Бойгонӣ

Парвози ҳунар

Яқин аст, ки тамоми дӯстдорони санъату аҳли фарҳанг ва ашхоси бомаърифати кишвар ва ҳатто хориҷ аз он яке аз ситораҳои тобони санъати тоҷик устод Мирзоватан Мировро мешиносанд ва ҳунару истеъдоди волои ӯро қадр менамоянд.
Ин ҳунарманди  асил соли 1965 Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи ҳозираи Рӯдакиро бомуваффақият хатм  карда, қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи ҳунар аз саҳнаи театр оғоз бахшидааст. Баъдан,  ба шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуда, фаъолияти худро ба ҳайси актёр-овозхон дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайидалӣ Вализода идома медиҳад. 
           Мирзоватан Миров- овозхон
    Маҳорату истеъдоди фавқуллодаи овозхонӣ ҳанӯз аз овони кӯдакию наврасӣ дар қалби ӯ маъво гирифта буд. Замони донишҷӯиаш дар чорабиниҳои фарҳангии донишкада, дар тӯю маъракаҳои деҳа баромад карда, бо сурудҳои дилангез ва овози маҳину ширадораш хотири мухлисонашро шод мегардонид. Сабки хоси сарояндагии худро дошта, дар санъати овозхонӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруф Одина Ҳошимро устод худ медонад. Шогирди хушзеҳну хушсалиқа аз устоди бузургаш сирру асрор ва нозукиҳои санъати овозхониро аз худ намуда, бо маҳорату истеъдоди фитрӣ, оҳангҳои дилошӯб ва овози хушу дилангезаш мисли устодаш машҳур гардид.
Сурудҳои иҷронамудаи ин овозхони мумтозро шунавандагону тамошобинон бо меҳру самимияти хоса истиқбол менамоянд, зеро дар интихоби сурудҳои пурмазмун Мирзоватан Миров таҷрибаи бой андухтааст. Ду-се сол пеш дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе дар ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким дар баробари дигар овозхонон, устоди саҳнаи тоҷик Мирзоватан Миров сурудеро аз ашъори шоир «Ё ту моро нашиносӣ, ахтари боли баландӣ»-ро сароида, тамошобинонро тасхир намуда буд. Ёд дорам дар шаби эҷодии ин ҳунарманди шинохта дар шаҳри Кӯлоб толори Қасри фарҳанг ва ҳатто роҳравҳои он пур аз тамошобин буд. Базми шеъру суруд то поси шаб идома ёфта, дар он шаби эҷодӣ устоди зиндаёд Ашӯр Сафар ба фаъолияти эҷодии 
Мирзоватан Миров  баҳои баланд дода, шӯхиомез гуфта буд: «Мирзоватан ба ғайр аз хамир кардану нон пухтан дигар ҳамаи ҳунарҳоро дорад – мутриб, ровӣ, овозхон, оҳангсоз, актёр, коргардон…”
   Мирзоватан -коргардон
Солҳои 1972-1976  ӯ ба сифати режиссёр ва солҳои 1980-1992 саррежиссёри Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб фаъолияти пурсамар намудааст. Солҳои 1979-1980 дар шаҳри Москва курси режиссёриро хатм кардааст. Тӯли фаъолият дар ин ҷода Мирзоватан Миров ҳамчун коргардон зиёда аз 90 намоишномаро таҳия ва манзури тамошобинон гардонидааст. Ӯ бо намоишномаҳои рангин ва хотирмони худ Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлобро ба арсаи театрҳои касбии машҳури ҷумҳурӣ баровард.  
Намоишномаҳои таҳиякардаи ӯ «Робияи Балхӣ»-и А. Атобоев, «Шамшер ва рангинкамон»-и А. Қаҳҳорӣ, «Сафар Амиршоев», «Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов, «Писари калонӣ»-и  А. Вампилов, «Раиси сенздаҳум»-и А. Абдулин, «Дар чорсӯ»-и Нур Табаров аз ҷониби тамошобинон ва мунаққидони соҳаи театр хеле хуб пазируфта шуда, баҳои баланд гирифтанд. Соли 1989 ҳунармандони театр бо роҳбарии Мирзоватан Миров дар Фестивал-озмуни театрҳои касбии кишвар «Парасту» бо намоишномаи драмавӣ- мусиқии «Фишор»-и С. Аюбӣ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, сазовори шоҳҷоизаи Фестивал гардиданд. Худи ҳамон сол дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон намоишномаҳои беҳтаринро манзури тамошобинон гардонида, дар ин Фестивал соҳиби Ҷоизаи «Беҳтарин намоишномаи мусиқӣ» шуданд.
Солҳои фаъолият дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб давраи авҷи камолоти эҷодии ин ҳунарманди мумтоз маҳсуб меёбад. Маҳз ҳунари воло, истеъдоди худододу нотакрор буд, ки ӯро барои кор ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе даъват намуданд. Солҳои 1993 то соли 1995 ба ҳайси коргардон, баъдтар то соли 1997 роҳбари бадеии Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ шуда, фаъолияти пурсамари хешро идома дод. 
Соли 1995 дар Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи фоҷиаи В. Шекспир «Ромео ва Ҷулета»-ро рӯи саҳна оварда, дар Фестивал-озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту»  ба гирифтани ҷоизаи «Режиссёри беҳтарин» мушарраф гардид. Соли 1998 ба ҳайси роҳбари бадеии барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистонро бар зимма дошт, ки бо қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносии ӯ чорабинии мазкур дар сатҳи олӣ ва ниҳоят хотирмон баргузор гардид.
Устоди саҳна Мирзоватан Миров соли 2001 дар асоси оҳангу сурудҳо ва анъанаҳои суннатии мардумӣ намоишномаи мусиқӣ-фолклории «Тӯй ё ишқи духтари ҳамсоя»-ро ба саҳна гузошт. Дар ин намоишномаи шавқовар, ки бо қолабҳои навини фарҳангӣ рӯи саҳна оварда шуд, худи устод Мирзоватан Миров ба ҳайси роҳбари бадеӣ, муаллиф, коргардон ва овозхон баромад намуд. Ин намоишнома аз ҷониби санъатшиносон, мунаққидони  соҳаи театр ва тамошобинони ватанию хориҷӣ баҳои баланд гирифт. Ҳамон сол ҳунармандон таҳти роҳбарии Мирзоватан Миров бо ин намоишнома дар 3-юмин Олимпиадаи умумиҷаҳонии театрҳо ва ҳамзамон «Фестивали байналмилалии театрҳои ҷаҳон ба номи А.П.Чехов» дар шаҳри Маскав баромад намуданд, ки мутахассисону коршиносони соҳаи театрии шаҳрҳои Москваю  Санкт-Петербурги Россия ва кишвари Лаҳистон ин намоишномаро як равияи нав дар санъати театрии ҷаҳон унвон карданд.
Баъдан, намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» дар Фестивали 10-уми байналмилалии театрҳо, ки бо номи «Шери тиллоӣ» дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина баргузор гардида буд, пешниҳоди тамошобинон гардид, ки ин намоишнома ба коргардони он Мирзоватан Миров шуҳрати беандоза овард. Инчунин, таҳияи намоишномаи «Фирдавсӣ»  аз рӯи асари Меҳмон Бахтӣ, ки дар театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузошта шуд, таҳовулоти бузургеро ба миён овард.
    Мирзоватан Миров- ҳунарпеша
Ӯ дар риштаи актёрӣ низ шуҳрат ёфта, ҳамчун ҳунарманд дар намоишномаҳои «Писари калонӣ»-и А. Вампилов, «Се хушдор»-и А. Баҳорӣ, «Сафар Амиршоев»-и Турахон Аҳмадхонов, «Раиси сенздаҳум» ва «Падаршоҳи вопасин»-и А. Абдулин, «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло нақшҳои асосиро бозидааст.
Мирзоватан Миров аз ҳунармандони ангуштшуморест, ки нақши доҳии пролетарҳои ҷаҳон  В. И. Ленинро бо маҳорати баланд иҷро намудааст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишномаҳои театрии «Табиби зӯракӣ», «Қатораи охирин», «Салом, падарони азиз», «Зани оҳанин», «Раъно» ва «Найрангҳои Скапен» низ  шоёни таҳсин аст.
  Мирзоватан - оҳангсоз
Мирзоватан Мировро бо оҳангҳои эҷодкардааш аз қабили – «Бахтномаи мо»-шеъри М. Ҳайдаршо, «Қадри шоирон»-и Лоиқ Шералӣ, «Атри арзон»-и Зулфия Атоӣ, ки  ба фонди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон дохил шудаанд, дар саросари кишвар мешиносанд. Давоми фаъолияти пурсмараи хеш дар ин ҷода ба шеъру ғазалҳои пурмазмуни Ҳофизи Шерозӣ, Бедил, Саноӣ, Соиби Табрезӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Сайидо, Нодири Нодирпур, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ, Гулназар, С. Аюбӣ, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб оҳангҳои дилошуб бастааст. Мавриди зикр аст, ки сарояндаҳои номдори кишварамон шодравон Одина Ҳошим, Бобоҷон Азизов, Сурайё Қосимова, Ҷумъахон Сафаров, Парда Қосимов, Адолат Комилова, Фотима Тӯраева ва даҳҳо ҳунармандони  кишвар оҳангҳои марғуби эҷоднамудаи ӯро бо маҳорати баланд иҷро намудаанд.
Чуноне ки шодравон Одина Ҳошим аз сафари ҳунариашон бо Мирзоватан Миров ба Эрон ёдовар шуда буд,  шабе пеш аз озмун Мирзоватан Миров ба ғазали шоири шаҳири эронӣ Нодири Нодирпур «Куҳандиёро» оҳанги хеле пурмазмуну ҷаззоб эҷод мекунад ва рӯзи дигар ин суруд дар иҷрои  Одина Ҳошим пешкаши тамошобинон мегардад. Лаҳзаи ҳунарнамоии санъаткори машҳур ҳама аҳли толор аз ҷой бархоста, зери қарсакзаниҳои пурмавҷ ин сурудро баробари устод Одина Ҳошим замзама мекарданд;
Куҳандиёро, диёри ёро! 
Дил аз ту кандам, вале надонам,
Ки гар гурезам, куҷо гурезам,
В-агар бимонам, куҷо бимонам….
   Дарвоқеъ, тавсифи ҳаёту фаъолияти эҷодию ҳунарии Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳии Рӯдакӣ, устоди устодони саҳна Мирзоватан Миров хеле домандор аст. 
Мирзоватан ба ҷуз ҳунарманди асил будан дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ ва истеъдоди баланди роҳбарӣ аст. Соли 1998 сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва солҳои 2002-2011 раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон низ буд. Ба ҳайси овозхон, роҳбари бадеӣ ва коргардон ба бисёр кишварҳои ҷаҳон  Афғонистон, Эрон, Лаос, Нидерландия, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Муғулистон ва Олмону Фаронса сафарҳои ҳунарӣ намудааст.
Мирзоватан Миров соли 2005 дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳунармандони афғон аз фанни режиссёрӣ  ва маҳорати актёрӣ дарс гуфта, ҳамзамон, дар ин давра дар театр-студияи «Офтоб» аз рӯи асари Нур Табаров намоишномаи «Тарс»-ро дар якҷоягӣ бо ҳунармандони Афғонистон таҳия намуда, пешкаши тамошобинон мегардонад. Солҳои 2007-2012 дар Фестивали байналмилалии мусиқии «Гули сурх» дар шаҳри Мазори Шарифи кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати роҳбари бадеии гурӯҳҳои гуногун ва чун овозхон иштирок намуда, лауреати Фестивали байналмилалии мусиқии “Гули сурх” гардид.
Соли 2012 бо даъвати Вазорати иттилоот ва фарҳанг, Бунёди фарҳангу ҷомеаи мадании Афғонистон ҳамчун устоди бахши режиссёрӣ як сол дар шаҳри Кобул фаъолият бинмуда, ин муддат дар рушди санъати театрии кишвари ҳамсоя саҳми арзанда гузоштааст. Айни замон ӯ ба ҳайси коргардони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва устоди режиссюра ва маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият дорад. Устод Мирзоватан Миров муаллифи се китоб- «Ману саҳна», «Афғонистон- пойгоҳи меҳр» ва «Равшангари дилҳо» мебошад. Умуман, ин ҳунарманди маъруф дар рушди соҳаи санъату фарҳанги кишвар хизматҳои бузургу мондагоре анҷом дода, ба қавли шоир: 
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.
                                                         Аъзамҷон Бобозода, 
 Бохтар- Душанбе- Бохтар
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019