Бойгонӣ

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 16 ноябри соли 2021

Ба ҳам рост омадани ҷашнҳои 29-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон дар амнтарин гӯшаи Ватан - Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, қалбҳои пурдарду ғаму андуҳро шуълаи умеду боварӣ ба фардои дурахшони кишвар бахшид. Иҷлосияи мазкур аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт.
Маҳз бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ шурӯъ шуд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти таърихӣ дошта, шахси таърихсозу созандаро ба сари минбари сиёсат овард, ки аз нахустин лаҳзаҳои давлатдорӣ такя ба халқ карда, ормонҳои миллиро бо як нигоҳи тоза ва андешаи пок дар амал татбиқ намуд.  
Маҳз интихоби боадолатонаи вакилони вақт барои хотима гузоштан ба низоъҳои дохилӣ, гирифтани пеши роҳи ҳамагуна нобасомониҳо, таъмини зиндагии осудаю осоишта, раҳоӣ аз хатари гуруснагӣ ва баргардонидани ҳамватанони фирорӣ ба марзу буми аҷдодӣ боис гардид.
Иҷлосияи XVI рӯйдоди таърихии тақдирсозест, ки дар таърихи давлатдории навини мо мақом ва ҷойгоҳи махсуси худро дошта, оғози марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон, рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдории миллию мустақиланд, қабул гардиданд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ ва қатъӣ дошта, собитқадам аст.
Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ дар кишвар гардид.
Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо исбот намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.
Баргардонидани гурезаҳо яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд, ки «… то як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI бо гузашти давраҳои муайяни таърихӣ дучанд меафзояд. Зеро, маҳз дар ҳамин Иҷлосия шахсияти таърихие ворисии миллатро ба дӯш гирифт, ки имрӯз тамоми миллат ӯро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Мақсад аз рӯзи ид муқаррар кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил ва фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид, дар қалби мардум шуълаи умедро фурӯзон ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳамовари шароити арзандаи кору зиндагӣ барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, балки ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки ин далели бебаҳс буда, ба тасдиқу исботаш зарурат нест.
Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2021 ба аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, далели таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушду тараққиёти вилояти Хатлон мебошад, ки бояд мо ба ин дастовардҳо арҷ гузошта, барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми босазои худро гузорем.
Сокинони вилояти Хатлон бо фараҳмандию шукргузорӣ аз рушду пешрафт ва сиёсати бобарори фарзанди фарзонаи миллат ифтихор намуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу ваҳдат, иттиҳоду ҳамбастагӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ садоқатмандона заҳмат кашида, баҳри таъмини зиндагии шоиста саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи боэътимоди ташаккули ҳувият ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ намуда метавонад. Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, дар роҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи нек нақши муҳим дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ва садоқат дар атрофи фарзанди фарзонаи миллат, чеҳраи гиромӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муътабару арҷманди худ сарҷамъ буда, савганди бо аҳду вафои Пешвои муаззами миллатро, ки саропо аз хираду фазилат иборат буд, ҳамчун савганди худ қабул карда, дар партави ҳидоятҳои шоистаи Роҳбари давлат дар самти ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои нав талошу кӯшиш доранд.
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд. 
Бо ҳамин ниятҳои нек, бо камоли эҳтирому сарфарозӣ таҷлили  Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсозӣ XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба ҳамватанони азизу арҷманд табрик ва таҳният гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон пешрафту рушди бештарро таманно менамоям.
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019