Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
28 янв 12:40Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ
Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Иди Сада
Ҳамдиёри азиз!Боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Ин ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла маросими Сада, ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, ободгароии мардум хизмат кардаанд.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ бар зидди торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳо гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ, ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.
Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд.
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ шурӯъ мекунанд.
Ҳамасола дар маъракаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок мекунанд ва чунин муносибати шоиста ҳар як сокини ватандӯсту хештаншиносро ба он роҳнамоӣ месозад, ки шуруъ аз манзили зист, замини наздиҳавлигӣ, то кӯчаву шоҳроҳҳо, талу теппаҳо ба шинонидани ниҳолон, тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тозаву барқарор намоянд.
Кишоварзони вилоят тавонистанд ҳаҷми умумии солонаи маҳсулоти кишоварзиро ба 26 миллиарду 41 миллиону 918,3 ҳазор сомонӣ расонанд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин ба андозаи 1 миллиарду 641 миллиону 261,6 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 6,7 банди фоизро ташкил менамояд. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 52,5 фоиз ё худ 13 миллиарду 668 миллиону 455,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Дар соли ҷамъбастии 2022 дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, ба ғайр аз пахта, картошка, тухм ва моҳӣ, аз 100,2 то 107,8 фоиз таъмин гардид.
Итминони комил дорам, ки дар соли љорї низ кишоварзони вилоят аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо масъулияти баланд ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат саъю кӯшиш мекунанд ва дар соли 2023 низ ба комёбиҳои назарраси соҳа ноил мегарданд.
Қобили қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 январ зимни маҷлиси ҷамъбастии сол ба масъулони соҳа вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми навбатӣ, дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан, ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва дар ин замина таъмин кардани амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, афзудани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии баландсифат ва ба иқлим мутобиқ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, аз заминҳои обӣ гирифтани 3-4 ҳосил, ташкили гармхонаҳои муосир бо технологияҳои пешқадам, риояи қоидаҳои агротехникаи парвариш ва сари вақт ба роҳ мондани кишт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бинобар ин, масъулини сохторҳои дахлдори вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро лозим аст, ки ҷиҳати афзоиш додани майдони кишт, аз ҷумла майдонҳои кишти картошка ва пиёз, омодагӣ ва саривақт оғоз кардани кишти баҳорӣ, самараноку оқилона истифода бурдани замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиш ворид намудани заминҳои боир, тезонидани маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании нисбатан арзон ва иҷрои саривақтӣ ва босифати дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чораҳои қатъӣ ва муассир андешанд.
Бо истифода аз ин фурсат, тамоми мардуми вилояти Хатлон, бахусус кишоварзонро бо ҷашни фархундаи Сада самимона шодбош гуфта, барори кор, саодати рӯзгор, дастурхони пурфайзу бобаракат ва сарбаландиро таманно дорам.
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 12:19АМИРШОҲИ ХАТЛОНӢ: ПАЁМ – МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ 12:09Номи нек ва корномаи пуршараф 12:03ҶАНГАЛБОНЗАН — НАМУНАИ ҶАСОРАТУ САДОҚАТ 12:13ҶАЙҲУН. ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ ЛОГИСТИКӢ БУНЁД МЕШАВАД 10:59НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 15:375151 ВА МАЙНАИ ДОНО 12:12ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 18:07
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ҶАЙҲУН. ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ ЛОГИСТИКӢ БУНЁД МЕШАВАД
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд


