”
НАРӮЗ – РАМЗИ ҲАЁТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
КАНГУРТ – НАМУНАИ СОЗАНДАГИҲО


