Бойгонӣ

Файзи Истиқлол

Дар саргаҳи ин ташаббусҳои нек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ҳидояти худ ба созандагони диёр роҳнамо ҳастанд. Ин аст, ки соҳибкорони ободгару сокинони меҳанпарвар даъвати Сарвари давлатро оид ба вусъат додани корҳои созандагӣ дар маҳали зисти худ хуш пазируфта, дар баробари Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин раванд фаъолона ширкат варзиданд. Натиҷаи чунин баҳамоиҳо буд, ки дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 8 ҳазору 256 иншооти гуногунтаъинот сохта ба истифода дода шуд. Дар доираи ҷашни 30- солагии Истиқлоли кишвар таваҷҷуҳ асосан ба рушди деҳот, беҳтарнамоии инфрасохтори он ва фароҳам овардани шароити аввалияи иҷтимоӣ дар маҳали зисти сокинон буд. Яъне, бештар иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқ, об, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва амсоли ин сохта шуданд. Албатта, дар ин миён қасрҳои фарҳангӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдонча ва толорҳои варзишӣ низ мавҷуданд, ки имрӯз мавриди баҳрабардории сокинон қарор доранд.  -Дар доираи 30- солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳоло мо 31-уми солгарди Истиқлоли кишварро таҷлил намуда истодаем. 

  Раванди бунёдкориҳо минбаъд чӣ гуна сурат мегирад? 

Ҷумҳурии азизамон ҳоло дар марҳилаи рушд аст. Ҳамаи сокинони қадршинос хуб эҳсос мекунанд, ки мо дар масири давлатдорӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз куҷо то ба куҷо расидем. Се даҳсола пеш магар дар деҳот муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, дорухона, ҳаммом ва амсоли ин иншооти иҷтимоӣ мавҷуд буд? Не, албатта! Ин ҳама подоши нек ва натиҷаи саъйу талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат ва халқи заҳматкашамон ҳаст, ки аз як гиребон сар бароварда ба чунин муваффақиятҳо расидем. Имрӯз ҷашни 31- солагии Истиқлоли Ватанро дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ таҷлил намуда истодаем ва баъд аз чор соли дигар моро ҷашни бузург- 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Бо ҳамин мақсад барои вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ, саноатикунонии босуръат ва омодагии хос ба ҷашни фаромиллӣ Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси он Қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба тасвиб расида, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо нақшачорабиниҳои ободонию созандагӣ таҳия гардидааст. Мувофиқи нақшаи пешакӣ дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят бунёду азнавсозии 6 ҳазору 204 адад иншоот пешниҳод гардида, ин раванд ҳоло ҳам идома дорад.  - Саноатикунонии босуръатро ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми худ эълон кард. Барои расидан ба ин мақсад чӣ тадбирҳо андешида мешавад? -Аз шумораи умумии иншооти сохташаванда 500 адади он ба соҳаи саноат рост меояд. Итминон аст, ки чорсоли оянда аз ин ҳам бештар корхонаҳои саноатӣ ташкил карда шавад. Яъне минбаъд таваҷҷуҳи асосӣ ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот, шир, маҳсулоти нонӣ, равғанбарорӣ, макаронбарорӣ, ашёни рӯзгор ва ғайра равона карда мешавад, ки ҳамаи онҳо баҳри таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои навӣ корӣ ба аҳолӣ мебошад. Қисми боқимондаро бошад иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт, хизматрасонӣ, савдо ғайра дар бар мегиранд, ки ҳамаи онҳо аҳамияти муҳими ҷамъиятӣ доранд.  Ҳамчунин ташкили фермаҳои чорводорӣ, фабрикаҳои паррандапарварӣ, сардхонаҳо, гармхонаҳои замонавӣ низ дар назар дошта шуда, мувофиқи талабот қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бунёд карда мешаванд. Таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ва кашидани хати оби тозаи ошомиданӣ ба аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии тадбирҳои созандагӣ дар маҳал хоҳад буд. Зеро борҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки бояд мо пеш аз ҳама барои зиндагии шоистаи мардум талош намоем ва шароити созгорро ба онҳо фароҳам созем.

-Вобаста ба сифати корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ибрози назар менамудед? 

- Ҳамаи иншооти сохташаванда мувофиқ ба талаботу меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ бояд бунёд карда шаванд. Аммо, таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат бархе аз соҳибкорон бо мутахассисони соҳа машварат накарда, корро оғоз мекунанд ва дар рафти сохтмон ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин миёни мардум шубҳаро ба вуҷуд меорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки сол то сол шумораи аҳолии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон зиёд шуда истодааст ва дар ин баробар талабот ба манзили зист низ афзудааст. Барои ҳамин аз ин баъд дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бештар биноҳои бисёрқабаи истиқоматӣ сохта мешаванд. Ва ин масъаларо бояд соҳибкорону сокинон дуруст дарк намоянд. Зеро кишварамон камзамин аст ва нигоҳ доштани заминҳои корам барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ниҳоят муҳим мебошад. Ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи генералии меъморию шаҳрсозии худро доранд ва ҳар иншоот бо назардошти маҳал, муҳит ва талаботи мардум сохта шуда, бо тарҳу намои зебо ба истифода дода мешавад. Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи лоиҳаҳои иншооти таиноташон гуногунро бо назардошти санъати меъмории миллӣ ва рамзу анъанаҳои хоси тоҷикӣ пешниҳод намудааст. Аз ин лиҳоз ҳар нафаре, ки тасмими ободонӣ дорад дар баробари сифати сохтмон ҳамчунин бояд ба тарҳу намои зоҳирии иншооти бунёдшаванда диққат диҳад. Ин аз соҳибкорону сокинон вобастагии калон дорад.

Амонҷон МАҲКАМОВ

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019