Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёди бинои истиқоматӣ
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён бунёди бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ бомаром идома дорад.Маблағи иншоот 185 миллион сомониро дар бар гирифта, он аз 45 ҳуҷра иборат мебошад.
Бино дар масоҳати 0,60 гектар бунёд шуда, фармоишгари сохтмон Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва корҳои пудратиро ҶДММ “Парвиз-92” анҷом дода истодааст.
Дар иншоот то ин замон ба маблағи 9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз худ карда шуда, кор дар қисмати болопӯши бино идома дорад.Айни замон дар корҳои сохтмонии ин бинои истиқоматӣ 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён иттилоъ доданд, ки аз рафти корҳои сохтмонии ин бино иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дидан кардааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД


