Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш” дар ноҳияи Данғара
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш”-ро ба истифода доданд.
Ҳадаф аз таъсиси хоҷагӣ ва ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот, ба содирот нигаронидани он ва таъмини пешрафти дучанди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дониста мешавад.
Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагӣ ба ҳавзҳо 55 ҳазор моҳича сар доданд.
Дар хоҷагӣ парвариши моҳии навъи “бестер” ба роҳ монда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба мебошад. Оянда дар назар аст, ки дар ин хоҷагӣ беш аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш ёбад.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев оғоз шуда, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешавад.
Айни замон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои парваришёбандаи моҳӣ ва ба ин васила зиёд кардани истеҳсоли он дар хоҷагӣ 5 ҳавз таъсис дода шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал парвариши 55 ҳазор моҳӣ, аз қабили навъҳои моҳии сазан, пешонағафси сафед ва амури сафед ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда намуд ва миқдори моҳиро бештар кунанд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ дар Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш” 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Данғара солҳои охир моҳипарварӣ рушд карда, имрӯз фаъолияти 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар 30 гектар замин дар ҳамин самт равона карда шудааст.
Истеҳсоли гушти моҳӣ дар соли 2022 дар ноҳия 40 тоннаро ташкил намуда буд. Дар се моҳи аввалӣ соли 2023 бошад 7,5 тонна гушти моҳӣ истеҳсол шудааст.
Шароиту имконияти мусоиди моҳипарварӣ дар кишвар муҳайё аст ва истифодаи муфиди имконияти мавҷуда ба пешрафти дучанди он мусоидат мекунад.
Таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорон дар самти мазкур фаъолияткунанда, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гушти он, аз ҷумлаи омилҳои такондиҳандаи рушди соҳа арзёбӣ мегардад.
Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади иқтисодӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти сатҳи зиндагии мардум дониста мешавад.
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





