Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 дек 22:29Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ
ЗУКОМ ва табобати он
Бо сард шудани ҳарорати ҳаво бемориҳои мавсимии шадиди роҳи нафас авҷ мегиранд, ки маъмултарини он зуком мебошад.Ин гурӯҳи бемориҳо хунукиро «дӯст» медоранд ва дар зимистонинкишоф ёфта, аксариятро сироят мекунанд, - гуфт дар мусоҳиба бо ходими маҷаллаи «Сафо» Музаффар Ғафуров, муовини менеҷери Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар оид ба корҳои табобатӣ.
Кӣ бештар зуком мешавад?

на онқадар инкишоф ёфтааст ва он иқтидори мубориза бо вирусро дар бисёр ҳолат надорад. Дар калонсолон бошад, баръакс масуният коҳиш ёфта, организмро заиф намудааст. Ҳамчунин эҳтимоли сироятёбӣ ба зуком миёни гурӯҳи одамоне бештар аст, ки онҳо аллакай ба бемориҳои дигар гирифторанд. Масалан, диабети қанд, категорияҳои муайяни бемориҳои фишорбаландӣ, илтиҳоби шадиди роҳи нафас, бронхит, илтиҳоби музмини найчаҳои нафасгирӣ, диққи нафас ва амсоли ин мебошад. Бештари маврид сирояти шадиди роҳи нафасро илтиҳоби бодомакҳо (ан-гена) ба вуҷуд меоранд ва онҳо дар натиҷаи нӯшидани оби хунук ва ё аз сардӣ эҳтиёт накардани гулӯ пайдо мешаванд. Сабаби пайдоиши илтиҳоб дар бофтаҳои шуш низ дар бисёр маврид аз сирояти (сармохӯрӣ) дутарафа ё яктарафаи бофтаҳои шуш, маъмул бо номи «пневмония» мебошад.
Чаро бемориҳои шадиди роҳи нафас маҳз дар тирамоҳу зимистон авҷ мегиранд?
Аз рӯи таъсири муҳити зист, бахусус, боду ҳаво ба инсон микроорганизмҳо ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо мешаванд.

Барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) чӣ бояд кард?
Аз ҳама муҳим барои баланд бардоштани иммунитет ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ғизои дуруст аст. Яъне, ин маънои онро дорад, ки серҳаракат будану ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шудан гардиши хунро хуб намуда, масуниятро меафзояд ва инсонро аз ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ ҳифз менамояд. Ҳамчунин имрӯз аксари одамон реҷаи муайяни ғизохӯрӣ надоранд ва маҳсулоти гуногуни серкалорияро аз меъёр зиёд истеъмол мекунанду ба кабудиҳо, меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахш, ки онҳо манбаи асосии витаминҳо ҳастанд мароқ зоҳир намекунанд. Масалан, истеъмоли бодом, чормағз, писта, ғулинг, боимҷом, меваҳои ситрусӣ иммунитетро ташаккул медиҳанд. Вале онҳое, ки фишори хунашон паст аст, илтиҳоби музмини найчаҳои нафасгирӣ ва ё дигар маризиҳое доранду истеъмоли ин ғизоҳо реаксияҳои ҷавобии аллергикиро дар организмашон ба вуҷуд меорад, парҳезкор бошанд беҳтар аст.
Бархе аз беморон бе тавсияи табибон аз антибиотикҳо зиёд истифода мебаранд.Дар ин хусус чӣ андеша доред?
-Зуком бемории вирусӣ аст ва антибиотикҳо иқтидори ба онҳо таъсир расониданро надоранд. Одатан антибиотикҳоро бар зидди бактерияҳо истифода мебаранд. Аммо он ҳам ба бемор танҳо баъд аз санҷиши лабараторӣ вобаста ба ҳиссиётнокии бактерияҳои организм таъйин карда мешавад. Яъне, аввал балғам ва луоби даҳони мариз дар лабаратория санҷида шуда, муайян карда мешавад, ки дар таркиби вай масалан, пневмакокк, стафилакокк мавҷуд аст ва ё чизи дигар. Пасон ба бемор сефтриаксон, гентамитсин, ампитсиллин ва ё қабули дигар намуди маводи доруворӣ таъйин карда мешавад. Агар ҷараёни беморӣ вазнинтар гузарад маводи зиддивирусӣ, масалан, анаферонҳо, виферон ва ғайра таъйин карда мешавад, ки он ба афзоиши вирусҳо дар организм монеъ мешавад. Сипас, организм худаш бо беморӣ мубориза мебарад. Бештари одамон парасетамол истеъмол мекунанд, ки он ҳамагӣ ду таъсир дорад: ҳарорати баданро паст мекунад ва дарди сар, буғуму мушакҳоро рафъ месозад. Танҳо па расетамол барои табобати бемориҳои роҳи нафас кифоя нест. Ин албатта вобаста аст ба раванди беморӣ, синну соли бемор ва ҳолати кунунии ӯ. Агар табиб муайян кард, ки ҳолати бемор чандон хуб нест, синну соли вай калон асту илова бар ин бемории дигари ҳамрадиф дорад, дар ҳамин ҳолат ба бемор қабули маҷмӯи витаминҳо, маводи зиддивирусӣ, бедардкунии организм ва пасткунии ҳарорати баданро таъйин мекунад. Баъзан беморон бе авсияи духтур ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин метавонад баръакс ҳолати онҳоро вазнинтар кунад. Ҳоло номгӯи маводи доруворӣ хеле зиёданд ва ҳамасола бо рангу намои гуногун ба дорухонаҳо роҳ ёфта истодаанд. На ҳама медонад, ки он маводи доруворӣ дар таркибашон чӣ доранд, оё қабулашон ба ҳама яксон таъсир мекунад ва ё онҳо хусусияти дигар ҳам доранд. Баъзе нафарон бемориҳои роҳи нафасро гузаранда номида, ба саломатии худ чандон ғамхорӣ зоҳир намекунанд ва аз пайи табобати ҷиддӣ ҳам намешаванд. Ноогоҳ аз он, ки сулфазанию нафастангӣ, саромозании аз ҳад зиёд ва аломатҳои дигари монанд ба зуком оҳиста- оҳиста фаъолияти шушҳоро ноустувор гардонида, ба саломатии инсон таъсири бад мерасонанд. Барои ҳамин ҳам мо - духтурон ҳамеша тавсия медиҳем, ки сокинон нисбати солимии худ бепарво набошанд ва тибқи тавсияи мутахассисон ба табобат фаро гирифта шаванд.
Барои пешгирӣ ва табобати бемороии зуком чӣ тавсия медиҳед?
Ба гирифторони бемориҳои роҳи нафас хусусан зуком зуд-зуд нӯшидани оби ҷӯшомада манфиатбахш аст. Лимӯчой, асалчой низ тавсия дода мешавад. Шириниҳо ба инсон қувват мебахшанд. Лимӯ бошад дар таркибаш кислотаи аскарбинӣ дорад ва он метавонад иммунитети одамро қавитар кунад. Агар дар рагҳои хунгард кислотаи аскарбинӣ нарасад, онҳо беқувват мешаванд ва гардиши хунро вайрон мекунанд. Барои ҳамин ҳам аксари доруҳои зиддивирусӣ ё зуком дар таркибашон лимӯ ё кислотаи аскарбинӣ доранд. Илова бар ин истифодабурдани тезиҳо ба истиснои баъзе нафароне, ки ба онҳо истеъмоли тезӣ манъ аст, тавсия дода мешавад.Дар таркиби тезиҳо фунгисипҳо мавҷуд аст, ки қобилияти мубориза бо бактерияҳоро доранд.Испандуд низ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ беҳтарин восита аст. Зеро чунин бемориҳо бо роҳи қатрагӣ ҳавоӣ мегузаранд. Дар хона агар як кас гирифтор шавад,вай метавонад тамоми аъзои оиларо сироят кунад.Сирояти шадиди роҳи нафас барои ҳомиладорон хавфнок аст. Зеро он метавонад ба инкишофи тифли батни онҳо зарар расонад. Барои ҳамин ҳам занони ҳомила бояд бештар эҳтиёткор бошанд. Дар марҳилаи семоҳагиии ҳомиладорӣ қариб, ки дору таъйин карда намешавад. Беҳтар аст онҳо бо истифода аз маводи табиӣ, яъне тибби халқӣ табобат карда шаванд. Аммо агар зарурат пеш ояд тибқи нишондоди табиб маводи доруворӣ таъйин карда мешавад.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Хушҳолии деҳқон аз ҳосили фаровон
Сабзавоткорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун ба шумор рафта, хоҷагидорону кишоварзони он ҳамасола дар майдонҳои васеи корами обӣ бештар сабзӣ ва пиёз кишт мекунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо заминҳои ноҳияи номбурда ва обу ҳавои он барои истеҳсоли ин намуди зироат мувофиқ буда, ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Ҳусейн Ғаниев, саҳмдори хоҷагии деҳқонии«Ғанӣ»-и Ҷамоати деҳоти Панҷ аз ҳосили имсолаи кишти сабзӣ изҳори хушҳолӣ намуда, мегӯяд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 350400 сентнер ҷамъоварӣ намуда истодаанд, ки ин нишондиҳанда назар ба солҳои гузашта зиёд мебошад. Шукр, ки кишти имсолаи сабзӣ бобарор омад. Аз 2,5 гектар беш аз 100 тонна ҳосил гирифтем.
Худи соҳибкорон ба наздамон омадасабзиро бо нархи хуб харидорӣ намуданд ва онро ба бозорҳои шаҳрҳои Бохтар, Душанбе,Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар бурданд - зикр намуд кишоварз. Ба гуфтаи Ҳусейн Ғаниев дар 9 гектар замини хоҷагии деҳқониашон, ки дар он баробари сабзӣ, ҳамчунин пиёз, гандум, пахта, беда ва дигар зироати кишоварзӣ кишт шудааст 16 нафар саҳмдор ва аҳли оилаи онҳо заҳмат кашида, аз ин ҳисоб рӯзгорашонро пеш мебаранд.
Мо ягон ваҷаб заминро ҳеҷ гоҳ холӣ намегузорем. Зеро он манбаи даромади на танҳо оилаи ман, балки ҳафт бародар низ ҳаст, мегӯяд саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Ғанӣ». Дар вақти ҷамъоварии ҳосил,аз ҷумла, сабзӣ ҳамчунин то 50–60 нафар сокинони ноҳияро ба кори мавсимӣ ҷалб карда, дар баробари маоши ҳаррӯза ба онҳо як миқдор маҳсулоти кишоварзӣ ҳам медиҳем, - идома дод Ҳ. Ғаниев.
Ин кишоварз зикр намуд, ки ҳеҷ кадоме аз бародарони ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд. Балки онҳо бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда дар Ватан замини дар ихтиёрдоштаашонро оқилона истифода бурда, рӯзгорашонро обод намудаанд.
Ба гуфтаи Ҳусейн Ғаниев да р натиҷаи меҳнати софдилона дар замин ӯ ва ҳамаи бародаронаш ҳам соҳиби хонаву дар ва ҳам мошину дигар лавозимот шудаанд. Ин аст, ки кишоварзи номбурда бо хушҳолӣ шукри сарзамини пурфайз намуда, корро дар зодгоҳ афзал мешуморад. Саҳмдорони хоҷагӣ баъд аз ҷамъоварии пурраи сабзӣ тасмим доранд, ки заминро ба кишти полезӣ, хусусан тарбузу харбуза ва ҳандалак омода намуда, шурӯъ аз моҳи май
ҳосилро ба фурӯш гузоранд. Пиёзро, ки моҳи сентябри ҳамин сол дар 4 гектар кишт кардаанд, апрели соли оянда ҳосили онро ғунучин намуда, бо ҳамин тартиб кори хоҷагидориро муваффақона пеш баранд. Тибқи иттилоъ имсол саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳияи Ҷайҳун дар майдони умумии 3 ҳазору 270 гектар сабзӣ кишт намудаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузошта беш аз 1000 гектар зиёд мебошад.
Сабаби инро кишоварзону мутахассисон дар камхаҷм будани кишти сабзӣ нисбат ба пиёз ва дигар намуди зироат арзёбӣ намуда, нархи муносиби ин намуди маҳсулоти кишоварзиро низ яке аз омилҳои васеъ гардидани майдони он медонанд.
А. БАХТИЁРЗОДА
Добавить комментарий
Ахбор
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30Мазҳакаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” 13:27Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид 15:49Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст 16:05Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд 13:04Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад 11:53Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ 13:59Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд 16:08
Серхонандаҳо
ПЕШАИ ПУРИФТИХОР
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Хатлон. 113- солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд
ХОВАЛИНГ. МАТБАА СОҲИБИ ДАСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ ШУД
Дар шаҳри Бохтар 350 ҳазор гул шинонида шудааст
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
СУМАНАК