Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶОЙИ 2 НАСИБИ АҲЛИ ТЕАТРИ ВИЛОЯТ ШУД
Аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2023" ширкат варзида, соҳиби ҷойи 2-юм гардиданд,-дар ин бора ба маҷаллаи "Сафо" Отахон Саидов, директори театри мазкур хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳунармандони театри вилоят, бо намоишномаи "Зол ва Рудоба" дар ин фестивал ширкат кардаю миёни дигар театрҳои ҷумҳурӣ мақоми 2-юмро касб намуданд.
Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар коргардонии Баҳром Қурбонзода омода гаштааст.
Бино ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар Фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2023" ҳунармандони театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҷойи аввал, театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ мавқеи сеюмро касб намуд. Ёдовар намудан ба маврид аст, ки ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, бо ширкат кардан дар ин фестивал, соли 2019 ҷойи сеюм, соли 2021 соҳиби ҷойи дуюм гашта буданд.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
Гавҳари зиндагӣ


