Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАШВАРАТИ ВИДЕОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Рӯзи, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Бонки Ҷаҳонӣ тариқи онлайн машварати видеоӣ баргузор намуданд. Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, дар машварати мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, роҳбари гурӯҳи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Андреа Далл Олио (аз Вашингтон дар алоқа), муовини роҳбари лоиҳа Талайбек Кошматов (аз Бишкеки Қирғизистон дар алоқа), мутахассисон Татяна Сегал ва Юн Фан (аз Вашингтон дар алоқа) ва мушовирони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алишер Исоев, Наврӯза Алиқулова (аз Душанбе дар алоқа) ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, инчунин вусъат додани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Бонки Ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуданд, ки дар сурати ҳарчи тезтар татбиқ гардидани лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” Бонки Ҷаҳонӣ дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод шудаанд, саҳми намоён мегузорад.
Таъкид гардид, ки дар доираи чорабиниҳои лоиҳа ҷудо намудани грантҳои хурд, барои дастгирии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, шир ва ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ гардонидани мавзеъҳои “Чилучорчашма”, Хоҷа Машҳад ва қалъаи Ҳулбук ҳамчун объектҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ Андреа Далл Олио зикр намуд, ки барои пешбурди корҳои барқарорсозӣ ва беҳбуд бахшидан ба ҳолати иншоотҳои Хоҷа Машҳад (Шаҳритус), қалъаи Ҳулбук (Восеъ), “Чилучорчашма” (Носири Хусрав), таҳияи коркарди бизнес-планҳо 4,5 миллион доллар сармоягузорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи лоиҳа инчунин грантҳои хурд барои рушди бизнеси хусусӣ дар самтҳои такмили сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, тарабхонаҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди ин ҷудо карда мешаванд.
- Мо омодаем, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ ва лоиҳаҳои бо маблағҳои ин бонк амалишаванда ҳамкории доимӣ ва манфиатбахш дошта бошем, - қайд карданд раиси вилоят дар интиҳои конференсияи видеоӣ. - Боварӣ дорам, ки амалишавии “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Бонки Ҷаҳонӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ