Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН МОҲИ НОЯБР БО МЯНМА ВА ҚИРҒИЗИСТОН РАҚОБАТ МЕКУНАД
Фардо - 14 ноябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Мянма қувва месанҷад. Баъдан шогирдони Усмон Тошев аз шаҳри Янгони ба шаҳри Бишкек барои анҷом додани бозии навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Қирғизистон сафар мекунанд. Ин вохӯрӣ 19 ноябр, соати 19:00, бо вақти Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.
Дастаи мунтахаби Япония ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар дастаи мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва дастаи мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.
Ба ин тартиб, футболбозони Япония, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» мақоми аввал касб намудаанд, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот мебошанд.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Футболбозони Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин - панҷум - ҷойгир шудаанд.
Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат доранд. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Марҳилаи интихобӣ, ки 5 сентябри имсол шурӯъ шуд, 9 июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД