Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
24 фев 09:25Ахбор / Мақомот

НОСИРИ ХУСРАВ: НОҲИЯЕ БО АҲОЛИИ КАМУ ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁД

     - Давоми соли 2019 ба мавзеъҳои таърихию фарҳангию сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав 14 ҳазору 573 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 698 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд, - гуфт раиси ноҳияи болозикр Нишонзода Даврон зимни нишасти матбуотӣ, ки 13-уми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Зикр гардид, ки ноҳия барои рушди сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти обҳои минералӣ ва бахусус чашмаҳои шифобахш имкониятҳои мусоид дорад. Дар ноҳия 32 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки машҳуртарини онҳо зиёратгоҳи “Чилучорчашма” ба шумор меравад. Зиёратгоҳи мазкур аз маркази ноҳия дар масофаи 4 километр дуртар ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Аз оби зулоли он тавассути канал сокинони 6 деҳа истифода мебаранд. Хати оби нӯшокии маркази ноҳия низ аз “Чилучорчашма” кашида шудааст. Инчунин, бо ин об 700 гектар киштзор обёрӣ мешавад. Дар назди зиёратгоҳ корхонаи хурде ҳаст, ки дар фаслҳои баҳору тобистон оби шифобахши чашмаро дар зарфҳо бастабандӣ мекунад. Ҳамасола ба ин мавзеи таърихӣ дар фасли тобистон то 10 ҳазор нафар сайёҳон ташриф меоранд. 

Дар ин баробар дар ноҳия мавзеъи таърихии “Қалъаи Бешкент” мавҷуд аст, ки ҳамасола аз инҷо низ сайёҳони зиёде дидан мекунанд. 


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ